Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан

Мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан

19-04-2019, 10:28
Хабарро хонданд: 519 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо аз имкони навбатии дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, доир ба нақшаву ниятҳои тақвиятбахши муносибатҳои шарикии дуҷонибаву бисёрҷониба табодули афкор намуданд.

Таҳкими муколамаи доимии сиёсии байниидоравӣ, равобити пайваста дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, ҳифзи сарҳад, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳангӣ аз мавзуҳои асосии мулоқот буд.

Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Франсия Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Франсия супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Паёмро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Франсия барои дастгирии доимии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ, лоиҳаҳои бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Соҳаҳои сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, энергетика, фаъолияти муҳандисию машваратӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ барои ҳамкориҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳим шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои нигораҳои таърихию фарҳангӣ дар баробари мусоидат ба рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонад ба афзоиши рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: