Озодии баён ва равияҳои муосир7-05-2019, 15:29
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 3 май ба унвони рӯзи матбуоти озодёозодии баён дар олам шинохта мешавад. Ҳамасола журналистони кишвари мо низ ин санаро бо ҳамоише истиқбол мегиранд. Соли равон дар конфронси байналмилалии «Мусоидати расонаҳо барои рушди устувори сулҳ ва демократия», ки бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар иртибот ба ин рӯздоир гардид, журналистони зиёди ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар ин ҳамоиш аз кишварҳои Россия, ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон қаламкашон даъват шуда буданд. Ҳамчунин дар ин конфронс Масрур Абдуллозода- мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи Ҳукумати мамлакат Олим Салимзода- раиси Кумитаи Парлумони кишвар, Фейзо Нуманай- иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе,Ҷон Марк Поммершайм- сафири ИМА дар Тоҷикистон, Ҳю Филпот- сафири фавқулода ва мухтори Британияи Кабир дарТоҷикистон, ҲидекиТалаба- роҳбари оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд. Масрур Абдуллозода зимни суханронии хеш аз ҷумла гуфт, ки:«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Воситаҳои ахбори омма, чи ҳукумативу чи мустақил, мисли ду боли муқтадир буда, дар назди Ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд. Бинобар ин, рӯзноманигорон ва аҳли қалам бояд дар ифшо сохтани нуқсу камбудиҳо ҷасур бошанд ва дар баробари ин дарк намоянд, ки ба мо танқиди созанда ва бодалел зарур аст, на сӯзандаву бебунёду интиқомҷӯёна. Матбуотро ба чашми ҷомеа ташбеҳ кардаанд. Маҳз ба воситаи он ҳукуматдорон аз камбудиву норасоиҳои ҷомеа огоҳ мешаванд ва барои бартараф кардани онҳо мекӯшанд». Давлати Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тӯли ин солҳо ҳамеша ба арзишҳои умумибашарӣ, ки дар санадҳои байналмилалӣ зикр гардидаанд, арҷ гузошта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Конститутсияимамлакатчунарзишиолӣэътирофнамуда, риоя ва таъмини онро кафолат додааст. Озодии баён ва матбуот аз ҷузъҳои таркибии озодии инсон аст ва таъмин будани он барои суботи ҷомеа, пешрафт ва рушди бемайлони кишвар, ҳамоҳангии фаъолияти ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Бо дарки ин нуктаи муҳим ва нақши рӯзафзуни воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмин будани чунин озодиҳоро ҳамеша дар мадди назар доранд. Қобили тазккур аст, ки дар замони муосир равияҳо дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма тағйири услуб ва пешниҳод кардаанд. Дар конфронси мазкур ширкат дорон паҳлуҳои гуногуни пешниҳоди иттилоот ба ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.