Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар даҳгонаи беҳтарин минтақаи сайёҳӣ дар мақоми аввал қарор гирифт

Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар даҳгонаи беҳтарин минтақаи сайёҳӣ дар мақоми аввал қарор гирифт

17-01-2020, 10:14
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар даҳгонаи беҳтарин минтақаи сайёҳӣ дар мақоми аввал қарор гирифтДар назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишварҳои беҳтарини саёҳат, шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намудааст.

Мавриди зикр аст, ки занҷираи тиҷоратии машҳури Шоҳроҳи Абрешим дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони алоқаманди саёҳатҳои саргузаштӣ қарор гирифтааст. Шаҳрҳои қадим, бозорҳои пурғавғо ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ шумораи зиёди сайёҳонеро, ки ҷӯёи ҳодисаю воқеаҳо дар ин масири таърихии машҳур мебошанд, торафт бештар ба худ ҷалб менамояд.

Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми соддагардонидашудаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё, инчунин бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори минтақаи даҳгона қарор гирифтаанд.

«Дар байни шаҳракҳое, ки аз хиштҳои гилӣ бунёд гардидаанд, шумо қаторкӯҳҳои Фон, Помир, Олой ва Тиёншонро убур карда, ба кӯлҳое, ки дар баландкӯҳҳои дастнорас ҷойгиранд, меравед ё аз меҳмоннавозии саховатмандонаи оилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ лаззат мебаред ва ё бо манзараҳои дилфиреби кӯҳҳо меравед. Низоми такмилёфтаи шоҳроҳҳо ва роҳҳои оҳан сафарро назар ба панҷ соли пеш бароҳаттар менамоянд» — чунин менигорад маҷалла.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми имсола зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: