Баҳси ҳамсояҳо23-11-2017, 08:30
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Қирғизистон созишнома бо Қазоқистонро бекор кард
Парламенти Қирғизистон бо бекор кардани созишномаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон, ки дар чорчӯби Иттиҳоди АвруОсиё ба имзо расида буд, ҷанҷоли ду кишварро боз ҳам решадор намуд. Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки баҳси сарвазирони ду кишвар дар ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони ИДМ, чанд ҳафта пеш дар Тошканд нигарониҳоеро дар ду кишвар ва инчунин дар ҷомеаи Осиёи Марказӣ бор оварда буд. Чунин ба назар мерасад, ки бо бекор шудани ин созишнома роғи пайдошуда дар муносибатҳои дуҷониба торафт васеътар мешавад. Ин вазъият масъалаи интегратсияи иқтисодии Қирғизистонро дар доираи АвруОсиё барои як давраи номаълум ҳалношуда боқӣ мегузорад. Ҳоло ин нукта ҳам дигар барои мақомоти қирғиз аҳамияти камтар дорад, ки аз якуми январи соли 2018 аъзои ин иттиҳод Қонуни нави гумрукиро мавриди иҷро қарор медиҳанд. Бекор шудани Созишномаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон барои ҳамгироӣ бо кишварҳои дигари аъзои АвруОсиё боз ҳам ба намоиш гузоштани ҳамон мавзеъгирии раҳбари кунунии Қирғизистон Алмазбек Отамбоев нисбат ба ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев аст. Муносибатҳои ду кишвар дар марҳалаи омодагиҳо ба интихоботи президентӣ дар Қирғизистон ва махсусан пас аз суханроние, ки 10 октябри соли 2017 Отамбоев дар ҳузури интихобкунандагон дар маркази вилояти Бодкент дошт, бад шуд ва ба ҳолати низоъ даромад. Отамбоев дар он вохӯрӣ Қазоқистонро ба дахолат дар раванди интихоботи кишвараш айбдор намуда, бо ишора ба бузургсолии Нурсултон Назарбоев гуфт, ки номзади ҷавон ба худи қазоқҳо лозим аст на ба Қирғизистон, ки ҳам президент ва ҳам номзадҳояш даҳсолаҳо аз раҳбари давлати ин кишвари ҳамсоя ҷавонтар ҳастанд. Казоқистон бар асоси ин созишномае, ки бекор шудааст,100 миллион доллар ба шакли ёрии молии бебозгашт барои лоиҳаҳои инфрасохтории Қирғизистон бояд ҷудо мекард. Ин маблағ барои таҷҳизи техникии хадамоти гумрук, вазорати ҳолатҳои фавқулода, бунёди озмоишгоҳҳои нави ветеринарӣ дар марз, таҷҳизи маркази стандартизатсия ва метрологияи Қирғизистон бояд харҷ мешуд. Мақсад аз иҷрои тарҳи ёриҳо беҳбуд бахшидан ба заминаи ҳамкории Бишкек бо шарикони иқтисодии худ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буд, ки сарони кишварҳои аъзо дар нишастҳои муштараки худ ба созиш расида буданд. Мақомоти қирғиз ҳоло расман сабаби бекор кардани ин санадро ба вақти таъиншуда ҷудо нагардидани бахши аввали ин ёрии молӣ дар ҳаҷми 41 миллион доллар эълон кардаанд. Иҷрои бахше аз тарҳи номбурда бо тамоми ҷузъиёту тадбирҳои лозим, ки аз сӯи Қирғизистон барномарезӣ ва омода шуда буд, дар ин рӯзҳо бояд мавриди иҷро қарор мегирифт. Аммо бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз сӯи Қазоқистон дар амалӣ шудани он мушкил пеш омад. Дар ҷаласаи парламенти Қирғизистон ҳангоми овоздиҳӣ аз 120 вакил 105 нафар сари вақт ҷудо нагардидани бахши аввали пулро сабаб дониста, ба тарафдории бекор кардани созишнома овоз доданд. Вазири иқтисоди Қирғизистон Артём Новиков вақти баррасии мавзӯъ дар ин ҷаласа гуфт, ки то моҳи августи соли 20017 тадбирҳои марҳалаи аввали тарҳ бояд ба иҷро мерасид, вале маблағи лозим нарасид. Акнун давраи мутобиқсозии Қирғизистон ба стандартҳо ва талаботи АвруОсиё барои ду соли дигар тӯл мекашад. Аммо дар чунин вазъият боз ҳам аз куҷо дастрас шудани маблағ барои иҷрои ин тарҳ номаълум боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол на ҳамаи аъзои парламенти Қирғизистон тарафдори бекор шудани ин созишнома буданд. Аз ҷумла Олтиной Омурбекова, муовини раиси парламенти Қирғизистон бар ин назар аст, ки вакилон дар ин кор ба саросемагӣ роҳ доданд. Бояд як муддат интизори беҳбуд ёфтани робитаҳои дуҷониба мешуданд ва баъд дар ин маврид тасмим мегирифтанд. Бино ба хабарҳо, дар Қазоқистон аз ин иқдоми намояндагони маҷлиси кишвари ҳамсоя дар ҳайрат шуданд. Зеро ду рӯз пеш аз тасмигирии парламенти Қирғизистон Сапар Исаков сарвазири ин кишвар ба Остона сафар кард, вале дар дастури кори музокироти дуҷониба бо мақомоти қазоқ ин мавзӯъро ба баррасӣ нагирифта буд. Дар ҳамин ҳол маҳдудиятҳо барои рафтуомад дар сарҳади ду кишвар идома дорад. Ин тадбир пас аз суханҳои пасту баланд ва танқидии Отамбоев нисбати Президенти Қазоқистон аз сӯи мақомоти Остона ба хотири таъмини амнияти марзӣ ба иҷро даромад. Бино ба омори расмӣ, тайи моҳҳои ахир рафтуомад аз тариқи гузаргоҳи марзии ду кишвар 2,5 баробар кам шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар марз тарафи Қирғизистон бештар зиён мебинад, зеро акнун садҳо мошини борбар ба хотири аз марз гузаштан навбат мепоянд. Мақомоти Бишкек таҳдид карданд, ки талаби баррасии ин масъала дар Созмони ҷаҳонии савдоро хоҳанд кард. Зеро Қазоқистон назорати марзиро беҳуда ва бо ҳар баҳона сахт шадид кардааст. Таври маълум ҳам Қазоқистон ва ҳам Қирғизистон аъзои СҶС мебошанд. Коршиноси масъалаҳои Осиёи Марказӣ Александр Князев бо мушоҳидаи вазъияти марз чанд рӯз пеш дар саҳифаи фейсбукии худ навишт, ки «Бо вуҷуди маълум набудани чӣ вақт ва чӣ гуна ба поён расидани ин моҷаро қирғизҳо зарари бештар мебинанд. Аллакай онҳо ҳазорҳо ҷои кориро дар Қазоқистон аз даст доданд, алоқаҳои тиҷоратии онҳо бо минтақаҳои гуногуни ин кишвар канда шуд. То ин дам картошкаи қирғиз дар бештари минтақаҳои ба марз наздик фурӯхта мешуд, зеро аз нигоҳи сифат ва маза беҳтар аз картошкаи истеҳсоли вилояти Павлодари худи Қазоқистон буд ва муҳимтар аз ин бо нархи арзонтар фурӯхта мешуд, вале ҳоло ин ҳама аз байн рафт, вазъияти ором ба шакли пештара кай барқарор мешавад, маълум нест». Ба андешаи ин коршинос, ҳамгироии дохили минтақавии кишварҳои Осиёи Марказиро ба ин наздикиҳо нахоҳем дид. Зеро дар ин минтақа ду тамоил ҳоло ба мушоҳида мерасад: Қазоқистону Ӯзбекистон бо ҳам муносиботи наздик барқарор мекунанд ва эҳтимол дорад Қирғизистон бо Тоҷикистон бештар муносибати наздик ба роҳ монад нисбат ба он ки бо ду кишвари дигари ҳамсояи худ дорад. Аммо дар ин ҳолат платформаи умумии салафигароӣ, ки дар Қирғизистон хеле доман паҳн кардааст, барои ҳамсоякишвараш хатарнок хоҳад буд». Ба ақидаи рӯзноманигори қазоқ Султон Акимбоев, пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди АвруОсиё аз як иқдоми иқтисодӣ дида бештар тасмими сиёсӣ буд, зеро иқтисоди Қирғизистон ҳанӯз дар он сатҳе нест, ки ба талаботу шароити муносиби дигар аъзои ин созмон ҷавобгӯ бошад. Пас аз узвияти Қирғизистон ин кишвар ба равзанае табдил ёфт, ки ба воситаи он ба қаламрави кишварҳои аъзои созмон сели маҳсулоти пастсифати хитоӣ ворид мешавад. Ба ақидаи ӯ, узвият ба АвруОсиё имконе барои беҳтар кардани шароити иқтисодии худи Қирғизистон буд, аммо Бишкек дар муддати ду сол шароиту имкони фароҳамшударо барои реэкспорти маҳсулоти истеҳсолшуда дар кишварҳои ҳамсоя, махсусан Чин ба бозори умумӣ истифода бурд ва бо ин амали худ ба минтақа зарари калон расонд. Аз ҷумла бар асоси гузориши хадамоти гумруки Хитой Қирғизистон ҳоло солона дар ҳаҷми 4 миллиард доллар маҳсулот ворид мекунад, аммо Бишкек гузориш медиҳад, ки солона дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ба ин кишвар маҳсулот ворид шудааст. Ин коршинос талоши Қирғизистон барои ҳалли масъалаи маҳдудиятҳо дар марз бо Қазоқистонро беҳуда медонад ва мегӯяд: «Ин кор вақти зиёд ва аз ин муҳимтар пул зиёд мехоҳад, ин ҳар дуро гумон аст, ки кишвари даъвогар ба зудӣ пайдо кунад». Ба андешаи дигар коршиносон ҳам фоидаи реэкспорти маҳсулотро на давлат, балки асосан гурӯҳҳои бақуввати қирғиз ба даст меоранд ва онҳоянд, ки мекӯшанд бурду оварди маҳсулоти қочоқӣ идома ёбад ва бозори сиёҳ саривақт таъмин шавад». Дар ҳамин ҳол ин нуқтаи назар ҳам баён шудааст, ки Қазоқистон аз бекор шудани ин созишнома зиёни камтар мебинад, зеро бар асоси ин тарҳ Остона бояд на пули нақд, балки асосан таҷҳизотро ба Қирғизистон медод. Барои хариди ин таҷҳизот ҳукумати Қазоқистон бояд давра ба давра пул ҷуо мекард. Қирғизистон ба ин ёрӣ зарурат дошт ва бо бекор кардани созишнома ин имконро аз даст дод. Худи ин кишвар барои мутобиқсозию ворид гардидан ба АвруОсиё ин миқдор пул надорад. Аз сӯи дигар, агар мақомоти Қирғизистон мавзеи худро нисбат ба кишари ҳамсоя тағйир надиҳад, эҳтимол аз шароити имтиёзноке, ки Русия ба унвони кишвари дигари узви АвруОсиё барои муҳоҷирони кории қирғиз фароҳам кардааст, маҳрум мешавад. Ҳоло қирғизҳо бо истифода аз ин имтиёзҳо садҳо миллион доллари иловагӣ ба кишвари худ пул мефиристанд. Маблағи аз муҳоҷирон воришуда беш аз сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон аст. Ин маълумоте аст, ки худи ниҳодҳои расмии қирғиз нашр кардаанд. Аммо аз сӯи дигар, ҳузури Қирғизистон дар ин иттиҳод ҷиҳатҳои мусбат барои Қазоқистон дошта, онро ба кишвари байнӣ табдил медиҳад ва боиси тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақаҳои марзии ин кишвар мешавад. Яъне ҳар яке аз кишварҳо, чӣ Русия, чӣ Қазоқистону чӣ Қирғизистон манфиатҳои худро дар АвруОсиё доранд. Аммо ҳоло, ки моҷарои марзӣ то ба ин ҳад расидааст, роҳи асосӣ барои ҳалли низоъ ин аст, ки ҳар ду кишвар ҳар чӣ зуд дар андешаи ҳалли масъала бишаванд. Вале мушкил дар айни ҳол ин аст, ки ҳам Қазоқистон ва ҳам Қирғизистон якдигарро ба риоя накардани қоидаҳои АвруОсиё айбдор мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ҳар ду кишвар ҳам гурӯҳҳои тиҷоратие ҳастанд, ки мехоҳанд қочоқу реэкспорти маҳсулоти хитоиро таҳти назорати худ дошта бошанд. Ба назари коршиносон пеш омадани мушкили рафту омад ва бурду оварди молу маҳсулот аз сарҳади муштараки ду кишвар низ натиҷаи мубориза байни гурӯҳҳои манфиатдор дар гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар аст. Ин андеша ҳам вуҷуд дорад, ки бекор шудани созишномаи ҳамкорӣ бо Қазоқистон ба ҳар ҳол маънои омода набудани ду кишвар ба чунин ҳамкориро надорад, балки танҳо баёнгари он аст, ки гурӯҳҳои манфиатдор намехоҳанд, ки шароити назорати марзӣ байни ду кишвар такмил ва беҳтар гардад. Бекор кардани созишнома дар парламенти яке аз ин ду кишвар фақат баҳонае барои ба як муддати муваққат пешгирӣ аз иҷрои ин тарҳ шудаасту бас. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.