Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нақши китоб дар бунёди оилаи солим

Нақши китоб дар бунёди оилаи солим

23-09-2019, 11:35
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Нақши китоб дар бунёди оилаи солим
Аз қадим китоб ҳамчун ганҷинаи беҳамто, манбаи хирад, заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад, роҳи инсонҳоро бо нуру донишу маърифат равшан месозад. Китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат дар тарғиби мероси гузоштагони мо комёбиҳои бештар ба даст хоҳад овард.
Китоб равзанаест, ки мо тибқи он олами ҳастиро кашф менамоем. Китоб масофаҳоро наздик, хаёлҳоро ба парвоз оварда, олами воқеиро дар пеши чашми одамон зебо, дурахшон манфиатбахшу ҳайратовар инъикос менамояд. Китоб ба хонанда маънӣ медиҳад, одамонро ба кору фаъолият меандозад, зиндагиро дар назарашон пурҷилло нишон медиҳад.
Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа муҳити атроф гирифтааст, аз китобҳои хондаи онҳост. Китоб хубтарину нодиртарин мўъҷизаест, ки Худованд ба одамон ҳадя кардааст. Пас, эҳтиромаш вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳар чӣ қадар, ким о онро азизу муътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат инсофу одамият мекашад. Ҳар ки аз китоб рўй гардонад, вай аз нон рўй мегардонад. Нону китоб дар қурбу қиммат ва манзалат баробарарзиш мебошанд, яке ғизои маъноӣ диҳад, дигаре ғизои тану ҷонро таъмин менамояд. Онҳоро аз ҳамдигар пешу қафо мондан нашояд. Нону китоб қимматтару баланд ва азизу арҷманданд. Маҳз тавассути китоб инсон метавонад оилаи солим бунёд кунад. Оилае, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеаи солим равона бошад, пас, оилаи солим бояд дар маҳвари он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а.в) мефармояд: «Тамоми фарзандони одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст". Чунончи дар урфият ҳам мегўянд, шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рў, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд. Бинобар ин, маҳз тавассути китоб инсон метавонад ба қуллаи мурод ва ба баландтарин нуқтаи орзуву андешаҳо расад.
Саида Хаҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: