Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

11-01-2020, 14:50
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
10 январ вохӯрии кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муродулло Давлатзода, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки аз паём то паём марҳилаест, ки қадамҳои гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт баҳогузорӣ ва ҷамъбаст карда мешавад. Пешравиҳо дастгирӣ ёфта, камбудиҳо ошкор ва бартараф мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми худ дастовард ва камбудиҳои соли 2019-ро ёдовар шуда, барои пешрафти бештари соҳаҳои гуногуни кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба самтҳои стратегии кишвар бартарӣ дода шуд. Яке аз ин самтхо барномаҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба истиқлоли энергетикӣ буда, ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун яке аз авлавиятҳои Ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад. Дар соли 2019 ба кор даровардани ду агрегати он яке аз бузургтарин дастовардҳои кишвар дар замони истиқлол арзёбӣ гардид. Ҳукумати кишвар таъмини мардум бо нерӯи барқро вазифаи муҳимми худ дониста, дар партави Паёми Сарвари давлат дар ин самт чораҳои муассирро рӯи даст гирифтааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки яке аз хусусиятҳои Паём ин буд, ки он аз баррасии масоили сиёсӣ, таҳлили вазъи иҷтимоию cиёсӣ ва амниятии кишвар ва минтақа оғоз шуда, Сарвари давлат дар суханронии худ дар бораи авзои мураккаби манотиқи гуногуни дунё, махсусан Шарқи Наздик ва Афғонистон изҳори назар кард.

Дар поёни вохӯрӣ Муродулло Давлатзода зикр намуд, ки Вазорати корҳои хориҷӣ пешбарандаи сиёсати хориҷии кишвар буда, бояд барои фарогир ва ҷаҳонӣ шудани даъватҳои Пешвои миллат ва андешаҳои созандаи ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: