ТЕРРОРИСТ ИСЛОҲНОПАЗИР АСТ29-05-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 591 нафар
Назарҳо: 0
Шоми 19 майи соли равон дар муассисаи ислоҳии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ содир гардид. Дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман хабар медиҳад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ҳодисаи мазкур дар мамлакат бори нахуст набуда, ҷунин амалҳои нангин таи солҳои қаблӣ дар муассисаҳои ислоҳотии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва маркази вилоти Суғд шаҳри Хуҷанд ба амал омада буданд. Ташкилкунандагони ин бетартибӣ чун ҳодисоти қаблӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати Исломӣ» буданд. Воқеан ҳам созмони террористӣ экстремистии ба ном “Давлати Исломӣ” ҳамчун як қувваи манфур дар дафтари таърих сабти ном шуда, агарчӣ ин гурӯҳи ҷиноятӣ маҳву нобуд шудааст, аммо шохаҳои парокандаи он ва пайравону мубталоёни ин роҳи ноадолатӣ то ба ҳол ба ҳаёти рӯзафзуни ҷомеаи инсонӣ хисороти ҷониву молӣ расонида истодаанд, ки ин албатта боиси нороҳатии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Дар доираи ҳодисаи рухдода ва таҳлилу баррасии ин масъала суҳбате доштем, бо Номвари Қурбон, ходими Маркази “Оянданигарӣ”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо рух додани ин ҳодиса имрӯзҳо миёни аҳолӣ саволе дар ҷустуҷуи посух аст, ки мушкил дар ислоҳнопазир будани пайравони созмони террористии ба ном “Давлати Исломӣ” аст, ё мавҷуд набудани шароити ислоҳотӣ дар муассисаҳо? Дар ин самт назари Шумо чист? Аслан мушкилот дар фаҳмишу зеҳнияти мост. Мушкил дар он аст, ки мо на ба ақидаи илмиву донишҳои дунявӣ, балки ба бовару эътиқод такя мекунем. Тамоми ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти рӯзмарра ба вуқуъ мепайванданд, онҳоро дар чаҳорчӯбаи дину мазҳаб баҳодиҳӣ менамоем. Мушкилот аз ин ҷо сарчашма мегирад, ки он нафароне, ки пайвасти гурӯҳҳои террористиву экстемистӣ мегарданд, агарчӣ дар соҳаҳои худ таҷриба доранд, вале аслан чунин тоифа саводи кофии дунявӣ надоранд ва ақоиди хурофотӣ дар зеҳни онҳо реша давондааст. Дар чунин ҳолат вақте фикру назар дар чаҳорчӯбаи дину мазҳаб қарор гирифт, дар чунин ҳолат назар ба бунбаст гирифтор мешавад. Хуб бубинед, дар таълимоти дини Ислом омадааст, ки “Муъмин наметавон шуморид онеро, ки ҳар чиро баҳри худ мехоҳад ва бародару додари худро аз дастрасӣ ба он маҳрум менамояд”, пас амалу рафтори мубаллиғон ва пайравони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгаро ба ҳеҷ дину мазҳаб наздикие надорад. Имрӯзҳо коршиносони ҳирфаии сайёра бар он назаранд, ки қисми зиёди шомилбудагони гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремисӣ аслан ислоҳнопазир мебошад, чун эшон зимни фаъолият дар сафи чунин созмонҳои ҷиноӣ ба як “биоробот” мубаддал гаштаанд. Шумо чӣ назар доред? Ба назари ман чунин ақида то андезае қобили қабул аст. Чун вақте онҳо дар чунин низом ва таълимот ба воя расиданд, онҳо ба ҷуз худро “ҷундуллоҳ”, яъне дар роҳи Ҳақ худро курбон намуданд, дигар чизеро намебинанд. Агар онҳо аз таълимоти дунявӣ огоҳӣ медоштанд, албатта ба ин роҳ намерафтанд. Дар ин ҳолат ман фикр мекунад, ки онҳо ислоҳнопазир ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки имрӯз агар дилхоҳ пайравони гурӯҳҳои террористиро супориш бидиҳанд, ки як манзара тасвир кунанд, онҳо ҳамагӣ ҳолати ҷангиро рӯи қоғаз хоҳанд овард, чун дар зеҳни эшон ба ҷуз қатлу куштор дигар ҷизе вонамуд намегардад. Ягона роҳ он аст, ки чунин нафронро дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ муддатҳои зиёд таълиму тарбия дод, то зеҳнияти онҳо аз ақоиди хурофотиву амалҳои қалту куштор пок карда шавад. Пайравони гурӯҳу созмонҳои террористӣ ва экстремистии ба ном динӣ яке аз ҳадафҳои интихоб намудани чунин роҳи бедодгариро дар набудани озодии дин ва эътиқодмандии беандоза ба дин, дар мамлакатҳои дунявӣ мешуморанд. Ба андешаи Шумо озодии динро чунин нафарон чӣ гуна тасаввур менамояд? Озодии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан вуҷуд дорад. Бубинед миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ танҳо дар мамлакати мо ҳизби динӣ амал мекард. Миёни ин кишварҳо масҷидҳову мадориси динӣ дар мо зиёдтар аст. Озодӣ бар он маъно нест, ки ҳар нафаре чӣ аз дасташ ояд иҷро кунад, дилхоҳ озоди низ дар доираи қонун ва меъёрҳои ахлоқиву инсонӣ сурат мегирад. Дар воқеъ терроризм ва экстремизми ба ном динӣ ин василаи баровардасозии манфиат барои гурӯҳҳои муайян ва қувваҳои бузург мебошад. Агар ҳастанд нафароне, ки бо ин ақида ҳамфикр нестанд, пас биандешанд, ки чунин гурӯҳҳо аз замони пайдоиш то ба имрӯз то куҷо баҳри дин хизмат кардаву, чи гуна дар доираи таълимоти динӣ амал менамояд. Ҳодисаи охири рухдода дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат далел бар он аст, ки қурбониёни ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба ҷуз иҷро намудани супориши мубаллиғони худ дигар хеҷ амалеро содир намекунанд ва ба ҳеҷ дину мазҳам низ хизмат намекунанд. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.