Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Рӯза доштан ба киҳо фоида ва ба киҳо зарар дорад?

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Рӯза доштан ба киҳо фоида ва ба киҳо зарар дорад?

23-05-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 43 нафар
Назарҳо: 0
 МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Рӯза доштан ба киҳо фоида ва ба киҳо зарар дорад?

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/.Тибқи қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имсол дар ҷумҳурӣ моҳи шарифи Рамазон 17 май фаро расид. Рӯза доштан ба кадом шахсон фоида ва ба кадом нафарон зарар дорад? Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро матраҳ намуда, дар ин бора бо коршиносони соҳа ҳамсуҳбат гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли равон баргузор гардид, зикр намуданд: «Баъзе шаҳрвандони мо рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд. Ин гуноҳи азим ҳам бар тани худ ва ҳам бар ҷони дигарон аст. Муъмин набояд худро барои рӯза ба ҳалокат расонад. Зеро Худованд дар ояти 286 сураи Бақара мизони адлро чунин муқаррар кардааст: «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад. Яъне ба бемору бемадору нотавон, зани ҳомила ё тифли ширхорадошта ва шахсоне, ки шароит надоранд ё бо кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд, гирифтани рӯзаро ҳатмӣ кардан, ба онҳо таъна задан ё онҳоро номусулмон гуфтан, ҳаргиз нишонаи ақл ва адл нест».

Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода чунин гуфт: «Дар оятҳои махсуси Қуръони Маҷид, хусусан дар оятҳои 183 ва 184 — уми сураи Бақара таъкид гардидааст, ки Худованд моҳи Рамазонро барои мусулмонон фарз гардонид, вале риоя намудани он барои шахсоне фарз ва воҷиб аст, ки онҳо аз нигоҳи ҷисмонию рӯҳонӣ ва саломатӣ барои риоя кардани он ҳаққу ҳуқуқ доранд. Инчунин таъкид гардидааст, шахсе, ки бемор ё ин ки нотавон бошад, аз доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон озод аст. Чунин нафарон метавонанд рӯзаи худро дар як вақти дигар, вақте саломатияшон барқарор шуд ё тавону қудрати риоя намудани он барояшон муяссар гардид, яъне замони мусоид метавонанд ба ҷо биоранд».

Файзулло Баротзода илова намуд, ки ҳамчунин ба шахсоне, ки шуғли вазнин доранд ва ё дар сафар ҳастанд, инчунин ба занони ҳомила ё дорои кӯдакони ширмак иҷозат дода шудааст, ки рӯза нагиранд.

Дар робита, доктори илмҳои тиб, муовини директор оид ба илми Пажӯҳишгоҳи гастраинтералогияи Академияи илмҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Авезов зикр кард, ки гирифтани рӯза ба одамони солим фоида дорад. Аммо барои шахсони мариз ҳам аз нигоҳи ислом ва ҳам аз рӯи талаботи тиббӣ доштани рӯза зарур нест. Ин шахсон бояд пеш аз гирифтани рӯза бо духтури табобатии худ маслиҳат кунанд.

«Барои беморони гирифтори захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, панкреатити музмин дар марҳилаи хуруҷ, беморони вазнини ҷигар, ба монанди сиррози ҷигар, диабети қанд ва бемороне, ки ҳамарӯза бояд мувофиқи реҷаи навиштаи духтур дору истифода кунанд, доштани рӯза ҷоиз нест. Зеро ташнагӣ ва гуруснагии зиёд метавонад сабаби авҷгирӣ ва ё вазниншавии аҳволи ин беморон гардад», -афзуд С.Авезов.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, бемороне, ки гирифтори захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта мебошанд, вақти рӯзадорӣ дар меъдаи онҳо турушии шира баланд мешавад. Ҳангоми аз ғизо холӣ шудани меъда туршӣ девораҳои онро захмгин мекунад. Чунин ҳолат сабаби кафидани захм ва ба дигар узвҳо гузаштани он, аз ҷумла, ғадуди зери меъда мегардад. Инчунин нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд, бояд аз гирифтани рӯза худдорӣ кунанд. Онҳо доруҳое қабул мекунанд, ки қандро паст мекунад. Бояд гуфт, ки яке аз оризаҳои диабети қанд, на баландшавии қанд, балки якбора пастшавии он аст, ки сабаби комаи гипергликӣ шуда метавонад.

С. Авезов афзуд, ки рӯзадорӣ ба баъзе намуди беморон фоида дорад, аз ҷумла, барои гирифторони маризии ниқрис (падагра). Вақте, ки ин беморон рӯза дошта, аз истеъмоли зиёди гӯшт ва баъзе моддаҳои турши дар бадан кислотаҳоро зиёд мекардагӣ худдорӣ менамоянд, худашонро беҳтар ҳис мекунанд. Барои шахсони миқдори холестирини хунашон баланд, ки инро гиперхолестеринемия ё ин ки гиперлипидемия мегӯянд, гирифтани рӯза хуб аст, чунки онҳо маводи ғизоиро камтар истифода мекунанд ва сабаби паст шудани миқдори равғанҳо дар хун мешавад.

Табиб ҳамчунин тавсия дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯзадорон бояд ғизои сабук истеъмол намоянд, то ба узвҳои ҳозимаи онҳо таъсири манфӣ нарасонад. Аз хӯрдани хӯрокҳое, ки бо равғани ҳайвонот тайёр шудаанд ва аз шириниҳо парҳез кунанд. Ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият диҳанд. Он набояд бисёр хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор зарар расонад. Субҳона хӯрокҳои аз шир тайёршуда, гӯшти обпаз, хӯриши сабзавоти тару тоза ва бештар мева истеъмол намоянд.

Хӯрдани хӯроки зиёд дар субҳу шом зарар дошта, метавонад сабаби бисёр бемориҳо ва ё хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои ҳозима гардад. Яке аз бемориҳое, ки аз пурхурӣ пайдо мешавад, фарбеҳӣ аст, ки худ сабаби бемориҳои зиёд, чун диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ, санги талха, фибрози ҷигар ва ғайра мегардад.

Агар шахси рӯзадор худро бад ва аломати бемориро дар бадани худ эҳсос кунад, бояд ҳатман ба табиби оилавӣ муроҷиат намояд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: