Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард

Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард

19-04-2019, 10:32
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он 27 апрели соли равон, аз соати 10:00 то соати 12:00 ба клуби мотосиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани маъракаи «Кушодашавии мавсими мотосиклронӣ-2019» иҷозат дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори мазкур, макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокдорони чорабинӣ Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мебошад. Ҳаракати қатораи иштирокчиён бо ҳамроҳии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мотосиклронӣ як намуди варзиши техникӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз дар ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тавре аз Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамасола аз ҷониби ташкилоти мазкур дар машқгоҳҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Сарбанду Турсунзода пойгаи мотосиклронӣ доир карда мешавад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол теъдоди дастаҳои дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкаткунанда афзоиш меёбад. Ҳоло варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуда, маҳорати хуб нишон медиҳанд. Аз ҷумла, варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии ҷамъияти мудофиавии ҷумҳурӣ Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов дар Мусобиқаи байналмилалии пойгаи мотосиклронӣ, ки дар шаҳри Теҳрон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи мотосиклронҳои Осиё баргузор шуд, ширкат намуданд. Иштироки онҳо дар ин мусобиқаи варзишии байналхалқӣ дар ду даҳсолаи охир бори нахуст сурат гирифта, шаҳодати ба арсаҳои баланди ҷаҳонӣ роҳ ёфтани варзишгарони риштаи мотосиклронии Тоҷикистон ба шумор меравад».

Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникӣ мотосиклҳои замонавӣ дастрас намудааст. Ҳамчунин мактаби автомобилии ноҳияи Ёвон, мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода ва Клуби вилоятии варзиши техникии вилояти Хатлон низ мотосиклҳои замонавӣ харидорӣ карданд. Минбаъд дар назар аст, ки шумораи чунин воситаҳои техникии варзишии истеҳсоли муосир афзун карда мешавад.

Дар мусобиқаҳои пойгаи мотосиклронӣ созмонҳои мудофиавии шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ёвон, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштироки дастаҳои мунтахаби худро пайваста таъмин менамоянд.

Мотосиклронҳои варзида ва ботаҷриба маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо чолокиву малакаи идора кардани воситаи нақлиёти варзишӣ миёни мухлисон маҳбубият пайдо намудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: