Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

8-08-2019, 08:55
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Ховалинг Меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро, ки бо тарҳу намои зебо бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст.

Бинои меҳмонхона бо фарогирии иншооти ёрирасон дар масоҳати 2 гектар доман афрохта, дар он шароити муосири қабулу гусели меҳмонон фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонии меҳмонхона моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Дар ҷараёни сохтмон 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 ҳуҷра дар як вақт имкон дорад то 18 нафарро қабул намояд.

Ин иншоот бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои миллӣ оро дода шуда, ба маркази шаҳрак ҳусни дигаре бахшидааст. Барои истироҳату фароғати мизоҷон дар назди меҳмонхона варзишгоҳ ва 3 адад суҳбатгоҳҳо бунёд шудаанд, ки инфрасохтори маҷмааи мазкурро такмил медиҳанд.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди чунин меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Тамоми саҳни меҳмонхона чароғон буда, намои он шабонгоҳ хеле ҳам ҷолибу диданӣ ба назар мерасад.

Фаввораҳо ва дарахтони сояафкан, ки дар саҳни меҳмонхона ва шафати он мавҷуданд, низ ҷузъе аз зебогиҳои ин меҳмонхона мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи «Чилчанор» дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар баробари утоқҳои истироҳатӣ ҳамчунин дар ин меҳмонхона дигар биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона ва ҳаммом мавҷуданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намуданд, ки бояд бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои сайёҳат ба ин инҷо ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов иқдом гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати ҳамин меҳмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: