Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИИА: То «биҳишт» дар минтақа фосила аст

ИИА: То «биҳишт» дар минтақа фосила аст

30-09-2019, 14:25
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
         ИИА: То «биҳишт» дар минтақа фосила аст Қирғизистонро маҳдудиятҳо ба ҳаҷми интиқоли маблағҳо, ки Русия роҳандозӣ кардааст, хуш намеояд. Ин ба меъёрҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИА) мухолифат мекунад. Дар ин хусус сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқолӣ Абулғозиев дар маросими кушодашавии форуми «Ҳафтаи Авруосиёӣ» 25 сентябр изҳорот додааст. ӯ ҳамчунин оид ба зарурияти бунёди бозори озод сухан ронда, пешниҳод кард, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бо сокинони маҳаллии кишварҳои аъзои Иттиҳод баробар шаванд. Мутахассисон ба ин назаранд, ки Қирғизистон мехоҳад аз узвият ба ин ташкилот суди бештаре ба даст орад.
Абулғозиев мегӯяд, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамчунин гардиши озоди сармоя аз масъалаҳои муҳимтарини дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ аст.

Сарвазир мутмаин аст, ки муҳоҷирон дар кишварҳои ИИА бо шаҳрвандони кишварҳои узв бояд ҳуқуқҳои баробар дошта бошанд: «Ин бояд мақсади асосии Иттиҳои иқтисодии Авруосиё бошад. Масъалаи нафақа, суғуртаи тиббӣ, эътироф кардани ҳуқуқи ронандагӣ, диплом ва дигар ҳуҷҷатҳо бояд ба нафъи шаҳрвандони одии Иттиҳод ҳал карда шаванд»,-гуфт Абулғозиев. ӯ қайд кард, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, дар масъалаи интиқоли маблағҳои бадастовардаашон ба Ватан маҳдудият доранд: «Агар барои қирғизистониҳо маблағи маҳдудшуда 100 ҳазор рубли русӣ бошад, барои шаҳрвандони Қазоқистон ин маблағ 150 ҳазор ва барои шаҳрвандони Арманистон 1 миллион рублро ташкил мекунад. Ин чораҳои пешгирифташуда ба меъёрҳои Иттиҳод, аз ҷумла боби 98 Созишномаи ИИА мухолифат мекунанд. Чунин меҳисобам, ки муҳоҷирони ҳар кишвар бояд озод ва бемаҳдудият маблағҳои бадастовардаашонро ба ватанашон равон кунанд, ин масъалаи ҳаётан муҳим барои аъзои оилаҳои онҳост»,-зикр кард Абулғозиев.

Тибқи суханони сарвазири қирғиз, ҳамчунин дар самти гардиши озоди молу хидматрасониҳо мушкилот вуҷуд дорад. «Новобаста аз он, ки шумораи монеаҳо аз 279 дар соли 2016 то ба 16 айни замон коҳиш дода шудааст, сатҳи онҳо то ҳол ба гардиши озоди молу хидматрасониҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҷо манн бояд махсус қайд кунам, ки бозори дохилии худро ҳимоя карда, мо бояд нисбати истеҳсолкунандагони қатории кишварҳои ИИА фикри фарогиртаре кунем. Чунин меҳисобам, ки барои ҳамгироӣ танҳо як роҳ вуҷуд дорад-ин бозори озод аст»,-изҳор дошт сарвазири Қирғизистон.

Раиси Комиссияи иқтисодии ИИА Тигран Саркисян интиқодро пазируфт ва қайд кард, ки дар умум «Қирғизистон аз воридшавӣ ба Иттиҳод умедвориҳои зиёд дошт»:-Чунин ба назар мерасид, ки бо воридшавии Қирғизистон ба ИИА тамоми қазияҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳалли худро меёфтанд. Монеаҳои бюрократӣ бояд бартараф мешуданд. Ин ҷо мо бояд ҳамроҳ кор кунем, то ин ки ин монеаҳоро қадре заифтар кунем. Аз дигар тараф, интизориҳои аз будаш зиёд бо он алоқаманд ҳастанд, ки тоҷирон ба фаъолият дар бозори умумӣ омода набуданд,-мегӯяд Тигран Саркисян.          ИИА: То «биҳишт» дар минтақа фосила аст
Имсол Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё панҷсолагиашро қайд кард. Аммо дар Қирғизистон ҳоло ҳам оид ба зарурияти ворид шудани кишвар ба ин ташкилот баҳсҳои тезутунд давом доранд: «Ин вобаста ба он аст, ки воридшавии пурраи Қирғизистон ба ИИА ба амал наомад. Қазияҳои байнифосилавӣ монданд, ки кишвар бояд онҳоро убур кунад»,-иброз дошт мудири шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Кавкази Институти кишварҳои ИДМ Андрей Грозин. Ба андешаи коршинос, қазияҳо ҳастанд ва онҳоро набояд сарфи назар кард, аммо дар навбати аввал ин на қазияҳои бизнеси қирғизӣ бо бизнеси русӣ, белорусӣ ё арманист, балки қазия бо ҳукуматдорони Қазоқистон аст. «Норозигии асосие, ки аз ҷониби қирғизӣ садо медиҳад, ба Нур-Султон равона шудааст. Яъне, ҳам аз ҷониби ҳукумати пешин ва ҳам аз ҷониби ҳукумати ҳозираи Қирғизистон як чиз дар муҳокима қарор дорад: Қазоқистон, ба андешаи Бишкек, маҳдудиятҳои беасос нисбати гардиши мол тавассути сарҳадҳояш ҷорӣ кардааст. Ва норозигии сарвазири Қирғизистон дар навбати аввал ба ҳамтоёни қазоқаш равона шудааст»,-мегӯяд Грозин.

Дар навбати худ Қазоқистон эътироф намекунад, ки маҳдудиятҳо қарори сиёсӣ ҳастанд. «Ҳатто дар авҷи мухолифат, ҳангоме ки президенти пешина (Алмосбек Атамбоев) президенти пешинаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро «диктатори пир» номид, ҷониби қазоқӣ сабаби бастани сарҳадҳоро ҳамчун иқдоми сиёсӣ шарҳ намедод»,-идома медиҳад А.Грозин. Хотиррасон мекунем, ки ҷониби қазоқӣ оид ба зарурияти тартиботи муқаррарӣ дар ҳисоб ва назорати молҳое, ки аз сарҳади қазоқӣ-қирғизӣ мегузаранд, сухан меронд ва далелҳои шайъии воридоти ғайриқонунӣ, реэкспорт ва маҳсулоти ғайриқонунӣ истеҳсолшударо меовард.

Чуноне пештар «Независимая газета» дарҷ карда буд, Қирғизистон дар минтақа аз рӯйи ҳаҷми қочоқи мол мақоми аввалро касб кардааст. Тӯли 20 сол хадамоти гумрукии ин кишвар молҳои аз Ҷумҳурии Мардумии Чин воридшударо дар маблағи уумумии 11,64 миллиард доллар ба қайд гирифтааст. Аммо дар навбати худ хадамоти гумруки чинӣ ҳисоб кардааст, ки тавассути сарҳад ба Қирғизистон дар ин давра ба маблағи 61,667 миллиард доллар мол интиқол дода шудааст. Фарқият 50 миллиард долларро ташкил медиҳад. Давраи соли 2017 хадамоти гумрукии қирғиз ба маблағи зиёда аз 1,5 миллиард доллар молҳои чиниро ба расмият даровардааст, аммо хадамоти чинӣ изҳор медорад, ки ба ҳамсоякишвар ба маблағи 5 миллиарду 337 миллион доллар молу маҳсулот гузаштааст. Фарқият-қариб 3,9 миллиард доллар. Дар муддати ҳамин 20 сол аз Туркия ҳаҷми воридот 1,129 миллиард долларро ташкил дод. Вале хадамоти туркӣ хабар медиҳад, ки ба маблағи 2,968 миллиард доллар молу маҳсулот ба ҳамсоякишвари мо равон кардааст. Фарқият 1,839 миллиард долларро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки ба доираҳои манфиатҷӯи дохилии қиғизӣ чунин вазъ хеле дилписанд аст.
Масъалаи қочоқро Қазоқистон дар ИИА бо мақсаде барои муҳокима гузоштааст, то ин ки сарҳади қирғизӣ таҳти назорат гирифта шавад. Гап сари он аст, ки боҷи гумрукӣ ба хазинаи умумии Иттиҳод ворид ва баъд аз рӯйи ҳиссаҳои муайяншуда тақсимот мегардад. То соли 2020 ҳиссаи Қирғизистон дар ғундоштани боҷи гумрукии ИИА 1,9% ташкил медиҳад, ки дар воқеият аз ғундоштани гумрукӣ зиёд аст. Яъне, Қазоқистон, Русия ва Белорус аз ҳисоби маблағҳои худии гумрукӣ буҷаи Қирғизистонро сармоягузорӣ мекунанд. Ба ақидаи Андрей Грозин, ҷониби қирғизӣ аз иштирокаш дар ИИА мехоҳад ҳарчи зиёдтар суд ба даст орад: «Айни замон дар Иттиҳод масъалаи аз сари нав дидани квотаҳо ба воридоти андоз ба буҷаи умумӣ истодааст. Ҷониби қазоқӣ, ҳоло дар сатҳи коршиносӣ (на сиёсӣ), мегӯяд, ки ҳиссаи Қирғизистон аз будаш зиёд аст. Изҳороти сарвазири қирғиз Абулғозиев ин роҳандозии принсипи «ҳифозати беҳтарин-ҳуҷум» аст. Ё ин ки, чуноне дар Шарқ мегӯянд, «буз мехоҳӣ-шутур бипурс». Бозори шарқиро ҳеҷ кас инкор накардааст ва он дар муносибот миёни кишварҳои мо вуҷуд дорад»,-гуфт дар хотима Андрей Грозин.
Моҳи маи соли равон Созишнома оид ба ИИА 5 солро пур кард. Тибқи гузориши расмии ташкилот, солҳои охир кишварҳои узв ба баландшавии савдои дохилӣ даст ёфта, иқтисодиёти онҳо динамикаи хубро нишон медиҳад. Гуфта мешавад, ки савдои хориҷии кишварҳои Иттиҳод соли 2018 ба 18,8% зиёд шуда, маблағи 753,4 миллиард долларро ташкил дод. Савдои дохилӣ ба 9,2% зиёд шуда ба 59,7 миллиард доллар расидааст, ММД-и кишварҳои аъзо ба 1,8% зиёд шудааст. Дар баробари ин, ҳаҷми рушди иқтисодиёти ИИА аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ ҳоло пасттар аст, ки бархе коршиносонро водор мекунад ба самаранокии ин ташкилот бо шубҳа нигоҳ кунанд. Ғайр аз ин, қазияи қочоқ ва реэкспорт (интиқоли моли кишварҳои дигар ҳамчун «моли худӣ» ва ба даст овардани фоида), норозигии истеҳсолкунандагони дохилӣ аз имтиёзҳо ба «меҳмонони дӯст» (асосан дар Арманистону Қирғизистон) ва дигар масъалаҳои мураккаб ин ташкилотро домангир аст. Аз он дар замони гуногун на танҳо Қирғизистон, балки Арманистон, Белорус (махсусан танқиди сарвари он Александр Лукашенко хеле боҳаяҷон буд), Қазоқистон ва худи Русия шикоят кардаанд. Коршиносон ба ин назаранд, ки ин ташкилот пеш аз ҳама на иттиҳоди иқтисодӣ, балки сиёсиро мемонад, ки бо иродаи сарварони давлатҳои узв побарҷост. Ғайр аз ин, таъсироти беруна, асосан таҳримҳои ҷоринамудаи ҷоринамудаи Ғарб алайҳи Русия, ки ба иқтисодиёти он зарбаи, метавон гуфт, дарднок задаст, ба фаъолияти Иттиҳод низ таъсири манфӣ расонидааст.
Чуноне мебинем, назарҳо мутафовит ҳастанд. Як чиз яқин аст: аз оне, ки атрофи ИИА устурасозӣ ҳам мекунанд, механизми фаъолияти он то ба охир коркард ва ҳал нашудааст ва мушкилот дохили он дида мешавад. Изҳороти сарвазири Қирғизистон танҳо як намуна аз он аст. Тақдири ояндаи кӯшиши ҳамгироии иқтисод (ва сиёсӣ)-и ин кишварҳои пасошӯравӣ, то чи гуна самаранок ва ё ноком будани ИИА-ро вақт нишон хоҳад дод
Таҳияи
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: