Барқияи тасаллият ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел19-05-2018, 11:30
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
19.05.2018 08:46, шаҳри Душанбе Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад: «Ҷаноби Олӣ, Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба мардуми дӯсти Куба, ҳамчунин ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, барои осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.