Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН-МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ҶАҲОНИИ ОБ

ТОҶИКИСТОН-МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ҶАҲОНИИ ОБ

26-06-2019, 09:46
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН-МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ҶАҲОНИИ ОБ
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 21 декабри соли 2016 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 - ро қабул намуд. Мақсади асосии эълон намудани даҳсола, ин мусоидат ба талошҳон ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои нави байналмилалии марбут ба об буд.
Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Илова бар ин, бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рў ба рў мегардад. Бар замми ин, раванди биёбоншавй, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, шаҳргароӣ (беш аз андоза рў овардани аҳолӣ ба шаҳрҳо) ва ғайра, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» чанд ниҳоду механизмҳои муассир таъсис ёфтаанд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалии марбут ба об нақши муҳим бозиданд. Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидй бозид, иғ ниҳоди “СММ-Об” (ё ин ки “UN-WATER ”) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст. Илова бар ин, соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббус Тоҷикистон як ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурўҳи «Дўстони об» таъсис дода шудааст, ки айни ҳол зиёда аз 100 кишвари узви созмонро фаро мегирад. Ниҳоди мазкур дар муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба оби рўзномаи СММ нақши фаъол дорад. Ниҳодҳои болозикр дар пешбурди роҳҳои оқилона ва механизми татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» нақши бориз гузоштанд. Аз ин лиҳоз, интизор меравад, ки ин ду ниҳоди номбурда як ҷо бо муассисаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҳавзаӣ ва миллӣ дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 мусоидат хоҳанд кард. Гузашта аз ин, қатъномаи болозикр механизмҳои дигари баррасии масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти СММ-ро дар робита ба мудирияти захираҳои об муайян кардааст. Ба ин мақсад дар назар аст, ки арзёбиҳои миёнамуддат ва фарогири даҳсола дар чорчўбаи ҷаласаҳои Маҷмаи умумии СММ баргузор шаванд. Аз ҷумла, дар татбиқи даҳсолаи нав мо бояд фаъолияти тамоми сохторҳои мавҷудаи миллӣ, минтакавӣ ва байналмилалии марбут ба обро фаъол гардонда, шарикӣ ва ҳамоҳангии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дахсола тақвият бахшем. Ғайр аз ин, барои муваффақона сурат гирифтани татбики даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи сатҳҳо мустаҳкам гардад ва, пеш аз ҳама, масъалаҳои маблағгузорй, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обй ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рўзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтакавӣ ҷойи муносиби худро ёбанд.
Бояд гуфт, ки дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Дар ин раванд ба таҳкими ҳамкорию танзими муносибатҳо таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил гашта, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода мешавад. Ин икдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳияи созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёхои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об аст, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии «Оби тоза» (2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравй ва вусъати обрўву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Ин аст, ки имрўз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Даҳсолаи оянда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофикашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд. Бояд тадбирҳои муассирро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои ин даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳия ва амалӣ кард. Тоҷикистон умедвор аст, ки тавассути ҳамкорй бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии даҳсола якҷо бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд. Зикри ин нукта ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. 'Баргузор шудани чандин нишаст, конфронсҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдўсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард. Кишвари мо дўстони зиёде пайдо намуд, ки инак Тоҷикистонро маркази дипломатияи об ва ташаккули ғояҳо ва ташаббусҳои оқилона барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об мешуморанд.
З. Саидзода,
судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: