Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ гарданд

Нагузорем, ки ҷавонон фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ гарданд

29-05-2019, 09:47
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳарчанд раванди гаравидани ҷавонон ба сафи ташкилоту созмонҳои террористиву экстремистӣ, мувофиқи маълумоти омории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба солҳои гузашта кам шуда бошад ҳам, то ҳанӯз хатари ин зуҳуроти номатлуб ба пуррагӣ аз байн нарафтааст. Бинобар ҳамин дар масъалаи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҷавонону наврасон бояд тамомиқишрҳоиҷомеа худро масъул шуморанд, зеро омӯзгор ва мактаб дар танҳоӣ наметавонанд ин масъулияти бузургро дар сатҳи зарурӣ иҷро кунанд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар маърӯза ва мулоқотҳо бо одамони касбу кори гуногун ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо қатъият даъват менамояд, ки пеши роҳи гаравидани ҷавонону наврасон ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ комилан гирифта шавад.Аз ҷумла, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».
Воқеан ҳам ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, сабабгорони сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони азиз як муддат ба фаромӯшӣ супорида шуд. Баръакси ин ҳол ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ баъд аз солҳои 2000-ум бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ва таблиғу ташвиқ дар тафаккури баъзе аз ҷавонони ноогоҳ тасаввуроти дур аз воқеиятро кушиши ҷойгир кардан намуд. Дар натиҷа баъзе аз онҳо ба ташвиқоту тарғиботи дуруғини созмонҳои террористиву экстремистӣ дода шуда, ба майдонҳои ҷанг дар кишварҳои бегона рафтанд. Сабабҳое, ки ҷавонони ноогоҳро фирефта ва гирифтори доми ташкилотҳои ҷаҳонии террористӣ кардааст, бояд дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳо ошкоро гуфта шаванд.Мебояд рӯирост изҳор кард, ки доираҳои манфиатдор ва гурӯҳҳои бадхоҳтаҳти идораи умумии ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣбарои ҷалб кардани ҷавонону наврасони ноогоҳ ба сафи дастаҳои ҷангӣ аз дини ислом сӯиистифода мекунанд. Бо ҳиссиёт ва эътиқоди мардумӣ бозӣ карда, аз он манфиатҷӯӣ мекунанд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини исломро пеш меоранд.
Бояд эътироф кард ва иқрор шуд, ки дар замони муосир, дар асри XXI сокинони дигар кишварҳои олам барои расидан ба Моҳ ва маскан гирифтан дар он андеша кунанд, бадхоҳони миллати тоҷик фикру зикр, тафаккуру тасаввури мардуми моро ҳанӯз ҳам гирди ришу салла, шаҳиду ҷиҳод, сатру ҳиҷоб ва дигар масъалаҳои ҷузъӣ банд кардан мехоҳанд. Ба чунин воқеияти ҳол набояд розӣ шуд, балки ҷаҳд бояд карда шавад, ки он пурра аз байн бурда шавад. Дар чунин маврид метавон аз таърихи гузаштагон ва осори онҳо ҳамчун намуна истифода бурд. Чуноне ки маълум аст, дар давоми даҳ садсолаи охир рӯҳониёни манфиатҷӯҳамеша олимону донишмандон ва суханварони маърифатҷӯро мавриди озору азият қарор доданд, бо туҳмат онҳоро бадномсохтанд ва қисме аз мардум мутаассифона ба он туҳматҳо бовар карда, санг ба ҷониби бузургони худ партофтанд. Имрӯз низ душманони миллат зери ниқоби ислом ҷавононро дар муқобили Ватан, манфиатҳои миллӣ мегузоранд, онҳоро ташвиқ мекунанд, ки ба даст силоҳ гирифта, даст ба куштори одамон зананд.
Дигар намунае, ки зимни таълиму тарбияи ҷавонону наврасон барои нагаравидани онҳо ба сафи ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ метавон истифода бурд, ҳодисаҳои кишварҳои Сурия, Ироқ, Тунис, Яман ва Афғонистони ҳамсоя буда метавонанд. Рӯзе, ки дар Афғонистон муҷоҳидон бо силоҳу террор рӯи саҳна баромаданд, амну осоиш аз ин кишвар бадар шуд. Аз он рӯз то ба ин рӯз 40 сол гузашт ва агар тағйире дар тафаккуру тасаввури сокинони он кишвар ба амал наояд, шояд даҳсолаҳои дигар зери номи ислом хуни ҳазорон нафари дигар рехта шавад. Кишварҳои Ироқу Сурия ва Ливия аз пешрафтатарин мамлакатҳои минтақаи Шарқи наздик буданд. Бар асари тарғиботу ташвиқоти доираҳои манфиатҷӯ зери номи ислом ин кишварҳо ба ҷанги хонумонсӯз кашида шуданд, бенизомӣ, бесуботӣ, гуруснагӣ, гурезагӣ сокинони ин кишварҳоро сарсону саргардон кардааст.
Бо назардошти ин гуфтаҳо мактабу маориф, падару модар, хешу табор, воситаҳои ахбори омма, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, умуман ҳамаи аҳли ҷомеаро мебояд бо ҷавонону наврасон мунтазам, муназзам, ҳамеша, ҳамвора дар тамос бошад, бо онҳо кор кунанд. Нагузоранд, ки ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлолӣ ба сафи гурӯҳҳои ҷангии созмонҳои террористии ҷаҳонӣ, хусусан ба ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣҳамроҳ шаванд.Мо бояд роҳ надиҳем, ки ақлҳои ҷавонони моро бегонагон дузданд ва онҳоро ба манқурт табдил диҳанд. Дар замири онҳо нисбат ба Ватану миллати худ ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Барои муқобилияти арзанда нишон додан ба амалҳои душманон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба таълиму тарбия на танҳо дар боғча ва мактаб, ҳамчунин дар муассисаҳои олии таълимӣ ва корхонаву идораҳо, инчунин маҳаллаву коллективҳои меҳнатӣ аҳамияти аввалиндараҷа додан шарти муваффақият мебошад.

Ғоибов Ғоиб, мутахассиси пешбари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: