Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПИСАРАМРО БО АЙБИ ТАБИБОН АЗ ДАСТ ДОДАМ, АММО...

ПИСАРАМРО БО АЙБИ ТАБИБОН АЗ ДАСТ ДОДАМ, АММО...

16-01-2020, 12:56
Хабарро хонданд: 476 нафар
Назарҳо: 0
Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПИСАРАМРО БО АЙБИ ТАБИБОН АЗ ДАСТ ДОДАМ, АММО...
Ман Шуҳрат Ҳомидов, истиқоматкунадаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошам. Тобистони соли гузашта аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии табибон фарзанди хурдсоламро аз даст додам.
22 июни соли 2018 фарзандам Муҳаммадҷон Ҳомидовро (соли таваллудаш 2.12.2014) ба Маркази саломатии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, ба табиби бемориҳои сироятии марказ Тоҷиниссо Абдураҳимова ташхисро нишон додам. ӯ кӯдакро дида чунин гуфт: “Бемориаш на онқадар вазнин аст, шумо метавонед, фарзандатонро дар хона табобат кунед” ва дору навишта дод. Мо давоми як ҳафта дар хона кӯдакро табобат кардем, аммо ягон беҳбудӣ нашуд, баръакс зардии чашмонаш зиёд шуд. 29 июни соли 2018 фарзандамро ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе” бурдам. Беморро мудири шуъба Раҳим Қиматов қабул кард, дар он ҳолат кӯдак худро наѓз ҳис мекард. Баъди нисфирӯзӣ ба айёдати кӯдак омадам ва аз оилаам пурсон шудам, ки духтур Қиматов Р. омада, аз ҳолу аҳлови кӯдак хабар гирифт? Ҳамсарам дар ҷавоб гуфт: “Касе ба назди мо наомадааст”. Ба сардухтури беморхона муроҷиат намуда, гуфтам, ки то ҳол аз аҳволи кӯдаки бемор касе хабар нагирифтааст. Баъди суханони ман бо супориши сардухтур кӯдакро дар шуъбаи эҳё хобониданд. Гумон мекунам, ки вақте ба сардухтур муроҷиат кардам, ин рафтори ман ба духтур Қиматов Р. писанд наомад.
Дар шуъбаи эҳё кӯдак аз тарси гузаронидани сӯзандору ба гиря даромад, аз духтур Азимов ва ҳамшираҳо хоҳиш менамуд, ки ӯро сӯзандору накунанд. Аммо баъд аз чанд лаҳзаи сӯзандору гузаронидан кӯдакро яку якбора хоб бурд. Саҳари рӯзи дигар ба беморхона рафтам ва аз ҳамсарам аҳволи кӯдакро пурсон шудам, ӯ гуфт, ки кӯдак тамоман бедор нашудааст. Дар ҳамин ҳол аз духтур Азимов пурсон шудам, сабаби бедор нашудани фарзандам дар чист? Духтур Азимов чунин посух дод: “Фарзанди Шумо дар ҳолати комма қарор дорад”. Ин хабарро шунида ҳамаи мо дасту по хӯрдем. Вале худи ҳамон рӯз ҳангоме, ки ҳамшира аз пои кӯдак сӯзандору гузаронид, кӯдак дод заду боз хобаш бурд ва баъди се рӯз ба ҳуш омад. Баъди ба ҳуш омаданаш, худро хуб ҳис мекард, хурду хӯрокаш хуб шуд, гап мезад. Мо аҳли оила ҳолати нисбатан хуби фарзандамонро дида, хурсанд шудем ва миннатдории худро ба табибон баён кардем. Духтур Қиматов Р. низ ба мо гуфт, ки кӯдак худро наѓз ҳис мекунад ва ҳамин тавр ӯро аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷраи беморӣ (палата) гузаронд. Ба духтур Қиматов Р. гуфтам, агар саломатии фарзандам хубтару беҳтар шуда бошад, моро ба хона ҷавоб диҳед, дар ҷавоб чунин посух дод: “Ҳоло вақташ нашудааст”. Ташхисҳои кӯдакро дар Дармонгоҳи №1-и шаҳри Душанбе, озмоишгоҳи тиббии “Диамед”, “Қарияи боло” ва Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе супоридем, натиҷаи ҷавоби ташхисҳо як хел баромад, яъне гепатити “А”. Баъди аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷра гузаштан, тамоми аъзои бадани кӯдак варам кард, ҳатто чашмонашро кушода наметавонист. Ин ҳолатро ҳамсарам дида, ҳамшираро даъват карда, ба ӯ нишон медиҳад ва пасон ҳамшира духтурҳоро даъват мекунад ва онҳо байни худ машварат намуда, ба кӯдак сӯзандору мегузаронанд ва баъди сӯзандору ӯ чашмонашро мекушояд.
Дар муддати 24 рӯзи дар беморхона будани фарзандам ӯро бо дору табобат мекарданду халос, ҳангоми баланд шудани ҳарорати баданаш сӯзандору мегузарониданд. Саломатии фарзандам рӯз то рӯз бад шудан гирифт, аммо духтур Қиматов Р. ба ин аҳамият намедод. Вақте ки писарамро дар Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ, бистарӣ карданд, билирубаш ба 133,5 расида буд. Дар ин муддат, ба ҷои он ки билирубин паст шавад, рӯз то рӯз баланд мешуд. Духтур Қиматов Р. нисбати вазифаи худ хунукназарона рафтор намуда, ба саломатии кӯдаки бемор аҳамияти ҷиддӣ намедод. Бегоҳии 23 июли соли 2018 духтур Қиматов Р. ба ман занг зада, гуфт, ки фарзанди шуморо ба Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” мебарем ва ҳамин тавр ҳам шуд. 24 июли соли 2018 мо ҳамроҳи духтур Қиматов Р. ба “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” ба назди духтур Ҷамолиддин Пӯлодов рафтем. Духтур Пулодов Ҷ. кӯдакро ташхис карда, бо картаи тиббии беморӣ (история болезни) шинос шуда, барои гузаронидани ташхис роҳхат дод, ҷавоби ташхис бад баромад ва боз ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ баргаштем. Рӯзи дигар мо ба назди мудири шуъбаи эҳё Нурулло Исломов даромадем, ӯ ба мо гуфт: “Фарзандатонро ба хона баред ва дар хона табобатро давом диҳед, чунки дар беморхона бемориҳои сироятӣ бисёранд, боз ягон инфексия нагузарад. Дар ҳолати вазнин шудани саломатии кӯдак метавонед баргашта, ба беморхона биёед, мо Шуморо қабул мекунем”. Ҳамин тавр, мо кӯдакро гирифта, ба хона рафтем.
Ҳамон рӯзе, ки фарзандамро ҷавоб доданд, ман барои гирифтани ҷавоби тахшиси тиббӣ ба Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” рафтам, ҷавоби ташхис бад баромад. Ҷавоби ташхисро гирифта, ба духтур Пулодов Ҷ. нишон додам. Духтур Пулодов Ҷ. дида ба ҳайрат афтода, гуфт: “Чи хел фарзанди Шуморо бо ташхиси бад ба хона ҷавоб доданд”. Ҳамин тавр, 26 июли соли 2018 фарзандамро дар “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” бистарӣ кардем. Духтур Пӯлодов Ҷ. дар назди сардухтур, табобати кӯдакро ба зиммаи худ гирифт. Баъди 14 рӯзи табобат фарзандам худро наѓз ҳис мекард ва ҳаматарафа хуб буд. Духтур Пӯлодов Ҷ чакаки “Реосорбилакт”-ро таъйин намуд. Ҳангоме ҳамшира чакаки “Реосорбилакт”-ро мечаконд, кӯдак безобита шудан мегирифт, аз ҳамшира пурсидам, чаро ӯ бетоқат шуд? Ҳамшира гуфт: “чакак дардманд мебошад” ва чаконданро идома дод, кӯдак ба партофтан даромад. Рӯзи дуюм дар рӯи кӯдак нуқтаҳои сурх пайдо шуд, аз ҳамшира пурсон шудам, ки чӣ аст, ҳамшира гуфт, ки “кӯдакро хомӯшак газидааст”. Рӯзи дигар низ чунин табобатро давом доданд, нуқтаҳои сурх бошад, калон ва рангаш сиёҳ шуд. Ман писарамро бардошта, ба назди духтур Пулодов Ҷ. Оварда, ба ӯ нишон додам. Аммо ӯ ин ҳолатро дида гуфт: “нафаҳмидам”. Ранги ахлоти кӯдак низ таѓйир ёфта, сиёҳ шуда буд. Табибон барои дида баромадани гемоглабин ташхис гузарониданд ва гуфтанд, ки гемоглабин 116 аст. Рӯзи дигар ташхис нишон дод, ки гемоглабин аз 116 ба 84 фаромадааст ва ҳамин тавр, рӯзҳои баъдӣ ба 62 ва яку якбора ба 44 фаромад. Ба ман гуфтанд, ки дар бадани кӯдак хун кам мондааст, хатман хун дастрас кунам. Баъди чакондани хун, кӯдак худро наѓз ҳис карда, ба хӯрокхурӣ даромад. Дере нагузашта, боз саломатии кӯдак бад шуд ва ӯ аз дарди шикам, ва талхии даҳон шикоят мекард. Аз соати 18:00-и бегоҳ то 2:00-и шаб, ки фарзандам бетоқат шуда, гиря мекард, ҳамсарам аз ошёнаи сеюм ба берун, аз берун
ПИСАРАМРО БО АЙБИ ТАБИБОН АЗ ДАСТ ДОДАМ, АММО...
ба ошёнаи сеюм мефаромаду мебаромад, ҳамшира раҳмаш омада, соати 2:00-и шаб ба ман занг зада, гуфт, ки писаратон гиря дорад, илтимос биёед, шуморо дида, шояд ором шавад. Ба беморхона рафта дидам, ки фарзандам зиёд бетоқатӣ намуда, гиряву нола дорад. Вале мутаассифона ҳамон лаҳза дар беморхона ѓайр аз ҳамшира дигар касе ҳузур надошт, яъне духтури навбатдор дар ҷои кориаш набуд. Он шаб то дамидани субҳ аз берун ба ошёнаи сеюм, аз ошёнаи сеюм ба берун, навбат ба навбат бардошта, гаштем, аммо ягон духтур ҳозир нашуд. Тахминан соати 9:30 дақиқа духтур Пӯлодов Ҷ. ба кор омада, моро дар саҳни беморхона дида, гуфт: “Кӯдак чӣ хулиганӣ дорад”. Ба духтур гуфтам, имшаб аз дард кӯдак то саҳар хоб нарафт. Беаҳамиятии духтур Пӯлодов Ҷ. рӯз то рӯз зиёд шудан гирифт ба суханони ман гӯш надода, ба утоқи кории худ рафт. Ҳангоми аз берун ба дохил ворид шудан, бо сардухтур рӯ ба рӯ шудем. Сардухтур ваъзияти кӯдакро дида, ӯро дар ҳол ба шуъбаи эҳё гузаронд, ҳамон лаҳза мо фаҳмидем, ки шуъбаи эҳё вуҷуд дорад, барои чӣ барвақтар нагузаронданд? Мо фаҳмидем, ки аллакай дер шуд, духтурҳо байни худ маслиҳат намуда, “Плазма”-ро аз ҳисоби беморхона чакониданд. Аммо аллакай дер шуда буд ва бо ҳамин фарзандам дар шуъбаи эҳё ба ҳалокат расид.
Пас аз муроҷиати ман масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи кӯдаконаи №5, муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе–Раҳим Қиматовро 800 сомонӣ ва табиби гастроэнтерологи шуъбаи бемориҳои кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”–Ҷамолиддин Пӯлодовро 1000 сомонӣ ҷарима намуда, нисбати мудири шуъбаи кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”–Сангимурод Мирзораҳматов ва табиби бемориҳои сироятии Маркази саломатии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе–Тоҷинисо Абдураҳимова муҷозоти интизомӣ “танбеҳ” эълон карданду халос.
Дар асоси гуфтаҳои боло аз масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҳолати мазкурро бори дигар мавриди санҷиш қарор дода, нисбати онҳое, ки дар рафти ташхису табобати фарзанди ман ба хунукназарию беаҳамиятӣ роҳ додаанд, чораҳои зарурӣ андешанд. Бигзор, ба онҳо ҷазои сазовор дода шавад, то чунин хунукназарӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти дигаре нагардад.

Шуҳрат ҲОМИДОВ,
истиқоматкунадаи ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: