Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР ГРАН ПРИИ ҲОҲҲОТ ШИРКАТ МЕКУНАД

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР ГРАН ПРИИ ҲОҲҲОТ ШИРКАТ МЕКУНАД

24-05-2019, 14:21
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз – 24 май – дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардуми Чин мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи сабқатҳои Гран Прии Федератсияи байналмилалии дзюдо оғоз гардид, ки то 26 май идома меёбад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз ҷумҳурии мо як нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг иштирок мекунад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тољикистон Сомон Маҳмадбеков 25 май дар даври аввал бо варзишгари Руссия Олег Бабгоев гуштин мегирад. Дар ин вазн ҳамагӣ 31 варзишгар номнавис шудаанд.
Дар мусобиқа 301 варзишгар (159 мард, 142 зан) аз 43 давлати дунё иштирок доранд ва барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) ва ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Федератсияи байналмилалии дзюдо, ҳамчунин ба ғолибони мусобиқа 3000 доллари ШМА, барои ҷои дуюм – 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ ҷоизапулӣ муқаррар кардааст.
Сомон Маҳмадбеков ба ҳолати 24 май дар вазни -73кг-и раддабандии олимпӣ дар ҷои 31-ум мавқеъ дорад.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: