Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чекро ҳам мефурӯшанд

Чекро ҳам мефурӯшанд

21-05-2019, 11:59
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Чанд рӯз пеш хостам ба телефони мобилиам пул гузаронаму бо бародаронам, ки айни ҳол дар Русия қарор доранд суҳбат кунам. Ба назди терминале, ки дар пеши бозори «Ховарон» ҷойгир ҳаст, рафтам. Дар он ҷо ду марди калонсол бо диққат, мислион ки чизеро гум карда бошанд, экрани терминалро аз назар мегузарониданд. Ман, ки саросема будам, онҳоро интизор нашуда пурсидам:
-Тағоҷон тинҷӣ ҳаст, ин қадар бо диққат терминалро нигоҳ карда истодаед?
-Тинҷӣ бачаҷон. Рақами терминалро кофта истодаам, то ки занг занам. Дирӯз бегоҳ 10 сомонӣ пул гузарондам, аммо нагузаштааст. Мехоҳам занг зада сабаби нагузаштани ипулро пурсам. Ман кунҷи терминалро, ки дар он ҷо «телефони хадамоти дастгирӣ» навишта шуда буд, нишон додам. Яке аз онҳо саросема телефони мобилии худро аз ҷайбаш бароварда, онро навишта гирифт.
Чунин ранг гирифтани корро дида, ман ҳам барои пул гузарондан дудила шудам.
Надоштан ва ё надодани чек аз тарафи терминалҳо барои муштарӣ мушкилоти зиёде пеш меоварад. Аз ҷумла сарфи вақт, дар баъзе ҳолатҳо ҳал нашудани проблема, масрафи пул ҳангоми дубора телефон кардан ба хадамоти дастгирӣ (ба хадамоти дастгирӣ занг задан на ройгон, балки пулакӣ ҳаст) ва амсоли инҳо.
Барои санҷиш ман ҳам 7 терминали пулгузаронӣ (сетоаш кор намекард. Аз экрани пури чанги онҳо ва ифлосии зиёд маълум буд, ки хело шудааст кор намекунанд), ки дар гирду атроф ва назди бозори «Ховарон», ки дар маҳаллаи 7 километри ноҳияи Шоҳмансур мавҷуд аст, пул гузарондам. Чор терминал расид надод, ҳарчанд онҳо барои пардохт ҳаққи хизматрасониашонро(комиссия)бо дарсадҳои гуногун аз пули пардохткардаам меситониданд.
Ман ҳам мисли дигар шаҳрвандон, «бало ба пасаш» гуфта, сӯйи коргоҳ равона шудам. Аммо аз байн каме нагузашта, аз терминали ширкати PayvandTM (paymentsystem) рақамаш: 361480, хадамоти дастгириаш: 988886161 ду смс (нома) омад. Дар смс аввал барои ҳамаи мо маълум: «Пардохт дар ҳаҷми 0.87 TJS санаи 13.05.2019 ворид шуд. Соат 7:33». Аммо вақте смс дуюм «RasidielektroniJDMMTAKHTamviLQashud: 1.00 Bahisob: 0,87»-ро хондам ҳайрон шудам. Охир аз 1 сомонии гузарондаи ман, бояд 0,90 сомонӣ мегузашт, на 0,87 сомонӣ.
Барои муайян кардани ин дубора ба назди терминал баргаштаму хостам бифаҳмам чаро чунин аст. Барои санҷиш дубора рақами телефонамро ба он чиндаму калимаи «давом»-ро зер кардам. Дар аввал вақти пул гузарондан диққат надодам, ки дар поёни экрани терминал чунин навиштаҷоте будааст: «Муштарии муҳтарам мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» шумо метавонед чеки электронӣ гиред. Ин ба шумо имконият медиҳад, ки дар ҳолати нагузаштани маблағатон ё ягон мушкили ба маркази хизматрасонии ширкати мо ба рақамҳои 98-888-61-61 муроҷиат намоед. Нархи як адад чеки электронӣ 3-дирамро ташкил медиҳад, ки аз маблағи воридгардидаи шумо гирифта мешавад».
Ҳангоми таҳқиқ аз назди филиали бонки «Эсхата» каме поёнтар аз истгоҳи Сирки давлатӣ то истгоҳи бонки «Эсхата», ки дар рӯ ба рӯи нашриёти «Адиб» ҷойгир аст, наздики 35 ва зиёда аз он терминалҳои пулгузаронӣ гузошта шудааст. Ҳамаи онҳо бе расид кор мекардаанд. Танҳо терминали ширкати «QpayQiwi Кошелек» чунин навиштаҷоте дошт: «Диққат! Терминал муваққатан чек намедиҳад. Бо пахш намудани тугмачаи «Ба пеш» Шумо барои гирифтани «Чек»-и электронӣ розигӣ медиҳед». Чеки электрониаш бошад, тариқи смс ба телефони мобилӣ меояд». Дигар ин ки, аз ин ҳисоб танҳо се терминал, ки ба Бонки «Эсхата» ва як Ҳумо терминал, ки ба Ташкилоти амонатии қарзии хурд «Ҳумо» тааллуқ дорад, ройгон аст, яъне ҳангоми пул гузарондан ба телефони мобилӣ ҳаққи хизмат (комиссия) намегиранд.
Ин навиштаҷотро хонда, дар ҳайрат афтодам. Ба андешаи мо ҳар як соҳиби терминал вазифадор аст, ки ба муштарӣ ҳангоми пардохти маблағ чек диҳад, новобаста аз он ки хаттӣ ҳаст ё ин ки электронӣ. Бе ин ҳам имрӯз аксарияти терминалҳои пулгузаронии дар пойтахт буда, чеки қоғазӣ надоранду ба муштарӣ онро намедиҳанд. Дар бештари онҳо чунин навиштаҷот «Бо сабабҳои техникӣ чек дода намешавад» ё «Дар айнӣ ҳол дар автомат қоғаз нест барои додани чипта!» дида мешавад. Магар ин баҳона шуда метавонад? Ҳеҷ набошад, чеки электрониро мисли бархе аз терминалҳо ройгон ба роҳ монанд, то ки муштарӣ бе ягон мушкилӣ ба ҳамон терминале, ки маблағ гузарондааст,занг занаду проблемаи худро ҳал кунад. Охир барои ситонидани як чеки электронӣ 3-дирам ин беинсофӣ ва ҳатто ҳаққи муштариро дидаву дониста,хӯрдан нест?
Шуҳрат Солоҳиддинов, сардори идораи Низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд: «Ҳангоми пардохти маблағи молу хизматрасониҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт (чипта ё расид) ба пардохткунанда пешниҳод карда шавад. Ҳамин тартиб, инчунин ҳангоми пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқаи мобилӣ, барқ ва ғайра тавассути терминалҳои худкори худхизматрасоне, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ марбут мебошанд, татбиқ мегардад. Қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” агентҳои пардохтии бонкиро вазифадор менамояд, ки ҳангоми гирифтани пули нақд амалиётро бо чиптаи (расиди) хазина тасдиқ намояд.
Инчунин, қонуни мазкур бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ имконияти пешниҳоди чиптаи (расиди) хазинаро ба пардохткунанда дар сурати гирифтани розигии ӯ ба таври электронӣ пешбинӣ намудааст. Додани чиптаи (расиди) хазина ба пардохткунанда дар намуди коғазӣ ё дар сурати гирифтани розигии шахси воқеӣ ба таври электронӣ уҳдадории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ буда, ҳар гуна гирифтани маблағи иловагӣ барои додани чиптаи (расиди) хазина набояд гирифта шавад».
Охир чек воситаест, кисупоридани маблағи муштариро тасдиқ мекунад. Дар сурати набудани он ҳагоми пеш омадани ммушкилот ҷониби хизматрасон метавонад идаои муштариро нодида гирад ва ё рад кунад. Пас чаро масъулини ширкатҳобарои дастрас кардани чек ба муштарӣ чораҳои заруриро намеандешанд.Ин дар ҳолест, ки онҳо вазифадоранд, ки терминалҳояшонро ҳамеша бо чек таъмин намоянд.
Дар ин баробар мардум ҳам гунаҳкор ҳастанд. Онҳо вақте маблағ пардохт мекунад, ҳаққи худро талаб намакунанд. Бархе худро олиҳимат нишон дода, ба бақияи пулҳояшон аҳамият намедиҳанд. Аз ин рӯ агар пули онҳо нагузашт, дигар аз қафояш намешаванд. Ё ин ки вақти харид аз бозор ё мағоза аз 10 дирам то 50 дирам ва зиёда аз он бақия мемонад, намегиранд ва ҳатто бо ифтихор «Монуш», «Бгируш», «Лозим нест», «Дафъаи дигамегирум»… мегӯянд. Ин гунаҳо андеша намекунанд, ки бо ин амали «олиҳиматонаашон» хизматрасонҳоро ба маблағӣ муфт гирифтан одат мекунонанд.
Дигар ин ки ҳангоми гузарондани маблағ аз терминалҳо ба телефони мобилии ман смс (сообщение) барои пардохти пул бо гирифтани ҳаққи хизматрасонӣ гуногун омад.

Нигаред ба ин аксҳо:
  Чекро ҳам мефурӯшанд   Чекро ҳам мефурӯшанд


Терминалҳо ба ширкат тааллуқ доранд, аммо гирифтани ҳаққи хизматрасонӣ гуногун. Масалан дар терминалҳои PayvandTM (paymentsystem)чанд намуди комиссия вуҷуд дорад. Дар акси аввал сетои якумаш смс ин терминал аст.
Дар поёни терминал, дар баъзеаш дар бараш чунин навиштаҷоте омадааст:

«Нақшаи хизматрасонӣ»

Мисоли дар терминали PayvandTM (paymentsystem)

Аз сомонӣ То сомонӣ Комиссия
1 5 0,15 сомонӣ
5,01 9 4%
9,01 11 3%
11,01 19 4%
19,01 21 3%

Ё ин ки:

Аз
(Сомонӣ) То
(Сомонӣ) Комиссия

1
2,99
сомонӣ 0,10
Сомонӣ

3 1030
сомонӣ
3%



Аз сомонӣ То сомонӣ Комиссия
1 3 0,15 сомонӣ
3,01 5000 3%
5000,01 1000000 0%

Дартерминали (Levekand Тамвил):

Сумма в сомонӣ Комиссия
0-1 10%
2-2 5%
3-49 4%
50-99 2%
100-9999 0%

Ё ин ки:

Маблағ дар сомонӣ Ҳаққи хизмат

Аз 1 то 5 0,2 сомонӣ
Аз 6 то 9 5%
Аз 10 то 10,5 4%
Аз 11 то 19 5%
Аз 20 то 20,5 4%

Мутаассифона дар бархе аз терминалҳои пойтахт чунин нақшаи хизматрасонӣ дида намешавад. Масалан барои терминалҳое, ки ба бонки «Эсхата» ва «Ҳумо» тааллуқ доранд, будани чунин нақша зарурат надорад, чунки ҳаққи хизматрасонӣ ситонида намешавад. Аммо бархе аз ширкатҳо ё соҳибкороне, ки терминалҳо ба онҳо тааллуқ дорад, бигзор чунин нақшаи хидматрасонӣ ҳатман ҷорӣ карда шавад, то ки ҳангоми пул гузарондан муштарӣ фиреб нахӯрад.
Бадии кор дар он аст, ки имрӯз дар терминалҳои насбкардашуда дар шаҳри Душанбе тамғаи терминали як ширкат навишта шудааст, аммо истифодаи тарифҳову нархгузориҳо гуногун аст.Дуруст аст, ки онҳоро ҳар як соҳибкор аз ширкат харида ё иҷора гирифта, истифода мебарад. Вале бояд тарофа ва нархгузориҳо аз тарафи ширкат назорат ва муайян карда шаванд. Дар ин ҳолат муштариён, ҳангоми истифода роҳгум намезананд ва дилпурона метавонанд аз ҳамон терминалҳое, ки ба он ширкат тааллуқ дорад, истифода барад.Мақомоти назоратиро мебояд доир ба ин масъала чораандешӣ намоянд.
Ҳарчанд, ки дар пункти 14 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он»(30 апрели соли 2016, №207-7) омадааст: Тартиби ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштарӣ) гузаронидани маблағ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
-гузаронидани маблағ танҳо тавассути кортҳо, терминалҳои хурд ва калон (таҷҳизоти дигар), ки ҳамчун воситаҳои алоқаи барқӣ тибқи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи мобилӣ» мавриди сертификатсия қарор мегиранд, сурат мегирад;
-маблағи супоридашуда бояд фавран ба тавозуни истифодабаранда гузаронида шавад;
-фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.
Мутаасифонаин меъёр аз тарафи соҳибони терминалҳо риоя карда намешавад.
Имрӯз дар бархе ҷойҳо терминалҳои худхизматрасонӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Аз намуди зоҳирии онҳо маълум аст, ки муддати зиёд бекор хобидаанд. Хуб мешуд, ки соҳибкорон, ширкатҳои дахлдор ва намояндагони мақомоти иҷрояи шаҳри Душанбе терминалҳоеро, ки кор намекунанд ва ё дар ҷое насб шудаанд, ки зарурате несту мардум онро истифода намебаранд, гирифта дар ҷойҳое, ки ниёз ба он аст, насб кунанд. Агар терминалҳо дар пойтахт зиёд бошанд, бигзор онҳоро бурда дар деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон насб кунанд, то ки мардуми деҳа аз он истифода баранд. Имрӯз норасоии терминалҳо дар ноҳияҳои дурдасти кишвар хело зиёд ба чашм мерасад.
Баъди аз тадқиқотҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар баъзе соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, махсусан терминалҳои худхизматрасонӣ мушкилот дида мешавад. Хуб мешавад, ки масъулини соҳа ба ин чиз бештар таваҷҷуҳ диҳанд, то ки ин бесарусомониҳо дида нашавад. Дигар ин ки шаҳрвандон низ набояд нисбати ин проблема бепарвои зоҳир намоянд. Ҳар як маблағи масрафмекардаашонро назорат кунанд, то ки фиреб нахӯранд.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: