Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд!

Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд!

11-02-2019, 09:39
Хабарро хонданд: 364 нафар
Назарҳо: 0
Чарогоҳҳо ба нигоҳубин ниёз доранд!


Дар Паёми Ассгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҷабҳаҳои гуногуни оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ – об, замин, набототу ҳайвонот ва моддаҳои минералӣ вобаста бо ҳифзи муҳити зист ҳамаҷониба таҳлил гардида, дар ин замина дастурҳои мушаххас пешниҳод мегарданд.
Дар Паёми тозаи худ (26.12.2018) Пешвои миллат вобаста ба ин масъала, аз ҷумла, чунин такид кардаанд: «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиду назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем».
Чарогоҳу алафзорҳои табиии Тоҷикистон бештар аз 3,8 млн. гектар буда, дар минтақаҳои гуногун, аз водиҳои гармсер то баландкӯҳҳо паҳн шудааст. Иқлиму хокҳои гуногун сабабгори асосии набототи бойи чарогоҳҳо мебошад. Дар таркиби хӯроки чорво бештар аз 1000 намуди растаниҳои гулдор – алафҳои яксолаю бисёрсола, буттаю дарахтчаҳо мавриди истифода қарор доранд. Ғизонокии растаниҳои лубиёгӣ ва хӯшадор, ки асоси хӯроки чорвоанд, дар чарогоҳҳо баланд аст, чунки дар давраи чаридан чорво растаниҳои хӯрокиро барвақт, дар вақти майсаю таназании онҳо истеъмол мекунанд. Дар ин давра миқдори сафеда дар баргу пояи растаниҳои хӯшадор 18-25% аст. Ҳангоми гулшукуфт ва мевабандӣ (донгирӣ) бошад миқдори сафедаи растаниҳои худрӯй се маротиба кам мешавад.
Чарогоҳҳо барои чорвои хонагӣ яке аз манбаҳои асосии хӯроки арзон ва серғизо мебошад. Тақрибан аз чор се ҳиссаи талаботи чорво бо хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳҳои табиӣ таъмин карда мешаванд. Дар чарогоҳҳо маҳсулнокии чорво назар ба парвариши оғилӣ 25-40% афзуда, сифати маҳсулот беҳтар ва арзиши асосии он 20-30% кам мешавад.
Дар чарогоҳҳо намудҳои гуногуни растаниҳои хӯрокбоб ва ғайрихӯрокӣ вомехӯранд. Хар як намуди чорво бо хоҳиши худ намудҳои гуногуни онҳоро истеъмол менамояд. Алҳол ҳолати чарогоҳҳои ҳам зимистонаю баҳорона ва ҳам тобистона хароб аст. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар натиҷаи бе низом ҷаронидани чорво растаниҳои беҳтарини хӯроки чорво дар чарогоҳҳо бештар нобуд шуда миқдори хӯрок хеле кам мебошад. Ҳоло таркиби набототи чарогоҳҳо сахт коҳиш ёфтааст, дар алафзор бештар растаниҳои ғайрихӯрокӣ, хор, растаниҳои заҳрнок ва қадпаст мерӯянд. Бинобар он, ҳосили умумии алафзор зиёд бошад ҳам миқдори растаниҳои хӯрокӣ хеле кам аст. Дар алафзорҳои даштӣ ва марғзории чарогоҳҳои тобистонаи Тоҷикистони Марказӣ ҳосили растаниҳои хӯрокбоб 10-15% ҳосили умумии алафзорро ташкил медиҳад.
Чарогоҳҳои ҷумҳурии мо асосан мавсимӣ аст. Дар тирамоҳ, зимистон ва бахор бештари чорво дар чарогоҳҳои зимистонӣ бонӣ карда мешавад, тобистон бошад дар чарогоҳҳои баландкӯҳ мечаронанд. Ба ин бештар хоҷагиҳои деҳқонӣ муваффақ мешаванд, зеро хонаводаҳои ҷудогона рамаи бузу гусфандонро ташкил карда наметавонанд ва ба чарогоҳҳои зимистонаю тобистона чорвои худро намебаранд. Хонаводаҳои алоҳида, ки миқдори моли майдаашон 10-15 сарро ташкил медиҳад, зимистону баҳор ва тобистон чорвои худро дар чарогоҳҳои назди маҳали зисташон бонӣ мекунанд. Миқдори хӯроки ин чарогоҳҳо талаботи чорвои хонаводаҳои деҳаро таъмин карда наметавонад. Дар аксар маҳалҳо алафзор поймол ва нобудшавии чарогоҳҳо мушоҳида карда мешавад. Миқдори зиёди майдони он ба пайроҳаҳои чорво мубаддал гашта, эрозияи хок авҷ гирифтааст. Инчунин бештар аз 100 ҳазор гектар чарогоҳҳои ҳосилхезии наздикӯҳӣ ба воситаи шудгоркунӣ вайрон гардида, ҳоло ҳамчун заминҳои партов камҳосил гаштааст.
Соли 2018 дар чарогоҳҳои ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон моҳҳои зимистон ва баҳор боришот назар ба меъёр кам ва ҳарорати ҳаво гармтар шуд. Дар натиҷаи хушксолии шадид алафи чарогоҳҳо дар оғози сабзиш (аввали моҳи апрел) хушк шуд, сухт. Вале дар тирамоҳ боришот назар ба меъёр бештар ва ҳарорати ҳаво ҳам мӯътадил шуд. Бинобарон, дар миёнаи моҳи ноябрь сабзиши растаниҳои эфемерӣ оғоз шуд. Дар пасхамию ҳамвориҳо ва талу теппаҳои наздикӯҳӣ сабза дамид. Ин баъд аз хушксолии шадид, сухта рафтани алафзори чарогоҳҳо ва дар баҳору тобистон рушд накардани растаниҳо, хеле гуворо менамуд. Ҳамин тавр, рӯзҳои офтобии моҳхои декабр ва январ растаниҳои тезсабзи эфемерию эфемероидӣ (тақ-тақ, бузгандум, ғеша, ҷорубак) ба сабзиш даромаданд. Дар қитъаҳои бечорво қади алафзор то 1,5-3 см баланд шуд. Аммо, фасли зимистон, иқлими ноустувор, боришоти борону барф, шабҳои хунук ба сабзиши мӯътадили растаниҳо монеа мешаванд. Ба замми ин, дар чунин шароити номусоид, алаф ҳоло хӯрданбоб нест, чорводорон бузу гусфандон ва чорвои калони шохдорро ба чарогоҳ ронданд. Ин баръакси низоми идоракунӣ ва тавсияҳои илмию амалӣ оид истифодабарии устувори чарогоҳҳо мебошад.
Дар аввал, дар чарогоҳи навсабз ва сернам паи чорво алафзорро вайрон ва нобуд карда, замини чарогоҳро сахт ва ноҳамвор месозад. Дар чунин ҳолат эрозияи хокро эиёд мекунад ва сабабгори биёбоншавии маҳал мегардад. Аз тарафи дигар, олимон мушоҳида карданд, ки гусфандон алафи наврӯстаи сабзро дар чарогоҳ хуб истеъмол мекунанд, новобаста аз он. ки миқдори он кифоя ё не. Баъд аз ин, онҳо дигар хошоки хушки кӯҳнаро намехӯранд. Дар натиҷа, агар алафи сабз кам рушд кунад (бо сабабҳои гуногун), нарасогии он молро назар ба даври зимистон бештар хароб мекунад. Ин гуруснагӣ барои чорво дар давраи ҳамл ва наслгирӣ, бар замми харобшавии зимистона, хеле гарон ва хафнок мебошад ва сабабгори фавти гусфандон мегардад.
Маълум карда шудааст. ки дар чарогоҳҳои камалаф ҳангоми барвақт, дар оғози рушди алафзор чаронидани гусфандон ҳамроҳи алафи сабз ба ҳӯроки онҳо хок дохил мешавад ва чорво онҳоро якҷоя истеъмол мекунад. Ин гусфандонро гирифтори касалии дарунравӣ (гастроэнтерит) мекунад ва чорво бештар хароб мешавад.
Мушоҳидаҳои мо нишон доданд, ки барвақт чаронидани чорво ҳангоми сернам будани хоки чарогоҳ сохтори алафзор сахт осеб мебинад. Дар натиҷа, чими ҷорӯбак, танарешаи ғеша ва пояҳои навсабзи гиёҳҳои эфемерӣ помол ва нобуд карда мешаванд. Инчунин, дар рӯи замин аз паи чорво чуқурчаҳои гуногун боқи мемонад, ки сонӣ сабабгори тез хушк шудани хок ва растаниҳои чарогоҳ мегардад.
Гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки дар аввали сабзиши растаниҳо то расиши алафзор барои чаронидани чорво ва хушк шудани замини чарогоҳ, инчунин ҳарорати мувофиқи ҳаво рондану чаронидани рамаи гусфандон нораво ва ғайри имконоти алафзор мебошад.
Зеро, нодида гирифтани низоми илмии истифодабарии устувори чарогоҳҳо оқибати ногувор дорад ва дар таназзули ҷамоаи набототи чарогоҳҳо мавқеи муҳимро дорост. Аз ин чорводорон зарари калон мебинанд. Бинобарон дар маҳалҳо омӯзишҳо ташкил намуда маърифати экологии чорводорон ва истифодабарандагони чарогоҳҳоро беҳтар кардан
зарур аст. Онҳо усулҳои нигоҳубин ва ҳосилхезгардониву истифодабарии устувори чарогоҳҳоро хуб омӯзанд. Умуман. барои барқарор намудани сохтор ва ҳосилнокии чарогоҳҳои табиӣ, ба танзим даровардани истифодабарии онҳо масъалаи аввалин дараҷа мебошад. Барои ин ҷори кардани нақшаи мушаххаси чарогоҳгардон ва дар ҳар як қитъаи чарогоҳ аз рӯи меъёр ва ғунҷоиши (ҳосилнокии) алафзор, бо навбат чаронидани чорво ҳатмист.

Мадаминов А.А.
Мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва
генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

E-mail: asrorijon@mail.ru Тел: 904 187 174
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: