Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд

20-08-2019, 16:58
Хабарро хонданд: 165 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамзамон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, пудратчии асосии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр-93” мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудаанд ва дар корҳои сохтмони бинои нав 30 нафар сокинони маҳалӣ бо кор таъмин гардида буданд.

Бинои навбунёди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра ҷароғон ва роҳравҳои атрофи он пурра сафолакпӯш карда шудаанд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз утоқҳои корӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онҳоро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки баъди ба истифода додани бинои нави Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои кормандон шароити мусоиди корӣ ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: