Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид

5-07-2019, 09:49
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардидДар шаҳри Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт оғоз гардид. Дарозии роҳи мазкур 9,2 километр буда, паҳноии он 40 метрро дар бар мегирад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин роҳ бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта шуда, тибқи лоиҳаи иншооти мазкур он аз 8 хати ҳаракат дар ду самт ва пиёдароҳҳо иборат буда, дар масири он як кӯпрук дар болои канали Ҳисор, як гузаргоҳи роҳи оҳан ва 2 адад гардишҳои нақлиётӣ бунёд мегарданд.

Дирӯз, 4 июл Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гош бо гузоштани санги асос ба корҳои бунёдии роҳи мазкур замина гузоштанд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони роҳи мазкур тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб шуда, дар доираи ҳамкории судманд миёни ду кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон бунёд мегардад.
Дар Душанбе сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут оғоз гардид
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар роҳи номбаршуда чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа ва аломатҳои бехатарӣ насб гардида, хати сабзазор бунёд мегардад. Дар ҳар ду канори роҳ дарахту буттаҳои ороишию сояафкан шинонида мешаванд.

«Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбутаро ҷиҳати сари вақт, бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ анҷом додани корҳои сохтмони роҳи мазкур ҷалб намуд»,-афзуд манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: