Ҳизб ва муҳоҷирони меҳнатӣ23-08-2019, 10:10
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Масоили марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ зимни мулоқоти масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт мавриди баррасӣқарор гирифт.
Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи ҲХДТ дар Федератсияи Русия оид ба шароити зиндагӣ ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҲХДТ муҳоҷирони меҳнатиро дар маркази таваҷҷуҳқарор дода, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин замина масъулини ҳизб бо мақсади мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста ба Русия сафар намуда, барои ҳалли мушкилоти ин қишри ҷомеа фаъолиятро вусъат медиҳанд. Дар мулоқот таъкид шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мебарад ва некуаҳволии тамоми табақаҳои ҷомеа, хоса муҳоҷирони меҳнатӣ меҳвару ҷавҳари фаъолияти ин неруи тавонои сиёсиро дар бар мегирад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.