Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» мулоқот карданд22-10-2019, 16:19
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
22 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гурӯҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷӣ-иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои пешбурди фаъолияти илмию эҷодӣ ва фарҳангӣ барору комёбӣ орзу карданд. Дар вохӯрии самимӣ оид ба ҳадафҳо ва аҳамияти баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар Душанбе, муносибатҳои неки фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои олам ва нақши Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” табодули андеша сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, фаъолияти хуби ҷамъиятҳои дар хориҷбудаи тоҷикон ва форсизабонон, инчунин саҳми онҳо дар ташаккули фарҳанги ягона баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли зиё даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориро бо доираҳои илмию эҷодӣ ва аҳли фарҳанги кишвари мо ба таври зичу пурсамар ба роҳ монанд ва дар ҷараёни таҷлили ҷашну идҳои миллию байналмилалӣ дар Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд. Зимни мулоқот меҳмонон-иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарму самимӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани кори ҳамоиши илмӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Дар ҳамин ҷо барои саҳми арзишманд дар ваҳдату ҳамбастагии мардумони сайёра, арҷгузорӣ ба аҷдодон, мероси бузурги онҳо ва гиромидошти муқаддасоти фарҳангии ниёгон дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Нишони Бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ” тақдим карда шуд. Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмонон ҷиҳати саҳмгирии амиқ дар инкишофи фарҳанги волою забони ноби тоҷикию форсӣ ва густариши дӯстиву робитаҳои миёни тоҷикону форсизабонон ва халқҳои дигари ҷаҳон муваффақият орзу карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.