Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Лукашенко муносибати Маскавро нисбати Минск «таҳрим» гуфт

Лукашенко муносибати Маскавро нисбати Минск «таҳрим» гуфт

12-04-2019, 15:11
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Лукашенко муносибати Маскавро нисбати Минск  «таҳрим» гуфтПрезиденти Белорусия Александр Лукашенко манъ кардани воридоти як қатор маҳсулоти Белорусия ба Русияро таҳрими иқтисодӣ мегўяд.
«Ман ҳар рӯз дар бораи зиёд гардидани таҳрим нисбати Беларусия аз тарафи шарикони асосии тиҷоратӣ (онҳо худро шарики «тиҷоратӣ» гуфтанро дӯст медоранд) хабарҳои зиёдро мехонам ва мешунавам. Худашон дар таҳрим қарор доранд ва онро маҳкум низ мекунанд, дар ин маврид ман онҳоро тамоман дастгирӣ мекунам. Аммо дар айни замон боз бо чунин «яроқ» бар муқобили иттифоқчиёни наздики худ мубориза мебаранд»- меорад БЕЛТА (Агентии телеграфии Белорус) аз қавли Лукашенко.
Ба гуфтаи Лукашенко, шарикони русиягӣ бозори маҳсулоти Белорусияро мебанданд.
«Гоҳ ин муассисаро мебанданд гоҳ дигарашро. Баъдан ё сабзӣ, ё салат ва ё ҳатто бодиринг низ ба онҳо мақул нашуд. Ё шубҳае дар мавриди расондани маҳсулот пайдо гардида, ҳар рӯз бастани муассисаҳои мо сарукор мегиранд»,-мегӯяд президени Белорусия.
Ахиран маълум гардид, ки Хадамоти федерали иназорати байторӣ ва фитосанитарии Русия 12 апрел дар бораи воридоти себ ва нок аз Белорусия ба кишвараш муваққатан маҳдуд мекунад. Пештар, идораи назорати маҳсулоти кишоварзии Русия воридоти себи туркиро ба кишвараш тавассути Беларусия манъ карда буд.
Њамчунин 5 апрел маълум гардид, ки Белорусия низ гарон кардани тарифи интиқоли нафти «Транснефти» Русияро пешниҳод кардаст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: