Дар Ереван ғосибони бинои пулис мошини милисаро оташ заданд25-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Дар ин бора миёнарави музокирот - вакили порлумони ҷумҳурии эътирофнашудани Қарабоғи Куҳӣ, генерали мустаъфӣ Виталий Баласанян хабар медиҳад. Сарфи назар аз ин, ба гуфтаи вай, музокирот идома дорад.
Хабаргузории "Интерфакс" менависад, аъзои мухолифи "Порлумони таъсисдиҳанда" миёнаравии Баласанянро рад карда гуфтаанд, манфиатҳои онҳоро Ашот Минасян - фармондеҳи пешини полки Сисианск ҳангоми низоъи солҳои 1990-и Қарабоғи Куҳӣ муаррифӣ мекунад. Дар наздикии бинои ғасбшудаи пулис шаби 24 июл бо пуштибонӣ аз гуруҳи "Порлумони таъсисдиҳанда" гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Баласанян аз аъзои гуруҳи мазкур даъват кардааст, ки таслими мақомот шаванд, дар ин сурат президенти Арманистон Серж Саргсян омодааст, то бо ҳамоҳангсози гуруҳи "Порлумони таъсисдиҳанда" Жирайр Сефилян мулоқот кунад. Сефилян бо айби нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ зиндонӣ шудааст. Ҳангоми ғасби бинои пулис дар Ереван 17 июл як афсари пулис кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шуд. Ҳафт корманди пулис гаравгон гирифта шуда буданд, ки ҳамаи онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо раҳо гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.