Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЧОРВОДОРӢ БА ТАНЗИМ НИЁЗ ДОРАД

ЧОРВОДОРӢ БА ТАНЗИМ НИЁЗ ДОРАД

14-03-2019, 12:00
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
ЧОРВОДОРӢ БА ТАНЗИМ НИЁЗ ДОРАД


Чорводорӣ бо мақсади таъмини амнияти ғизо, пешбурди зиндагӣ, баҳравар шудан аз маҳсулоти серғизои ширию гӯштӣ мушкилоти зиёде дорад. Нигоҳубини доимӣ, таъмини пайвастаи обу хӯрока, ҳифозат аз сармо ва ҳайвоноти даранда, наслгирӣ ва афзоиши саршумор аз ҷумлаи ташвишҳои ҳаррӯзаеанд, ки чорводорон сару кор доранд. Солҳои охир афзоиши саршумори чорво ва чарогоҳҳои беш аз пеш холӣ аз рустаниҳои хӯрданбоби чорво боиси ташвиши ҷиддии чарводорон ва ҳам мутахассисону олимони соҳа гардидааст.
Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори «Минбари халқ» бо доктори илмҳои кишоварзӣ, сарходими илмии шуъбаи хӯронидани чорво ва чарогоҳҳои Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Толибҷон Иргашев перомуни ҳамин мавзӯст.
- Муҳтарам Толибҷон Обидҷонович, мувофиқ ба омори расмӣ саршумори чорво дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1992 панҷоҳ фисад афзоиш ёфтааст, вале майдони чарогоҳҳо сол ба сол бо таъсири ҳодисаҳои номатлуби табиӣ, эрозияи хок, чорвочаронии бефосила ба деградатсия дучор шуда, торафт танг мегарданд. Дар чунин ҳолат чӣ бояд кард?
- Дар соли 1992 дар ҳоле ки масоҳати чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ камобеш 8 млн. гектарро дар бар мегирифт, саршумори чорвои шартӣ, агар ба ҳисоби гӯсфанд ҳисоб кунем (як сар гов баробар ба панҷ сар гӯсфанд), беш аз 17,3 млн. сарро ташкил медод. Мо зиёда аз 2,3 млн. сар гов, яъне чорвои калон доштем. Дар ҳақиқат, ҳоло саршумори чорво, бахусус чорвои майда хеле зиёд шудааст, ки аз рӯйи меъёр ба масоҳати чарогоҳҳо мувофиқат намекунад. Бар замми ин, чарогоҳҳо қисман бо таъсири ҳодисаҳои антропогенӣ ва қисман аз чорвочаронии зиёду зарби пойи чорво ба замини сахти беҳосил табдил ёфта, ҳамасола бо ин сабабҳо ба ҳисоби миёна 4 фисад аз истифода берун мешаванд. Яъне, ба таври умум гӯем, чарогоҳҳо ҳоло ҳам аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ва ҳам аз шумури ғунҷоиши чорво на танҳо дар водӣ, балки дар минтақаҳои кӯҳсор ҳам ба муфлисшавӣ ё ин ки деградатсия дучор шуда истодаанд.
-Махсусан чарогоҳҳое, ки ба деҳоти навоҳии баландкӯҳ наздиканд…
-Бале, дар чарогоҳҳои минтақаи кӯҳии ҷануб дар радиуси аз 2 то 4-5 км заминҳои атрофи деҳот тамоман ба биёбон, ба чул, регзору қумзор табдил ёфтаанд. Дар онҳо дигар ягон бутта алаф намерӯяд. Ҳоло дар ин ҷойҳо барои он, ки чорво алаф ёбад, бояд роҳи дуру дарозеро тай карда, ба чарогоҳи дур равад.
Аз ҳамин сабаб бисёр заминҳои чарогоҳии мо, алалхусус чарогоҳҳои ҳамафасла, баҳорию тирамоҳӣ ва зимистона дар минтақаҳои водии ҷануб бино бар истифодаи нодурусти бефосила ва ҳам чариши саршумори аз меъёр зиёди чорво харобазорро мемонанд.
Мо бо ин гуфтанӣ нестем, ки аҳолӣ саршумори чорворо кам кунад, вале чарогоҳро, ки як ҷузъи табиат аст, тавре бояд нигаҳ дошт, ки ба наслҳои оянда ҳам хизмат расонида тавонад. Барои ин усулҳои бисёри беҳтар кардани ҳолати замини чарогоҳ ва чаронидани чорво, аз ҷумла беҳдошти чарогоҳ, усулҳои куллан ва сатҳан беҳтар намудани ҳолати чарогоҳ, чарогоҳгардони чорво барин мафҳумҳо мавҷуданд.
Сатҳан беҳтар намудан - тоза кардани чарогоҳ аз буттаю сангу хору хаси ғайри қобили хӯроки чорво ва мусоидат ба таъмини нашъунамои рустаниҳои хӯрданбоби чорво, куллан беҳтар намудан – гузаронидани кишти алафҳои табиӣ ва дар нишебиҳое, ки техника гашта метавонад, шудгору кишт, ҷое, ки имконият ҳаст, обёрӣ карданро ифода мекунанд. Яъне обёрии худи замини чарогоҳиро ба роҳ монем. Лекин бояд гуфт, ки беҳдошти ҳолати чарогоҳҳо як тарафи масъала, тарафи дигар ин аст, ки мо ҳамаи ҳамин зиёда аз 2 млн. га чарогоҳҳои тобистонаро самаранок истифода намебарем. Барои он ки миқдори зиёди чорво, зиёда аз 93 фисад, дар дасти аҳолӣ аст ва аҳолӣ наметавонад чорвояшро якҷо сарҷамъона аз водӣ ба баландкӯҳ, ба чарогоҳи тобистона барад. Аз ҳамин лиҳоз қариб 1 млн. га чарогоҳи тобистона пурра истифода намешавад. Бисёр минтақаҳои он ба муфлисӣ, деградатсияи биологӣ дучор шудааст. Дар он ҷо хору буттаю дигар рустаниҳои ба хӯроки чорво номувофиқ бисёртар рӯидаанд. Вақте ки чорво дар он минтақаҳо мечарид, ҳамон хору хаси ғайрихӯрокиро зери по нобуд мекард. Яъне санитари ҳамон ҷо буд.
Акнун дар масъалаи технологияи чарогоҳгардон. Бобою бобокалонҳои мо медонистанд, ки агар дар чарогоҳи тобистона ҳам бошад, чӯпонҳои асил як пуштаи кӯҳро як ҳафта мехӯронданд, пуштаи дигари онро ҳафтаи дигар. Медонистанд, ки алаф дар пуштаи обтобрӯяи самти ҷануб тезтар мерӯяд, бино бар ин чаронданро аз ҳамон ҷо сар карда, пас оҳиста-оҳиста чорворо ба самти шимол мегузаронданд ва боз баъди як моҳ гардонда ба ҳамон заминҳо меоварданд. Яъне, он чарогоҳро дубора истифода мебурданд. Имрӯз бошад, мо дар як ҷо маскан мегирему дар он ҷо чорворо ду моҳ-се моҳ нигоҳ медорем, ки ба ҳеҷ як меъёр рост намеояд.
-Дар гузашта колхозу совхозҳо, ки чорвои ҷамъиятӣ доштанд, барои зимистонгузаронии он коҳу беда захира мекарданд, ҳоло ин корро кӣ ба ҷо меорад?
- Ҳоло ҳам хоҷагиҳои давлатӣ бо қувваи худ хӯроки чорво захира мекунанд. Онҳо ба ин мақсад техника, қувваи корӣ ва қитъаи ҷудокардаи алафзор ҳам доранд, лекин алафзори мо дар ҷумҳурӣ аз рӯйи маълумоти оморӣ ҳамагӣ аз 20,6 ҳазор гектар замини алафдаравӣ иборат аст. Дуруст аст, ки бо супориши Сарвари давлат соли гузашта ҳама қувва сафарбар карда шуд, ки захираи лозимии хӯроки чорво дар вақташ анҷом ёбад, зеро дар акси ҳол ҳолати зимистонгузаронӣ вазнин мешавад. Бинобар ин соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ тамоми мардуми деҳот ба захира кардани хӯроки чорво, бефарқ ҳам барои чорвои ҷамъиятӣ ва ҳам фермерӣ сафарбар карда шуд, то ин ки дар зимистон чорво захираи хӯроки фаровон дошта, талаф наёбад.
- Барои парандаю моҳӣ мо хӯрокаро бештар аз хориҷи кишвар ворид мекунем, барои чорво чӣ?
- Барои чорво ҳам аз хориҷи кишвар хӯрока ворид мешавад, вале ба миқдори на он қадар зиёд. Солҳои охир воридоти хӯроки чорво он қадар ҳам бад нест. Ҳоло бештар иловагиҳои хӯрока, ки таркиби хӯрокаро бо минералҳою витаминҳо бой мегардонанд, ҳам барои чорвои калони шохдор, ҳам барои моли майда ва ҳам барои паранда ворид мешаванд. Асосан модаҳои минералии витаминдоре, мисли соя, лубиёгиҳо ва ғайра оварда мешаванд, ки ҳатман барои хӯроки паранда зарур аст. Истеҳсоли худӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо ҳам кам нест.
Бояд гуфт, ки паранда ҷонвари дар рақобат ба инсон аст. Он ҳам мисли инсон ғалла истеъмол мекунад. Барои ҳамин ҳам ғалладонагие, ки мо истеҳсол мекунем, барои пурра таъмин кардани худи мо ва ҳам аз ҷиҳати ғизонокӣ барои хӯроки чорво аз рӯйи меъёрҳои илман асоснокшуда басанда нест. Лекин дар ҷумҳурӣ мисли «Баракат», ба номи Латиф Муродов ва Абдурауф Юсуфови ноҳияи Ҳисор барин хоҷагиҳои пешқадаме ҳастанд, ки бо вуҷуди аз хориҷа ворид кардани баъзе намудҳои алоҳидаи хӯрока, чорвои худро бо еми серғизо таъмин карда метавонанд. Дар вилояти Суғд ҳам чунин хоҷагиҳо ҳастанд.
Албатта, ба ин мақсад дар парвариши хӯроки чорво аз заминҳои обӣ самаранок истифода бурдан даркор аст. Дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ се соли охир нишон дод, ки метавон аз як замини юнучқазор 7-8 дарав ҳосил гирифт.
- Ба ҳамин монанд агар майдони чарогоҳҳоро ба шумораи бузу гӯсфанд ва аспе, ки дорем, мувофиқи меъёри муайяншуда тақсим кунем, чӣ манзараеро хоҳем дид?
- Майдони чарогоҳе, ки мо дорем, агар мувофиқи меъёр гирем, ба ин басанда нест. Барои як сар чорвои шартӣ то 2 га замини ҳосилнокиаш муътадил ва ё 3 га замини ҳосилнокиаш паст муқаррар шудааст. Лекин агар ҳосилнокии чарогоҳ баланд бошад, як гектараш ҳам кифоя аст. Аз ҳисоби ҳамин як гектар чарогоҳи ҳосилнокиаш баланд метавонед як чорвои калон ва ё панҷ сар гӯсфандро серу пур нигоҳ доред. Албатта, ин бо роҳи чарогоҳгардон, яъне ҷойи чариши чорворо бонавбат иваз кардан муяссар мешавад. Дар мамлакатҳои мутараққӣ дар мисоли бунёди чарогоҳҳои сунъӣ чунин таҷриба ҳаст. Ин чарогоҳҳо ба миқдори чорво нигоҳ карда тақсим карда шудаанд ва дар онҳо ҳамаи шароити парвариш, об, макро-микроэлементҳо, хӯроки омехтаи серғизо, яъне ҳамаи он чӣ, ки барои парваришу сермаҳсулии чорво зарур аст, фароҳам оварда шудааст. Баъди даҳ рӯз чорво ба таври автоматӣ ба дигар қитъа мегузарад. Мо ҳамин гуна усули парвариши чорво дар чарогоҳи сунъиро солҳои 70-80-и асри гузашта дар минтақаи Эсанбойи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ва ноҳияи Файзобод ташкил карда, таҷрибаҳои хеле хуб гузаронидаем ва натиҷаҳои беҳтарин ҳам ба даст овардаем. Институти чорводорӣ аз ин таҷриба бархурдор аст ва ин корҳо барои мо нав нест. Вале ягона роҳи аз проблемаи хӯроки чорво берун шудан на кам кардани саршумори чорво, балки баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои хӯроки чорво бо роҳи интенсивӣ, парвариши зироатҳое мисли мушунг, мош, ки муҳлати пухта расидани кутоҳ дошта, дар заминҳои лалмӣ парвариш меёбанд ва беҳтар кардани сифати худи чорво мебошад. Яъне, миқдори чорвои хушсифати зотиро зиёд кардан ва аз он маҳсулоти зиёд гирифтан асли масъала аст. Аз он чорвои нолозим, чорвои калони хасакиеро, ки 1 литр шир медиҳад ва ҳоҷати нигоҳ доштанаш нест, халос бояд шуд. Аз он дида як бузи ширие мисли зоти зооненӣ ё нубиӣ, ки ҳоло ба ҷумҳурӣ ворид шудаасту дар як шабонарӯз аз 5 то 7 литр шир дода, нисбат ба гов панҷ маротиба камтар ем мехӯрад, беҳтар аст.
Барои ҳамин диверсификатсияи соҳаи чорводорӣ, яъне азхудкунии истеҳсолоти навъи нав бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолотро анҷом додан, зоти чорворо беҳтар кардан лозим аст. Дигараш, муътадилгардонии худи саршумор, яъне ба низом даровардани парвариши чорво.
-Инро чӣ тавр метавон амалӣ намуд?
-Мо миқдори чорвоямон зиёд шудааст ва ба масоҳати чарогоҳи истифодашаванда мувофиқат намекунад мегӯему лекин чорворо аз чарогоҳи тобистона фарбеҳ оварда, ба гӯшт намесупорем ва ё ба фурӯш намебарорем, балки нигоҳ дошта, баъд ба чарогоҳи тирамоҳию зимистона мебарему аз нав лоғар мекунем. Ин хилофи амали мост. Пештар ин хел набуд. Ҳамин ки гӯсфандро аз чарогоҳи тобистона меоварданд, дарҳол нолозимашро ҷудо мекарданд, гӯсфандони фарбеҳи пир, наринаҳои ахташударо, ки барои зотпарварӣ нолозиманд, ба комбинати гӯшт месупурданд.
Ана, ҳамин корҳоро аз нав барқарор кардан лозим. Чорвоеро, ки аз чарогоҳи тобистона бармегардад, хароб накарда, ба гӯшт супурдан, коркарди маҳсулоти чорводориро дар худи маҳалҳо ба роҳ мондан даркор аст. Бахусус дар шароити ҳозираи аз шакли истеҳсолоти аграрӣ-индустрӣ ба истеҳсолоти индустрӣ-аграрӣ гузаштан ин корро ривоҷ бояд дод. Як сехи хурди коркарди маҳсулоти чорводорӣ ҳам саноат аст. Вале ҳоло мебинем, ки маҳсулоти чорводорӣ - пӯсту пашм ба ҳисоби ашёи хом дар ҷумҳурӣ нобуд шуда рафта истодааст. Пӯсти гӯсфанди қароқулӣ, ки ба тилло баробар буд, нолозим шудааст. Магар маҳсулоти мазкурро коркард карда, дар худи ҷумҳурӣ истифода бурдан ва ё берун аз ҷумҳурӣ содир кардан мумкин нест?

Неъматулло ХУДОЙБАХШОВ














Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: