Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ангур : фоида ва зарар

Ангур : фоида ва зарар

1-07-2019, 13:50
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
              Ангур : фоида ва зарарАнгур самараи дарахти ток буда, аз ҳама навъҳои машҳури он намуди кишмиш ва чиликак мебошад. Аз сабаби рангоранг будани навъҳои он, миҷозаш гуногун аст. Одатан меваи пухтарасидаи он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст ва бисёриҳо наъҳои аз ҳад зиёд ширини онро дар дараҷаи дувум гарм донистаанд.

Хислатҳои шифобахшии ин намуди мева, ҳамчун ғизо ва ба вуҷуд овардани хуни солим, беҳтарин ба ҳисоб меравад. Хунро соф мекунад, моддаҳои сӯхтаро аз бадан рафъ месозад, вазъи узвҳои дарунӣ ва шушро ислоҳ менамояд, баданро фарбеҳ мегардонад. Агар онро хӯрда обашро биёшоманду пӯсташро партоянд, равғани гурдаро зиёда мекунад. Вале хӯрдани он ба меъдаи тармизоҷ ва боднок зарар дошта, дар он бодро ба амал меоварад, ки давояш хӯрдани зира ва арпабодиён аст. Ҳамчунин агар дар ҷигар ва сипурз гиреҳ пайдо шуда бошад, низ зарар мекунад.
Мавиз, хусусан мавизи тойфӣ барои меъда, ҷигар, гурда ва хичак мувофиқтар мебошад. Агар ангурро баъди аз чидан ду рӯз монда, мавизашро бардавом бихӯранд, дардҳои меъда, рӯдаҳо ва хичакро шифо мебахшад.
Саида Хоҷ аева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: