Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Куба барқияи табрикӣ ирсол намуданд14-10-2019, 09:20
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Куба самимона табрику муборакбодӣ менамоям. Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ аз ҷониби Парлумони кишвар боз як гувоҳи фаъолияту заҳматҳои созандаву самараноки Шумо ба ҳайси Роҳбари Куба мебошад. Ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди густариши робитаҳои судманд бо Ҷумҳурии Куба буда, ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни ду кишвар итминони комил дорад. Зимнан омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем. Умед дорам, ки Шумо низ дар ин маснади олӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати пешбурди муносибатҳои дӯсти ва ҳамкориҳои миёни кишварҳоямон дареғ нахоҳед дошт. Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Куба пешрафту шукуфоӣ ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.