Ба талбанда не, ба ниёзманд хайр кунед18-03-2019, 04:41
Хабарро хонданд: 1062 нафар
Назарҳо: 0
Мард пурсид: - Тухм чанд шуд? Зани фурӯшанда ҷавоб дод: - Як донааш 25 сент, ҷаноб. Мард ба ӯ гуфт: - 6 тухм мегирам ва 1,25 доллар медиҳам, «не» гӯйӣ, меравам… Зан ба андеша рафт ва ҷавоб дод: - Ба ҳар нархе мехоҳӣ, бигир. Шояд пеши савдо кушода шавад, аз саҳар ҳатто як тухм ҳам нафурӯхтаам. Мард гуфтагиашро гирифт ва рафт бо ин эҳсос, ки бурд кард. Ба мошини гаронбаҳояш нишаста, бо дӯсташ, ки дохили мошин буд, гуфт, «Фармоиши хона иҷро шуд ва акнун бемалол рафта дам мегирем». Ба ресторани барҳавое даромаданд. Ҳар чи дилашон мехост, фармуданд. Хуб хӯрданд, аммо боз чизи бисёре аз ғизоҳои фармудаашон боқӣ монд. Сер шуда буданд. Ҳисоби ғизоҳо ба назарашон зиёд набуд. Хазинадор ҳамагӣ 45 $ талаб кард. Ӯ 50 $ дода, бақияаашро «чойпулӣ» гӯён нагирифт. Ин амал мумкин барои корманди ресторан ва ҳам он мард як чизи одӣ буд, вале савдо барои он зани камбизоати тухмфурӯш хеле дарднок ва сахтиҳо дошт. Моҳияти сухан дар ҳамин аст. Чаро мо вақте аз одамони ниёзманд чизе мехарем, ҳамеша нишон медиҳем, ки қудрат дорем? Ва чаро мо ба онҳое, ки ҳатто ба саховатмандиамон эҳтиёҷе надоранд, пуламонро ҳадя мекунем? Дар куҷое хонда будам, ки Ли Кван Ю* (собиқ) сарвазири Сингапур) навиштааст: ..." падари ман чизҳои одиро аз одамони камбағал бо нархи гарон мехарид, бо вуҷуди он ки ба мо чандон лозим набуданд. Гоҳе мешуд, ки ӯ вақти савдо ба ҷои камбизоате, ки аз ин фурӯшандаҳо чизеро боисрор мехарид, бесарусадо ҳисобӣ мекард. Ман аз ин рафтори падарам нороҳат ва дар ташвиш будам ва тоқат накарда боре пурсидам, ки чаро ин корро мекунад? Он вақт падарам ҷавоб дод, ки «Ин кори хайр аст, писарам. Агар бихоҳӣ, ки корат барор гирад ва зиндагиат пурбаракат шавад, ба чунин амалҳо моил бош». Вақте шумо дар қаҳвахонаю ошхонаҳо пушти 3-5 сомонӣ намегардед ва аз пешхизмат бақияро «чойпулӣ» гуфта намегиред ё пеши хазинадор чизе мепартоед (ҳол он ки бе ин ҳам аз ҳаққи шумо мезананд!).. аз мӯйсафеду кампиракҳои дар даст гулдонҳои хурди парвариш кардаашон, ки мехоҳанд бо 5-10 сомонӣ бифурӯшанд, ёд кунед. Агар тавонед аз чунин ниёзмандон ҳам, ки рӯйи талабандагӣ надоранд, чизе бихаред. Ин қиссаи хурд албатта барои аксарияти шумо шояд чандон аҳамият надорад, аммо агар эҳсос мекунед, ки дигарон ҳам бояд донанд, пас барояшон паём диҳед. Таҳияи Солеҳ Юсуфов * Ли Кван Ю – сиёсатмадоре, ки гузаштаҳояш хитоӣ буданд, аввалин сарвазири Ҷумҳурии Сингапур (солҳои 1959 -1990), падари «муъҷизаи иқтисодӣ», ки Сингапури ақибмондаро ба як кишвари қудратманд ва пешрафта табдил дод. Муассис ва раҳбари «Ҳизби амали мардум» буд. Соли 1923 таваллуд шуда, соли 2015 дар 92 –солагӣ аз ҷаҳон даргузашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.