Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шиносоии Пешвои миллат бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон

Шиносоии Пешвои миллат бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон

22-08-2019, 10:33
Хабарро хонданд: 99 нафар
Назарҳо: 0
Шиносоии Пешвои миллат  бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон
Нимаи дуюми 21 август дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони бинои муосири «Маҷмааи иншооти қабули меҳмонони олиқадр» дар ҳудуди Осоишгоҳи «Баҳористон», воқеъ дар соҳили «Баҳри Тоҷик» ошно шуда, бо коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди бино суҳбат карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, нақшу нигори миллӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон ҳидоят карданд.

Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари давлат дастур доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ дар ҳудуди маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга ва дар роҳравҳо сангҳои ороишӣ шинонида, фаввораҳо, шаршараҳои сунъӣ бунёд карда, ин ҷоро ба як макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.

Дар соҳили «Баҳри Тоҷик» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи моҳипарварии Осоишгоҳи «Баҳористон» бо вазъи соҳаи моҳипарварӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни сафарҳои қаблӣ Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин ҳавз ҳазорҳо адад моҳиҳои навъҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед», «карп» ва ғайраро сар дода буданд.

Дар ҳудуди Осоишгоҳи «Баҳористон» барои таъмини истироҳаткунандагон бо хӯрокҳои парҳезӣ, гӯшт, шир ва тухм, парвариши парранда, чорвои калон ва харгӯш ба роҳ монда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: