Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тағйироти навбатии кадрӣ

Тағйироти навбатии кадрӣ

2-02-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 577 нафар
Назарҳо: 0
Тағйироти навбатии кадрӣИмрӯз бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ гардид.

Назарзода Рустам аз вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Салимзода Шерхон Одина Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳмонзода Усмон Сабз аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод шуда, ба ҷойи ӯ Ҷумазода Шарифҷон, ки то ин вақт мудири Котиботи сарвазири мамлакат буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин карда шуд.

Ҳокимзода Исматулло Ҳоким бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуд ва ба ҷойи ӯ Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин раиси ноҳияи Шаҳринав таъин гардид.

Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бобозода Ғуломҷон Ҷура Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Абдураҳимов Хайриддин Саидович аз вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Зуҳуров Сайдамир бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ таъин гардид.

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бобоҳоҷиева Лола Садриддиновна бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ озод ва ба ҷойи ӯ Умарзода Саида Ғайрат муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ таъиншуда онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор бояд ҳамеша дар мадди аввал гузошта шаванд.
©khovar.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: