Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

10-07-2019, 08:35
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: