Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » РАДДИЯ

РАДДИЯ

31-05-2019, 19:02
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
РАДДИЯ Маркази матбуотии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маълумоти аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва хонандагони муҳтарам мерасонад, ки тӯли чанд муддат бо истифода аз нишони ҳизб дар шабакаи иҷтимоии маъракаи роҳандозии иттилооти нодуруст ва нашри мақолаю наворҳои иғвоангези омехтаи туҳмату буҳтони гурӯҳҳои алоҳида бо мақсади паст намудани обрӯи кишвар дар арсаи байналхалқӣ ва бадном кардани номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.
Мусаллам аст, ки ин саҳифа ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон робита надошта Маркази матбуотии ҳизб ба маълумоти аъзо, ҷонибдорон ва ҳамаи сокинони кишвар мерасонад, ки маводи нашршаванда бо мақсади муғризона ва ба иштибоҳ андохтани аҳолии кишвар паҳн мегардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум буда, ҳеҷ гоҳ ба сафи худ шахсони иғвоангез ва хоинони миллату ватанро роҳ намедиҳад.
Аз номи як ҳизб паҳн кардани ҳадафҳои нопоки як гурӯҳ иқдоми ноҷавонмардона буда, итминон дорем, ки ин амал аз ҷониби қишри солимфикри ҷомеа маҳкум хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: