Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЕКАТЕРИНА ИВАЩЕНКО НАЖОДПАРАСТӢ (РАСИЗМ) АВҶ МЕГИРАД…

ЕКАТЕРИНА ИВАЩЕНКО НАЖОДПАРАСТӢ (РАСИЗМ) АВҶ МЕГИРАД…

2-08-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
ЕКАТЕРИНА ИВАЩЕНКО НАЖОДПАРАСТӢ (РАСИЗМ) АВҶ МЕГИРАД…ПУЛИС МУҲОҶИРОНРО ДАР ЯКЕ АЗ БОЗОРҲОИ МОСКВА ТАФТИШ МЕКУНАД, АКСИ ИЛЯ ВАРЛАМОВА
Дар суди ноҳияи Черёмушкинаи шаҳри Маскав, таърихи 24 июли соли равон парвандаи шаҳрванди Россия Александр Ким мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шояд донистан хоҳед, ки ӯ дар назди «Фемида»-и рус чӣ гуноҳ дорад? Посухаш хеле содда; барои мавқеъ ва принсипҳояш.
Ин қисса аз он оғоз ёфт, ки ӯ ба ҳимояи шаш нафар муҳоҷироне, ки пулиси Москва мехост беасос боздошт кунад, бархост.
Муҳоҷирони бегуноҳ 20 июл дар назди истгоҳи метрои «Тёплый стан» ба чанги чор афтоданд. Айнан дар ҳамин вақт аз назди ҳодиса Александр Ким мегузашт. ӯ аз пулис хоҳиш кард, то фаҳмонанд, ки дар кадом асос шаҳрвандони хориҷиро боздошт карданд.
Дар ҷавоб «ҳомиёни тартибот» бо баҳонаи он, ки Александр «чеҳраи осиёӣ» дорад ва феълан дар шаҳр амалиёти «Нелегал-2019» рафта истодааст, аз ӯ низ ҳуҷҷат талаб карданд. Александр ба пулис шарҳ дод, ки «чеҳраи осиёӣ» доштанаш дар асоси қонун барои талаб кардани ҳуҷҷат сабаб шуда наметавонад. Пулисҳо диданд, ки аз ӯ мурод ҳосил намешавад, муҳоҷирони боздоштшударо ба мошини хизматӣ савор карданд. Ким низ ҳамроҳ бо муҳоҷирон ба мошин нишаст, то ин қазияро то охир пайгирӣ намояд. Боздоштшудагонро (як нафар шаҳрванди ӯ збекистон ва се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон) ҳамроҳи Александр Ким ба ШКД «Тёплый стан» бурданд ва бидуни асос ду рӯ з нигоҳ доштанд.
Дар бинои маъмурии полис Александр шаҳодатномаи худро дар хусуси он, ки котиби комиссияи интихоботии ноҳияи Раменски аст, нишон дод. Дорандаи шаҳодатномаи мазкурро танҳо бо санксияи прокурор ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин аст, аммо дар шуъбаи пулис зарур нашумориданд, ки ба чунин масъалаи «беарзиш» таваҷҷуҳ кунанд.
Александр таъйид мекунад, ки дар боздоштгоҳи бинои пулис барои чаҳор нафар танҳо як ҷуфт бистар доданд ва ғизои онҳо аз шӯ рбои қуттигӣ (суп в пакетиках) иборат буд. Ҳангоми дар ҳабси ғайриқонунӣ будан, Александр Ким ба муҳоҷирон ҳуқуқҳои онҳоро шарҳ дод. Мисли ин ки онҳо ҳуқуқ доранд тарҷумон, намояндаи консулгарӢ ва ғайраро талаб намоянд. Аз ҳама аҶибаш ин, ки ба боздоштшудагон айб эълон накарданд. Баъдтар ду шаҳрванди Тоҷикистонро бидуни тартиб додани протокол раҳо карданд. Гӯ ё, ки онҳо чанд рӯ з ин ҷониб дар ҳабс қарор надоштанд. Ҳуҷҷатҳои сабти номи савумӣ қалбакӢ будааст, ки яқин барои пулис «гушти лахм» буд. Аммо… «Парванда»-и Алексанр Кимро, ки «Ҷурмаш» дар «чеҳраи осиёӣ» доштанаш буд, ба суд ирсол намуданд.
Субҳи 22 июл суди Черёмушкина бояд парвандаи ӯ ро баррасӣ мекард, вале бо сабаби дархости айбдоршаванда, ки мехост бо маводҳои парванда шинос шавад, судро то 24 июл мавқуф гузоштанд.

Ангуштамро шикастанд ва боз ҷарима ҳам карданд…
Қабл аз оғози суд Александр Ким ба сомонаи «Фарғона» нақл кард, ки ӯ чӣ гуна ҳомии фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон шуд. Ҳамаи ин моҷаро аз он сар зад, ки ӯ нахуст барои ҳимояи ҳуқуқи худ мубориза бурд. ӯ дар шаҳри Новосибирск таваллуд шудааст, вале беш аз даҳ сол аст, ки дар Москва зиндагӣ дорад.
- Ман дар Донишкадаи проблемаҳои об фаъолият мекардам, аспиранти факултаи заминшиносии ДДМ (МГУ) будам,- нақл мекунад Александр. – Соли 2017 дар назди истгоҳи метрои «Щёлковская» корманди пулис маро манъ кард. Ин бозпурсиҳо асаби маро хароб мекунанд, чунки медонам сабаби ин гуна муносибатҳо чеҳраи ман аст. Ман суҳбатамро бо пулис ба навор гирифта аз ӯ пурсидам, ки сабаби «таваҷҷуҳ» ба ман чист? Пулис ба ман хеле хунсардона ҷавоб дод, ки чеҳраи ту ба мардуми Осиёи Миёна шабоҳат дорад. Сабаби боздошт шуданам сад дар сад табъизомез буд ва аз ин лиҳоз хам изҳор намудам, ки ҳуҷҷатамро нишон намедиҳам. Корманди пулис маро ба таври иҷборӣ ба утоқи кориаш кашида бурд ва дар вақти гирудор ангуштамро шикаст. Ман бо сабаби беасос боздошт шуданам ва муносибати ваҳшиёнаи пулис аризаи шикоятӣ навиштам, вале онҳо баъд аз шикастабандӣ кардани ангуштонам, бо баҳонаи итоат накарданам ба ҳомии тартибот ҷазои маъмурӣ доданд ва маро ҳазор рубл ҷарима карда, ҷавоб доданд.
Баъд аз ин ҳодиса Ким оид ба амалҳои ғайриқонунии кормандони пулис ба Прокуратураи Генералии ФР, Кумитаи тафтишот, Идораи амнияти дохилии ВКД, инчунин Кумита алайҳи шиканҶа шикоят бурд. Алҳол парвандаи мазкур дар Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон (ЕСПЧ) баррасӣ шуда истодааст. - Маро ин ҳолат хеле нигарон карда буд- мегӯ яд Ким,- ман маҷбур шудам, ки ба мавзуи ҳифзи ҳукуқ даст занам. Ман ба курсу тренингҳои гуногун иштирок мекардам. Дар онҳо ба мо мефаҳмониданд, ки агар шумо шоҳиди табъиз нисбати муҳоҷирон шавед, ҳамин иқдом кифоя аст, ки дар канори онҳо биистед ва ё ин ҳодисаро ба навор бигиред.
Ман ин таҷрибаро дар амал санҷидам. Дурбини камераро ба сӯ и пулис мегардонӣ ва пулис дарҳол ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро баргардонида медиҳад. Ҳатто шоҳиди чунин ҳодиса ҳам будам. Фасли баҳор гурӯ ҳҳои зудамал (ОМОН) дар байни муҳоҷирон амалиёт мегузарониданд. Ман ба навор гирифтани ин ҳодиса оғоз намудам. Ин кор ба андозае муассир буд, ки лаҳзае пас онҳо дар автобусашон пинҳон шуда аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Гоҳҳо аз ҳисоби худам кортҳои ҳукуқшиносонеро, ки ройгон хизмат мерасониданд чоп мекардам ва дар байни муҳоҷирон паҳн мекардам.
Александр мегӯ яд, баъзан бо пулисҳое низ дучор мешавӣ, ки баъд аз фаҳмонидани ин, ки барои беасос тафтиш кардани ҳуҷҷат ҳуқуқ надоранд дарҳол аз ин амал даст мекашанд. Вале тасаввур кунед, ки дар як сол даҳҳо маротиба мавриди тафтиши беасос қарор гирифтан чи гуна асабро хароб мекунад.
Мазҳакаи навбатӣ дар суд
Парвандаи навбатии Александр Кимро судя Наталя Журавлёва баррасӣ мекард. Баррасӣ такрибан якуним соат оқиб партофта шуд. Дар ин вақт судя бо се корманди пулис, ки Александр ва муҳоҷиронро боздошт карда буданд суҳбат дошт. Аҷибаш ин буд, ки ин кормандони пулис дар Ҷараёни суд ширкат надоштанд.
Александр ва ҳомии ҷамъиятии ӯ Валентина Чупик ба суд се дархост карда буданд. Онҳо талаб доштанд, ки се муҳоҷир ба ҳайси шоҳид даъват шаванд, аз парванда шоҳидии қалбакии шахсоне, ки дар ҷои ҳодиса набуданд соқит карда шавад ва инчунин аз ВКД-и Москва фармон оид ба гузаронидани амалиёти «Нелегал-2019» талаб карда шавад.
Вале… Судя Журавлева дар Ҷараёни баррасии парванда баёноти кормандони пулисро хонд, ба даъвои Александр Ким, ки мехост собит намояд, ки барои боздошт ва тафтиши ҳуҶҶат чаҳор чиз сабаб шуда метавонад ва ба он чи гуна будани нажод ва чеҳраи инсон ҳеҷ дахл надорад, эътибор надод.



- Ман гумон мекунам, ки амали кормандони пулис нишонаҳои миллатгароӣ ва нажодпарастӣ дошта, ҳуқуқҳои ман ҳангоми роҳандозӣ кардани назорати шаҳрвандӣ аз болои фаъолияти кормандони политсия помол шудааст, - гуфт дар фарҷоми баррасии парванда А. Ким.
Судя баъд аз ин ба хонаи машваратӣ даромад ва пас аз бист дақиқа қарори судро хонд, ки дар он Александр Ким барои итоат накардан ба кормандони пулис муттаҳам дониста, 1000 рубли русӣ ҷарима карда мешавад. Ба ин қарори ғайриқонунӣ Александр ҳатман эътироз мекунад. ӯ минбаъд низ ҳукуқҳои худ ва дигаронро ҳимоя хоҳад кард. Роҳи дигар нест.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: