Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб оғоз бахшиданд

Президенти мамлакат ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб оғоз бахшиданд

10-09-2019, 10:37
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод» шурӯъ гардид.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Муъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод», Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор карданд. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки ин иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.

Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар ин қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони саодатманди ноҳияи Муъминобод гардида, онҳо барои талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: