Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуд

Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуд

25-10-2019, 13:51
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул намуд
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ин ниҳод пешниҳод карда буданд, қабул намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни шарҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои нави батанзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ гардидааст.

Ба гуфтаи мавсуф, Қонуни мазкур аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба авф фарқ карда, тибқи маълумоти пешакӣ, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шахсони ҷиноятсодирнамуда татбиқ карда мешавад.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонун аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 6-и он ба танзими ҳуқуқи масъалаҳо оиди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва аз муҳлати боқимондаи адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагон бахшида шудааст.

«Аз рӯи маълумоти пешакӣ, бо татбиқи моддаҳои мазкур тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандаҳо, 3 ҳазору 100 нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ва 3 ҳазор нафар маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд», — афзуд Юсуф Раҳмон.

Инчунин, — гуфт Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 4 ҳазору 500 нафар маҳкумшудагоне, ки нисбаташон ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда татбиқ шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба иттилои мавсуф, ҳамин тариқ, тахминан 11 ҳазору 200 нафар шасони дар боло зикршуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки тибқи лоиҳаи Қонун аз 300 нафар заноне, ки дар муассисаҳои ислоҳии занона адои ҷазо доранд, 165 нафар ва аз 75 нафар ноболиғоне, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ адои ҷазо доранд, 58 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарҳи пурраи моддаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар ҳузури вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки мардони аз синни 55 боло, маъюбон, шахсони гирифтори бемориҳои вазнин, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ, — гуфт Юсуф Раҳмон, аз рӯи маълумоти пешакӣ муҳлати ҷазои адо нагардидаи зиёда аз 8 ҳазору 800 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.

Оид ба масъалаи мазкур вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: