Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » РӮЗА, ИФТОР ВА ТАРОВЕҲ

РӮЗА, ИФТОР ВА ТАРОВЕҲ

29-05-2019, 09:18
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗА, ИФТОР ВА ТАРОВЕҲДар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашну маросими миллию динӣ ва нишон додани аҳамияти тарбиявию ахлоқии онҳо ҳамеша ҷойгоҳи махсус дорад. Ҷавҳа­ри манти­қии ин сиёсат аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрвандони мамла­кат дар рафтори фарҳангӣ, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқарраро­ти динию маҳзабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон барта­ри­ят диҳанд ва аз тақлиди кӯркӯрона, худна­моӣ, шуҳратпарастӣ ва ноого­ҳо­на пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳан­гию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Ташреҳи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид, маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудааст.

Истиқлолияти давлатӣ фазои озоди кору зиндагӣ барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросими динию мазҳа­бии кишвари азизи моро муҳайё намуд. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давла­тӣ ба хотири муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиро­наро тақо­зо мена­мояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашну маросими миллию динӣ ва нишон додани аҳамияти тарбиявию ахлоқии онҳо ҳамеша ҷойгоҳи махсус дорад. Ҷавҳа­ри манти­қии ин сиёсат аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрвандони мамла­кат дар рафтори фарҳангӣ, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқарраро­ти динию маҳзабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон барта­ри­ят диҳанд ва аз тақлиди кӯркӯрона, худна­моӣ, шуҳратпарастӣ ва ноого­ҳо­на пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳан­гию эътиқодии дигарон дурӣ ҷӯянд.

Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии комил моро водор мена­мояд, ки дар муносибат ба ин қабил муқаррароти динию эътиқодӣ ниҳо­ят эҳтиёткор бошем. Дар Варорӯди бостонии фарҳангсолор, ки илму маърифати мусулмонӣ дар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ду тақвим – тақвими деҳқонӣ, ки дар асоси тақвими хуршедии наврӯзӣ амал мекард; ва тақвими динӣ-имонӣ, ки дар асоси тақвими ҳиҷрии қамарӣ амал мекард, баробар дар истифода буд. Дар байни рӯҳонияти саршинос ва пирони рӯзгордидаи миллати тоҷик ҳанӯз ин анъанаву рафтор бо тамоми ҷузъиёти мардумсолорияш бардавому побарҷо ҳифз шудааст. Аз ин лиҳоз, сиёсати миллатдӯстонаи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар ҷумҳурӣ дуруст анҷом додани фароизи диниро низ ба эътибор мегирад.



Вазъияти зуд тағйирёбандаи олами ноором тақозо менамояд, ки эҳёи дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқӯъ пайвандад. Садоқат ба халқу Ватан, афзун наму­дани дастовард­ҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати миллию эътиқодӣ аз ҳар фар­ди бо нангу номус ба ваҷҳи некӯ анҷом додани вазифаҳои хидматии худро нисбат ба обу хоки муқаддас, сарзамини аҷдодӣ ва суннатҳои мондагори он тақозо менамояд.

Олимону фақеҳони ҳанафимазҳаб дар қаламрави давлати Сомони­ён тамоми рукнҳои дини исломро ба муқар­ра­роти анъанаҳои миллию фарҳангии худ мӯшикофона созгор намуда буданд. Ҳамин буд, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва баргузории маросими марбут ба он дар мат­ни фарҳанги тоҷиктаборон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умуми­мил­лӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Воқеан, фарҳанг ва фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва тақвою шикаста­нафсӣ, фурӯтанию таҳаммулпазирӣ, даст­ги­рию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оила­ҳои камбизоат як маҳбубияти махсус зоҳир менамояд. Зеро ваҳдати гуфтору кирдор, боти­ну зоҳир ва бовару имон ҷавҳари хирадмеҳварӣ ва инсонпарварии фаризаи рӯзадорӣ ба ҳисоб меравад.

Аз дуриҳои дури фарҳанги мусулмонойини тоҷикон дар зершуури мардуми мо фарҳанги рӯзадорӣ бо чандин фазилат, қудсият, муъҷиза, покизагӣ, баракат ва фазои рӯҳонияти худ ончунон сахт нақш бастааст, ки онро аз тафаккуру тасаввури онҳо берун овардан амали ношуданӣ ва андешаи нопазируфтанист. Дар мафкураву ҷаҳонбинии бобову падарони мо бар пояи мазмуни ривоятҳои мавҷуда дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва китобҳои шарҳу тафсир доир ба фаризаи рӯзаи моҳи шарифи Рамазон як идда тасаввуроти қудсӣ ҷойгузин шуда буд:

а) фарз гардидани рӯзаро дар моҳи шарифи Рамазон мусулмо­нон барои худ неъмати бузурги илоҳӣ мешуморанд;

б) Рамазон моҳи махсусест, ки дар он Худованд Қуръонро ба Пайғамбари ислом (с) нозил кард. Тафсири илмӣ-диншиносии ин воқеият дар фарҳанги асримиёнагии мо бад-ин минвол баён гардидааст: Қуръон маҳз дар моҳи Рамазон ба тамомӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтулиззати осмони дунё нозил шудааст. Сипас, Ҷабраил онро порча-порча вобаста ба амру наҳй, ҳукму фатво ва пурсишу посух дар муддати 23 сол ба пайғамбари Худо (с) аз тариқи ваҳй расонидааст. Ҳамин омезиши арзишҳои устурашакли осмонию заминӣ барои моҳи Рамазон ҷойгоҳи барозандаи эътиқодӣ устувор кардааст.

в) муҳаддисон бар ин бовар буданд, ки аз гоҳи фарз гардидани рӯза ҳар сол то сипарӣ шуда­ни моҳи Рамазон Ҷабраил бо пайғамбари Худо (с) вомехӯрд ва имо­ма­тӣ карда бо ӯ Қуръонро мегузаронид, ки онро дар урфи мазҳаби ҳанафӣ тоза кардани Қуръон мегӯянд. Тасаввури фазои маънавии ҳуҷраи пайғамбари ислом (с) дар мавсими рӯзадорӣ болидарӯ­ҳӣ, анҷом додани корҳои хайру саховат, дастгирии эҳтиёҷмандон ва ғамхорию меҳрубониро ҳам аз ҷониби сарварони мусулмон ва ҳам оммаи мардум тақвият мебахшид.

г) ҳамин тавр ҳикмати рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон як баробарии иҷтимоие бунёд мекард, зеро худдорӣ кардан аз хӯрдану ошо­ми­дан барои дорою нодор ва тавонманду ниёзманд ҳукми яксон дошт ва ҳамин маҳдудияти умумӣ ногузир силаи раҳм ва меҳрубониро афзун мекард.

д) мардум аз рӯйи фаҳмишу ҷаҳонбинии худ мазмуни ҳадиси қуд­сии зеринро “Худо гуфтааст: “Ҳама амалҳои фарзанди Одам барои худаш аст – ба ғайр аз рӯза, ки барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам” дар умқи ҷисму ҷони худ ҷой карда буданд. Ва ҳамин бовар, ки рӯзадор коре анҷом медиҳад мақбул ва писанди Худованд, ба ӯ нерӯи ҷисмонию маънавии бузург мебахшид.

Сазовори гуфтан аст, ки тамоми ҷузъиёти рӯзадории му­сул­­монон – имсоку ифтор, намози таровеҳ, садақаи Фитр, маҳдудияту афзалиятҳои рӯза доштан ва рӯза хӯрдан ҳам тадриҷан ҳангоми зинда будани пайғамбари Худо (с) ва замо­ни ҳукмронии хулафои рошидин ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом аз нигоҳи меъёрҳои имонию эътиқодӣ ва фиқҳию ақидатӣ тако­му­ли ниҳоӣ пайдо кард. Қудсияти моҳи Рамазон тақозо мекард, ки мардум аз анҷом додани ҳар гуна корҳое, ки баракати онро коста мегардонад, худдорӣ намоянд.

Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи Фитрро яке аз васи­лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаб­бат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи Фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки беҳтарини он «садақаест, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дошт, садақаи Фитрро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон ихлос­ман­дона пеш аз намози ид адо мекард.

Фазилати муҳим ва фарқкунандаи Рамазон дар он аст, ки мусулмо­нон дар ин моҳ намози таровеҳ мехонанд. Ин намоз дар назди пайраво­ни аҳли сун­нату ҷамоат ва ҷумҳури бузургони ҳанафӣ иборат аз бист ракъат намози дуракъатӣ аст, ки дар байни ду ракъат суннат ва намози витри хуфтан адо карда мешавад. Дар иртибот ба тартиби адои намози таровеҳ барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ се чизро донистан муҳим аст: намози таровеҳ бо мақсади анҷом додани хатми Қуръон суннати мустаҳаб, аз ғайри анҷом додани хатми Қуръон бо замми сураҳои хурд адо кардани он суннати муаккада ва бо ҷамоат хондани он суннати кифоя дониста мешавад. Сабаби асосии бист ракъат будани намози таровеҳ дар он аст, ки матни Қуръони карим аз 30 пора ва 604 саҳифа иборат аст ва ҳаҷми як порае аз он тақрибан баробари 20 саҳифа ва ҳар саҳифае тақрибан шомили 10-11 оят аст, ки дар маҷмӯъ дар сӣ рӯз 6236 оятро фаро мегирад. Дар ҳар шаби намози таровеҳ як пора хонда мешавад, ки дар як моҳ 30 пораи комилро фаро мегирад ва хатми кулли Қуръон ба хотири ризоияти рӯҳу арвоҳи гузаштагон ба ҷо оварда мешавад. Шарти муҳими ҳозир шудан дар намози таровеҳ, ки ба хотири шод кардани арвоҳи гузаш­тагон барпо карда мешавад, он аст, ки намозгузор бо риояи фар­ҳан­ги баланди либоспӯшӣ, одобу рафтор ва шакли зоҳирии мақбул бояд ба намоз ҳозир шавад, онро бо фурӯтанию ахлоқи ҳамида анҷом диҳад ва аз рафти баргузории он ғизои баланди маънавӣ бардорад. Барои адои намози таровеҳ бо хатми Қуръон ҳар кас бояд аз рӯйи имко­нияти вазъи саломатии худ иқдом намояд. Намози маъмулии таровеҳ бошад, бо замми сураҳои хурдҳаҷм нисбатан осонтар барпо карда мешавад.

Аммо дар муҳити оила ё танҳо гузаронидани намози таровеҳ ба ҳамон фазои рӯҳонӣ ва ваҳёнии ҳуҷраи пайғамбари ислом (с) бастагӣ дорад. Дар муҳити фарҳангии тоҷикон истифодаи ин лаҳзаи муҳимро барои устувор намудани ниҳоди иҷтимоии оила авлотар шумурдаанд. Ҳамин буд, ки ҷузъиёти муҳими рӯзадорӣ – ифтор ва таровеҳ дар байни тоҷикон эҳтирому қудсияти тамоман дигаргуна пайдо кард. Мафҳуми ифтор дар байни тоҷикон ду ифодаи маъноиро доро гашт: якум, кушодани рӯза ва тановули хӯроки рамазонӣ; дуюм, густурдани дастар­хони рамазонӣ ба хотири бо ҳам якҷоя нӯши ҷон кардани хӯроки хоксо­ро­на дар ниҳояти покизагӣ ва истифодаи маводи тару тозаи парҳезӣ. Ифтор ҳамчун мафҳуми фиқҳӣ ягон маърака, чорабинӣ ё дастархонороӣ набуда, балки кушодани рӯза аз тариқи тановули таоми дастаҷамъӣ дар муҳити хонавода аст. Бо ҳам будан дар сари хӯроки рамазонӣ барои тақвияти дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди хешӣ, яъне силаи раҳм аҳамияти барҷаста дорад. Ҳоло пеш аз баргузор намудани зиёфати ифтор одамон хонаҳои худро ороставу пероста месозанд, тамоми хонаро ба тартиб дароварда, ҷойҳои заруриро таъмир мекунанд, бар он мекӯшанд, ки дар хона ифлосӣ ва ҳеҷ чизи шубҳаноке набошад. Дар байни мардуми мо анъана шудааст, ки ҳангоми зиёфати ифтор шахсони аз ҳамдигар ранҷидаро оштӣ диҳанд. Ба ҳам омадан дар гирди як дастархон барои таҷрибаи калонсолонро андӯхтани ҷавонон мусои­дат мекунад, одоби муошират, тановули таом, маҷмӯи хизматра­сонӣ, риояи эҳтироми калонсол ва аз худ кардани одату анъанаҳои мардумӣ суфта шуда, сайқал меёбад. Ҳатто касоне, ки шароити танг доранд, саъй мекунанд ақаллан чанд бор бо аҳли хонавода якҷоя ифтор кунанд. Шахсоне, ки маъракаи ифтори калонтар баргузор мекунанд, ҳамеша як миқдор таомро ба шахсони бемори деҳа, ҳамсояҳо ва ниёзмандон тақсим карда медиҳанд, зеро медонанд, ки чунин рафтор аҷру савоби бузург дорад. Мардуми мо дар тӯли солиёни дароз нагузош­та­анд, ки хонаву манзилашон аз баракати намози таровеҳ ва замзамаи тасбеҳҳои малакутӣ бебаҳра монад. Аз ин рӯ, одат шуда буд, ки баъди анҷоми хӯроки ифтор намози таровеҳро дар хонаҳо адо намоянд. Омӯзиши масъала нишон медиҳад, ки чунин рафтор хилофи омӯзаҳои динию мазҳабӣ набуда, намози дастаҷамъӣ барои таҳкими ниҳоди оила ва муҳити солими хонаводагӣ аҳамияти равонӣ ва ҳам қуд­сия­ти рӯҳонӣ дорад. Дар ин муҳит хурдсолон рафоқату бародарӣ, меҳмоннаво­зӣ, одо­би фарҳанги динӣ ва муомилаи дурусти ҷамъиятиро аз худ мекунанд. Ҳоло қонун­гу­зо­рии амалкунанда имкон медиҳад, ки шаҳрван­дон дар ҳамоҳан­гӣ бо комиссияҳои доимӣ дар деҳаҳо ва маҳаллаҳое, ки аз масҷид дуранд, намози таровеҳро дар муҳити хонаводагӣ анҷом диҳанд.

Дар фазои иттилоотии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони муосир ҳикмати додани садақаи Фитр ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расо­ни­дани он мушкилот ва нофаҳмиҳои зиёд дорад. Акнун вақти он расидааст, ки дар ҷаҳонбинии қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи адлу инсоф ва мантиқи маъмулӣ дар ин масъала тадбирҳои маҳви бесаводӣ гузаронида шавад. Тамоми фарди ҷомеа, ки мусулмон асту мӯъҷиза будани Қуръони азимушшаънро эътироф мекунад, бояд сароҳатан бидонад, ки садақаи Фитр барои табақаҳои ниёз­манди мардум дода мешавад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии барда­ҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин ояти карима комилан равшан мешавад, ки додани садақа барои 8 гурӯҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёф­та (нав ислом овардагон), озод кардани асирон, қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст. Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. ӯ дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисоди­аш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодори­аш­ро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки онҳо маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағба­ти худ сарф намоянд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқи­ло­би болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро ва Бухорои Шарқӣ масъулони андоз­ро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷи­кон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегӯянд. Аз рӯйи тасни­фо­ти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб – бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; 6. Ғорим шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор ва селу боришот молу мулк ва дороия­шон­ро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомӯзанд ва баъди соҳибилм шудан дар кишварҳои мусулмонӣ кору фаъолият мекунанд; инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некӯ, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, биноҳои таъйиноти гуногун, корвонсарой ва қалъаҳо, бунёди масҷид, хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт кардан кори дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; 8. Ибни сабил мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷат­ҳоя­шон ба маблағ (ба монанди дониш­ҷӯ­ёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.

Дар асоси таҳлили боло ҳар садақадиҳандае, ки додани садақаашро ба рӯҳониёну ходимони дин ва шахсони тавонои дигар дуруст мешумо­рад, бояд бидо­над, ки чунин рафтори ӯ комилан мухолифи омӯзаҳои Қуръону суннат аст ва ӯ дар риояи ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кумак ба ниёзмандон аз нигоҳи имонию эътиқодӣ ба тақсир роҳ додааст.

Боварӣ дорем, ки фарҳанги рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон аз нигоҳи равонию иҷтимоӣ ба истода­гарии рӯҳу ҷисми шаҳрвандони кишвар дар муқобили хоҳишҳои ҷисмонӣ тақ­вият мебахшад. Бошад ки анҷоми ин фариза дар байни мусулмонони ҷумҳурӣ боиси таҳкими бародарию баро­барӣ ва ваҳдату ягонагӣ шавад ва эҳсоси якдилӣ, бародарӣ, худши­но­сию худогоҳӣ ва ғам­хо­ри ҳамдигар буданро афзун гардонад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: