Бехабарии Кумитаи сармоягузорӣ аз амволи ғайриқонунии Кабирӣ ва Назарзода3-02-2016, 16:05
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки «дар бораи дастандаркорони фурӯши ғайриқонунии амволи давлатӣ ба М.Кабирӣ ва А.Назарзода иттилое надорад.»
Раҳбари ин Кумита, дар мавриди амволи ғайриқонунӣ хусусишуда тавассути «Абдуҳалим Назарзода (муовини собиқи вазири мудофиа) ва Муҳиддин Кабирӣ (раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон), 3 феврал ба хабарнигорон изҳор дошт, ки “Айни ҳол дар ин самт тафтишот идома дорад”. Вай афзуд, ки баъди ба тавозуни Кумита ворид намудани амволи ғайриқонунии ин афрод, масъулони Кумита барои чӣ гуна истифода бурдани ин дороиҳо чораҷӯӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияиТоҷикистон як рӯз пеш иттилоъ дода буданд, ки Кабирӣ ва Назарзода дар гузашта даҳҳо амволи давлатиро бо роҳҳои ғайриқонунӣ хусусӣ намудаанд. Бар асоси гузориши Агентӣ 12 биною иншооти хусусигардонидаи Абдуҳалим Назарзода ва наздикони ӯ мавриди бозрасӣ қарор гирифта ва қонунӣ будани тарзи хусусигардонии ин амволи давлатӣ санҷида мешавад. Бинобар гузориши ин ниҳод: “То ба ҳол танҳо дар 8 иншоот муайян шуда, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва анҷоми амалиёт барои ҷалби қарзҳои бонкӣ дар натиҷаи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст”. Дар робита ба дороиҳои Кабирӣ масъулони Агентӣ эълон карданд, ки аъзои гурӯҳи фаврии тафтишотӣ 42 бинои маъмурию маскунӣ,70 номгӯи амволи дигари ӯ ва наздиконашро ошкор кардаанд. ©С. Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.