Парлумон Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории ҳарбӣ-техникиро тасдиқ намуд6-03-2019, 15:30
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории ҳарбӣ-техникиро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд. Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ инчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хокаю шираи нишоиста ва маҳсулоти ордӣ ва Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмўӣ барои модар ва кўдак»-ро низ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаҳоро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, вакилон Дилрабо Мансурӣ, Анвар Тағоймуродов, Зайнудин Сафаров, Ҳилолбӣ Қурбонзода шарҳ дода, ба тасвиб расониданд. Ёдовар мешавем, ки вакилони мардумӣ дар иҷлосия Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоият барои аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зариф Ализода ва Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Умед Бобозодаро ҷонибдорӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.