Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат дар ноҳияи Ховалинг осорхонаи Восеъро мариди баҳрабардорӣ қарор дод

Президенти мамлакат дар ноҳияи Ховалинг осорхонаи Восеъро мариди баҳрабардорӣ қарор дод

8-08-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Президенти мамлакат дар ноҳияи Ховалинг  осорхонаи Восеъро мариди баҳрабардорӣ қарор додДар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, бинокорони маҳаллӣ тавонистанд дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори минатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои Осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маҷуд аст.

Феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти ин қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.

Ҳамчунин пайкараи ин қаҳрамони қалқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба Осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ карда шудааст.

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

Навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: