Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шафтолу давои бемории шақиқа

Шафтолу давои бемории шақиқа

17-06-2019, 10:30
Хабарро хонданд: 524 нафар
Назарҳо: 0
                  Шафтолу давои бемории шақиқаШафтолуро асосан барои тархӯрӣ, таҳияи мураббо, шафтолуоб, мармелад, павидло ва ҷем истифода мебаранд. Дар таркиби он қанд, клетчатка, кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лимува себ), витаминҳои А,В,С,Е, намакҳои минералӣ мавҷуданд; мағзаш равған дорад. Дар тибби қадим табиати шафтолу сарду тар ҳисобида мешуд. Онро барои мулоим кардани меъда, иштиҳо ва тақвияти организм истифода мебурданд. Табибони қадим пеш аз хӯрок истеъмоли шафтолуро тавсия додаанд. Шарбати шафтолу чун воситаи киҷҷарон истифода мешуд. Равғани шафтолуро ҳангоми муолиҷаи бемории шақиқа (мигрен), илтиҳоби шадид ва музмини гӯш кор мефармуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ шафтолу барои хушкӣ ва тафсидани ҷисм муфид аст. Шафтолу моддаҳои нолозиму зарарнокро аз организм хориҷ месозад. Барои муолиҷаи ширинча мағзи донаки бирёни шафтолуро кор мефармоянд. Мағзи онро кӯфта дар об тар мекунанд ва ба доначаҳои пӯсти рӯй ва бадани кӯдакон мемоланд. Агар самари пухтагии шафтолуро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хунро паст мегардонад, ба одамони гарммизоҷ қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд. Чун оби шафтолуи пухтагиро гирифта, шаб бигузоранд, то дурдааш таҳшин гардаду обаш соф шавад. Пагоҳӣ ба дили наҳор 150 г бо шакар биёшоманд, талхаро бо исҳол дафъ мекунад. Шафтолу ба одамони тармизоҷ зарар дорад ва дар меъда бадбӯ мегардад. Шафтолуи кордӣ (шафтолуи сахт, ки аз донак ҷудо намешавад) дерҳазм буда, қабзиятнок аст ва иллати қулинҷро ба вуҷуд меоварад. Агар 50 г оби барги шафтолуро бинӯшанд ва гулашро бо шакар бихӯранд, кирми меъдаро мекушад. Гулашро кӯфта бо оби карам хамир сохта гузошта банданд, озахҳоро хушконда мерезонад. Равғани мағзи шафтолуро нимгарм бичаконанд, дарди гӯш ва кариро дафъ менамояд, гиреҳҳои пардаи гӯшро мекушояд.Табибони халқӣ бо афшураи баргу гули шфтолу диабети қандӣ ва бемории киҷҷасориро табобат менамоянд. Марҳами барги Шафтолуро ба варами фасоднок, ҳафтпӯст, ҷароҳати сӯхта, шукуфаи хушку тар гузошта мебанданд. Равғани мағзи шафтолу чинҳои рӯйро нест мекунад. Дар тибби муосир меваи шафтолуро барои беморони заиф, табобати газаки меъда, энтероколит ва нуқси ҷигар ҳамчун воситаи серғизо ва нерубахш тавсия медиҳанд. Шафтолу барои ашхоси гирифтори бемориҳои дилу гурда низ нафъ дорад. Шафтолу кори рӯдаро ба танзим дароварда, қабзиятро пешгирӣ мекунад. Онро ба сифати парҳезона ҳангоми бемориҳои музмини узвҳои ҳозима, ҷигар ва гурда тавсия додан мумкин аст. Равғани шафтолу мисли равғани бодом барои ҳал кардани моддаҳои таркиби марҳамҳо истифода бурда мешавад.

Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: