Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АЛИК-МАЛИК Ё ЧАРО БА ҒОРАТИ РӮЙРОСТ ТАВАҶҶӮҲ НАМЕДИҲАД

АЛИК-МАЛИК Ё ЧАРО БА ҒОРАТИ РӮЙРОСТ ТАВАҶҶӮҲ НАМЕДИҲАД

13-08-2019, 11:20
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
АЛИК-МАЛИК Ё ЧАРО БА ҒОРАТИ  РӮЙРОСТ ТАВАҶҶӮҲ НАМЕДИҲАДЧанде қабл, бегоҳии рӯзӣ вақти роҳсипор шудан ба хона дар пиёдароҳаи зери пулӣ маъруф бо номи “мости 46 мк” чашмам ба тудаи одамон афтод. Хостам аз мавзӯи воқеа хабардор гардам. Дар назди он тӯда қарор гирифтам. Аз дохили анбуњи одамон фақат садое ба гуш мерасид:
Хола дар болои ин корт пой гузор сиёҳаш он ҷо аст.
Пай бурдам, ки ин ҳамон қиморбозӣ ва ё горати ҷайбирӯйрости одамон аст, ки тули солиёни дароз боиси нораҳатии нафарони зиёд ё қашшоқ намудани ин ё он нафаре гаштааст.
Хостам ба роҳи худ идома бидиҳам, вале ҳисси кунҷоковӣ қарор нагузошт ва то ба охири ин саҳнаи барои бозингар нороҳаткунанда мунтариз бимондам.
Баробаре, ки зани миёнасоле, пои худро ба болои яке аз се корт гузошт, идоракунандаи он бозӣ бо ҳаммаслакони дар гирду артофашбуда, ҳама пулҳои он занро аз дасташ гирифта гуфтанд: агар ғолиб ойӣ ба сар ҳар як 100-сомоният 100-сомонии дигар зам мешавад. Зан корти дар зери пояш бударо гирифт, чун ҳарвақта маълум буд, ки ба мисли дигар бозингарон бохтааст.
Идоракунандаи бозӣ ба зан гуфт:
Бой доди хола, ба ту ҷавоб.
Зан дар ҳайрат афтода гуфт:
Чихел бой додам пулҳоямро баргардон, ман ки хеҷ гуна бозӣ накардам? Ту худ маҷбурам кардӣ, то ба болои ин корт по гузорам! Пулҳоямро баргардон!
Идоракунандаи бозӣ:
Э хола бой додӣ гуфтам бой додӣ, ба ту ки гуфт поятро гузорӣ! Зан рав аз ин ҷо, ки ҳолат бад мешавад.
Зани бечора пофишорӣ намуд, вале бе натиҷа.Бо қалби шикаста аз назди туда дур рафт.
Воқеан ҳам мушоҳида намудани чунин ҳолат ва дидани қалби реши модаре аз дасти чунин як ҷавонони ғоратгар дар фазои тинҷиву амонӣ боиси таасуф ва нороҳатист.
Ин ягона саҳнаи дилхароши бозии “алик-малик” набуда, чунин ҳодисот шояд зӯзе 10-ҳо маротиба ба миён меояд.
Ҳануз, соли 2008 чунин як ҳолати мудҳиши фардӣ ба яке аз наздикони ман, ки ҳамроҳ ба ноҳияи Варзоб мерафтем, боз ҳам дар 46-ум мк рух дода буд. Он замон, Зебаршо У. ном хашсе, ки бо мо решаи пайвандӣ дорад, донишҷӯ буд. Зимни тамошои бозии “алик-малик” идоракунандагони он, нафари зикршударо бо роҳи фиреб ба бозӣ водор сохта, 120-сомонии дар ҷайбашбударо аз ӯ рабуданд. Барои донишҷӯе аз даст додани ин ҳама маблағ ҳанӯз дар соли 2008 бохти ҷиддие буд.
Бо рӯи қалам овардани ин ҳама сухан, нақли яке аз пайвандони дигарам, ки айни замон даврони пирӣ меронад, пеши назар омад.
Ин нафар зан буда, боре аз мушкилоти рӯзгори худ дар овони қаҳтӣ қисса намуда, гуфт: “хатто боре дар дозии “алик малик”-низ ширкат доштам”.
Зан бо табассум нақл мекард:
Соли 2002, зиндагӣ барои қисми беши сокинони шаҳри Душанбе мушкил буд, ман ба тиҷорати кӯчаки помидор машғул будам. Бегоҳии рӯзӣ вақти аз бозор ба хона баргаштан, ба тудаи одамон рӯ ба рӯ задам, хостам каме ба бозии онҳо назар афканам. Ҷавоне ба ман муроҷиат кард:
“Хола мехоҳи бозӣ кунӣ? Маблағи зиёд кор мекунӣ! Поятро дар болои ин пиёла гузор!”
Ман низ гуфтаҳояшонро иҷро кардам маблағи дар дастам бударо гирифтанд ва дар ниҳоят гуфтанд: хола бой додӣ.
Дар ин ҳолат маро даҳшат фаро гирифт. Ба он ҳама зориву таваллоҳоям аҳамият надода дар як дам аз наздам ғайб заданд.
Аз ин ҳама гуфтаҳо бар меояд, ки чунин як ғорати рӯйрости одамон дар мамалкат таърихи тулонӣ дорад. Хатто чунин бозии ғоратгароиро таи соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд низ мушоҳида карда будам.
АЛИК-МАЛИК Ё ЧАРО БА ҒОРАТИ  РӮЙРОСТ ТАВАҶҶӮҲ НАМЕДИҲАД

Дар воқеъ ҷой доштани чунин мушкилот дар ҷомеае ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони он дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, тартиботи ҷамъиятӣ ҳамаҷониба ҳифз мегардад, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ё чаро чунин амалӣ ғоратгарӣ таи солиёни дароз, ба чашми кормандони қудратӣ намезанад?
Агар даромади идоракунандагони бозии “алик-малик” –ро баршумурем шояд онҳо миллионер шудаанд.
Агар ин тоифа ҳамарӯза аз 10-нафар 100-сомонӣ ғотар кунанд ба ҳисоби миёна рӯзона 1000-сомониро ташкил медиҳад. Дар як моҳ 30-хазор сомонӣ, дар як сол 365 ҳазор сомонӣ ва дар 10-сол 3 6500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Воқеан ҳам идоракунандагони ба қавле ин бозӣ миллионер шудаанд. Аниқтараш тули 10-сол аз сокинони мумлакат 3 6500 сомонӣ ғорат шудаасту, то ба ҳол ин гурӯҳӣ ғоратгар беҷазо мондаанд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: