Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд

Дар конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд

19-11-2019, 11:16
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Дар конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд18 ноябр Конференсияи XXII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

То оғози Конференсия дар толор тавассути проэктор сабти наворҳо аз ҷараёни суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII ҲХДТ пешкаши вакилон карда шуд.

Дар кори Конференсия узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, 280 нафар вакилон, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан», фаъолон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори конференсия оғоз намуданд.

Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зерин: ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва ғайраро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Аз рӯи масъалаи якум Орзу Ҳамидиён маърӯза намуда, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб низ чун дар тамоми Тоҷикистон ҲХДТ дорои мавқею обрӯ ва ҷонибдории устувори сокинон буда, Кумитаи иҷроия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Анҷумани ХII, Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки давоми ин солҳо сафи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб 1229 нафар зиёд карда шуда, 38 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуданд.

Зимни музокира узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия Баҳром Иноятзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Неъматулло Иброҳимзода, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Исмоил Шафиев ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи «Ориёно» Алихон Кучаров ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

Сипас тибқи масъалаи дуюми рӯзнома раиси комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Наргис Қурбонзода дар бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.

Аз рӯи масъалаи сеюм роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода оид ба фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ давоми 2,5 сол ҳисобот дод.

Зимни баррасии масъалаҳои чорум ва панҷум низ бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иборат аз 31 нафар ва комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар интихоб карда шуданд.

Ҳамзамон дар баробари баррасии масъалаҳои Конференсия, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ҳайати нав баргузор гардид, ки дар он тибқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТДар конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд дар шаҳри Кӯлоб интихоб шуда, ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб аз 11 декабри соли 2019 то 22 феврали соли 2020 тасдиқ гардид.

Инчунин барои хизматҳои арзанда дар рушду нумуи диёр, кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғаффор Раҳмонзода бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия ва маҷлиси Кумитаи иҷроия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: