Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ

Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ

22-01-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти пурсамари гуруҳҳои таблиғотӣ ва мобилӣ таҳкимбахши ҳадафҳои стратегии ҲХДТ...Ба ҳамаи ташкилотҳои вилоятию шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дастур дода мешавад, ки ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ ва мобилиро такмил дода, фаъолияти онҳоро доимоамалкунанда гардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон


Дар фаъолияти ҳизбӣ, таблиғот яке аз самтҳои асосии корӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бояд ақида, ҷахонбинӣ, дониш, муносибат ва бархурди шахс ба муҳит, ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, дин ва ҳизбҳо ба назар гирифта шаванд. Яъне барои кор бурдан дар байни омма, тарғибгар бояд дорои қобилияти баланди суханварӣ ва ба худ ҷалб кардани мардумро дошта бошад ва дар дилхоҳ мавридҳо мавқеи сиёсии худро ҳимоя карда тавонад.

Муҳимтарин васила барои расидан ба ин мақсад истифодаи усулҳои пешқадами таблиғотӣ мебошад. Пешбурди корҳои ҳизбӣ маҳз аз таблиғот вобастагии калон дорад ва инчунин мушоҳида ва таҳлил яке аз рукнҳои асосии таблиғот мебошанд. Ин маънӣ дар суханронии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 4-уми декабри соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ дар марҳалаи ҳозира, мавриди назар қарор гирифта буд.

Бо иттилооти таъҷилии сиёсиву ҳизбӣ фаро гирифтани аъзо ва алоқамандони ҳизб яке аз мавзуъҳои муҳими таблиғоти ҳизбӣ ба шумор меравад. Зеро ҳаёт исбот намудааст, ки ҳизбу созмонҳо сарфи назар аз ақида ва роҳҳои гуногуни созандагӣ метавонанд дар ҳалли масоили умумимиллӣ мутаҳҳид шуда, барои миллату Ватани хеш хизмат намоянд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Воқеан, барнома ва стратегияи давлат, меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб ба шумор меравад.

Роҳандозии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҷалби аъзоёни ҳизб ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин замина мувофиқи мақсад ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати Президенти мамлакат, дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба корҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ, баррасӣ ва мусоидат намудан ба мушкилот ва муроҷиати шаҳрвандон ба воситаи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ, такмили коргузорӣ, баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои ибтидоӣ ва зиёд намудани ташаббусҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Ин маънӣ аз тарафи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ махсус қайд гардида буд.

Самаранок ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ дар раванди корҳои ҳизбӣ омили муҳим ба ҳисоб рафта, дар нуфуз ва манзалати ҳизб муҳимияти махсус дорад.

Тарғиботу ташвиқоти ҳадафрас таҷассумгари идеяҳои сиёсӣ, фалсафӣ илмӣ ва бадеӣ дар дилхоҳ ҷомеа мебошад.

Имрӯз ба мо лозим аст, ки тарғиботи ҳизбро дар мавзуъҳои тарбияи аъзоёни ҳизб ва кадрҳои ҳизбӣ боз ҳам пурзуртар намоем. Барои ба ҳадаф расидан мебояд, қабл аз ҳама роҳу воситаҳои тарғиботиву ташвиқотиеро пайдо кунем, ки нишонрас ва ҳамқадами замон бошанд.

Албатта, дар раванди ҷаҳони муосир роҳу василаҳои гуногуне тарғиботие ҳастанд, ки мазмуни нав доранд ва дар пешгаҳи даргаҳи инсон ҳамчун авсоти муҳими маънавӣ дониста мешаванд. Пеш аз ҳама бузургтарин дастгоҳҳои тарғиботӣ-воситаҳоии ахбори омма (ВАО), радио, телевизион, сомонаҳои интернетӣ идомабахши маъниҳои болоиянд.

Дар даврони муосир, ки дараҷаи нигоҳ ва тафаккури мардум пеш рафтааст, мо бояд ҳамеша байни мардум бошем ва ҳар як зуҳуроту ҳодисоту воқеоти дар ҷамъият рух додаро ба онҳо некбинона расонем, ҷузъиётҳои хубу таъсирбахши онро тарғибу ташвиқ намоем ва бо табақаҳои гуногуни ҷомеа суҳбату мулоқотҳо анҷом диҳем.

Дилхоҳ таблиғотчии ҳизб вазифадор аст, ки идея ва ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамчун ҳизби созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа ва саҳмгузор дар рушди Тоҷикистон, ҳамчун ҳизбе, ки комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост ва дар миёни ҷомеа тарғиб намояд.

Тарғиби пайвастаи саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи тавонманду созандаву муттаҳидсози ҷомеаи миллии Тоҷикистон, ки мароми он созандагию бунёдкорист, яке аз омилҳои асоси дар ҷодаи тарғиботӣ ва ташвиқотии ҳизб ба шумор меравад.

Инъикоси ҲХДТ ҳамчун ҳизби барои Тоҷикистон ҷадид, миллӣ, минбари андешаву ормонҳои халқ, рамзи озодию демократия муҳимтарин назаррасонӣ барои мардум аз ҷониби таблиғотчии ҳизб дониста мешавад.

Баланд бардоштани нуфуз ва тавсеаю тақвияти фаъолияти ҳизбӣ бо фарогирии ҳарчӣ бештари шаҳрвандон, таъсиси электорати устувор ва холӣ намондани фазои сиёсӣ дар таблиғ ва ташвиқи ҳизб дониста мешавад.

Истифодаи афкори мавҷудаи мусбии мардумро оид ба ҲХДТ дар рафти амалияи таблиғотӣ ва истифодаи потенсиали мавҷудаи аъзоёни ҳизбро ҳамчун захираи стратегӣ таблиғотчиёни ҳизб ҳамеша мавриди назар бояд қарор диҳанд. Ана ҳамин аст вазифа ва мақсади фаъолияти кории гуруҳҳои тарғиботӣ дар фаъолияти ҲХДТ.


Новобаста ба ин таҳрик ва амалҳои назаррас, дар ҷомеаи муосир мо ба гуруҳҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки арз ва мудовои тахсиромез доранд ва бо ихтилофи таққалубомезу фитнаангезии хеш ҷомеаро ноором месозанд. Баъзан дар воситаҳои ахбори омма мақола ё маводе низ ба нашр мерасанд, ки аз воқеияти аслӣ дуранд.

Агар андешаҳои баёншударо таҳқиқ ва таҷзия намоем, билкул эҳсос мекунем, ки мудовои онҳо сареҳ набуда , асос надорад.

Ин мазмунро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов зимни яке аз суханрониҳояш чунин баён намудааст: "Ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба интиқоду матолиби муғризонаи мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои мустақилу расонаҳои хабарии хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, мардумро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф соатҳои ахбори сиёсӣ гузаронанд.

Моро лозим аст, ки корҳои сиёсиву ҳизбиамонро дар ҳамин замина роҳандозӣ намоем ва мардумро ба моҳияти аслии онҳо ошно кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки барои кишвари мо дар шароити ҳозира танҳо оромӣ ва сулҳу субот лозим аст.


Дар ҳамбастагӣ бо маъниҳои болои имрӯз ба мо лозим аст, ки дар сафи ҳизбамон таблиғотчиёни бомаҳорату сухандон ва донишмандро мутаҳид сохта, фаъолияти онҳоро қавӣ гардонем.

Дар фаъолияти таблиғотӣ ва коргузории ҳизбӣ усулҳои замонавии таблиғотӣ ва корбариро ба роҳ монем. Барои амалӣ шудани мақсаду маромамон мо бояд тарғибу ташвиқоти ҳадафманде барем, ки он ба тафаккури ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқ буда, пайвандгарии замонавӣ дошта бошад.

Албатта, дар ҷодаи тарғиботу таблиғот роҳу усулҳои мухталифи замонавӣ вуҷуд доранд, ки дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва шаклу усулҳои корбарии ҳизбӣ мусоидат мекунанд. Пеш аз ҳама ташкил намудани сафарҳои омузишӣ ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, дарсҳои сиёсӣ, лексияҳо бо иштироки сиёсатмадорон, олимон, ҳунармандон ва дигар шахсиятҳои маъруфи ҷомеа, чорабиниҳои хайриявӣ ба манфиати кор аст.

Дар қатори ҳамаи ин гуфтаҳои болои метавон тарғиботро ба воситаи жанрҳои мухталифи бадеӣ, театрӣ, кино, санъати рассомӣ, бозиҳои ҳархелаи шавқовар, ки ба тафаккури инсон аз рӯйи мазмун ва иҷроиши худ таъсир мерасонанд, пеш бурд.

Инчунин, метавонем дигар омилҳоеро номбар кунем, ки нуфузи ҳизбро баланд мебардоранд, Аз ҷумла;

- таъсис додани шабакаи махсуси пропагандистӣ ва агитатсионӣ, аз ҳисоби суханварон, агитаторон, лекторон, сиёсатшиносон ва тарғибу ташвиқ намудан ба воситаи айёниятҳо-газетаҳои деворӣ, тахтаи фахрӣ, плакату навиштаҳо ва ғ;

- ба таври тадриҷӣ баланд бардоштани тафаккури интиқодии ҲХДТ дар робита ба мушкилоти иҷтимоӣ;

- ба ҳизб ҷалб намудани зиёиёни музофот, бахусус омӯзгорон, собиқадорони меҳнат ва дигар ашхосе, ки байни мардум маҳбубият доранд;

- гузаронидани вохуриҳо дар музофоти дур, бо иштироки собиқадорон ва номварони ҳизб, ки мардум онҳоро эҳтиром мекунанд;

- Зиёд кардани чорабиниҳои анъанавӣ-вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва ғ;

Агар мо нисбат ба андешаҳои болои хулосаи худро иброз дорем, пеш аз ҳама моҳияти асосии масъала дар баланд бардоштани сатҳи маънавӣ-сиёсии аъзоёни ҷомеа, дуруст дарк кардану дар мизони маънӣ бар кашидани принсипҳои мардумсолорӣ-сулҳу озодӣ, ваҳдату тафоҳуми миллӣ, озодандешӣ, адолатпарварӣ ва амсоли инҳо зоҳир мегардад. Ҷомеаи муосири мо дар давраи мураккаби бархурди тамаддунҳо ва тағирёбии глобалии арзишхои сиёсию маънавӣ, ҷаҳонишавию зеҳникунонии раванди мехнат ва дигар шаклхои фаъолияти ҷомеа, қарор дорад. Махсусан, дар замони муосир маърифатнокии сиёсӣ, илмию техникӣ аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Пешрафти технологияи муосир, бахусус компютерӣ ба мо имкон медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо истифода аз васоити техникӣ пеш барем. Сомонаҳои интернетӣ, кушодани сайтҳои ба мақсад мувофиқ имконоти тарғиботии моро васеъ мекунанд.

Дигар тарафи масъалаи ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, чуноне, ки дар боло иброз намудем бештар ҳамкорӣ намудани марказ ба музофоти дуру наздик мебошад. Агар тӯли ҳар се моҳ се чор кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирад, он гоҳ эҳсоси масъулият ва ҷоннокшавии фаъолияти ҳизб дар маҳаллот назаррас мегардад. Вале дар шароити имрӯза аз ҳама муҳим, таҳрик додани ҷомеа ба самти илму маърифат аст. Илму хирад ба сифати василаи низоми зиндагии иҷтимоӣ дар таҳкими андеша, ҷаҳонбинӣ, сулҳу субот ва тафоҳуми сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии инсонҳо нақши мубрам дорад.

Дур рафтани ҷомеа ва бахусус ниҳодҳои фарҳангию маърифатӣ, аз ҳавзаи илм ва ҷаҳонбинии илмӣ боиси ба хурофоту таассуб мувоҷеҳ гардидани ҷомеа шудааст.

Боиси таассуф аст, ки таи солҳои охир ба ин масъалаи марбута, аз ҷониби зумрае аз ҳизбиёни мо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мегардад. Ба ҷойи он , ки ба мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ расидагӣ кунем, бетафоввути ва саҳлангорӣ карда истодаем. Дар ин раванди ба амал омада моро лозим аст, ки неру ва қувваи тавоноӣ тарғиботиро сафарбар намоем.Дар ин масъала низ ба мо дониш ва маҳорати баланди тарғиботӣ зарур аст.

Гузашта аз ин, қисме аз ҳизбиёни мо ба хотири «чизе» узвияти ҳизбро ба худ қабул кардаанд. Ин мавзуъ низ аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 4-уми декабри соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ дар марҳалаи ҳозира, хуб таъкид шуда буд: “Айни замон ҳазорҳо аризаи шаҳрвандон дар омӯзиши ташкилотҳои ҳизбӣ қарор доранд, ки хоҳиши узви ҳизби мо шуданро доранд.

Аммо моро мебояд, ки дар масъалаи қабули аъзои нав эҳтиёткор бошем ва дар ин самт бояд ба сифатҳои шахсии онҳо, яъне донишҳои сиёсиву маърифати онҳо ва садоқате, ки ба ғояҳои ҳизбӣ доранд, таваҷҷуҳ намоем.


Дигар самти корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ин мукаммал ва доимамалкунанда гардонидани гуруҳҳои мобилӣ-тарғиботӣ мебошанд, ки дар пешрафт ва таҳкими ақидаҳои ҳизбӣ, пойдории он ҳисса гзошта, дар ҳама ҳолатҳо яке аз хубтарин тарғиботчиён ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки тӯли чанд сол боз гуруҳҳои мобилӣ дар сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ амал карда, дар ин ҷода нуфуз ва манзалати махсус пайдо намудаанд.
©Тағоймуроди Орифӣ
идома
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: