Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис

13-07-2017, 08:54
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис
/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Воситаи муҳими беҳбудбахши ҳамшарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ», хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ фаъолияти воситаҳои муҳими тақвиятбахши ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи муваффақонаи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки ҷудо гардидани маблағи 251 миллион евроро ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот пешбинӣ менамояд, ҳамчун санади муҳими беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд.

Аз баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани Барномаи рушд барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафаҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва тақвияти бештари имконияти ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: