Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Умри 120- сола. Орзу ё воқеият?

Умри 120- сола. Орзу ё воқеият?

13-03-2019, 22:10
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Умри 120- сола. Орзу ё воқеият?

Аз косачаи гӯшам овози мӯйсафедони бадеҳахон ҳанӯз ҳам берун нарафтааст ва гоҳе садо медиҳад:
«Акаи тӯйдор давлат ба сарат,
Садубистсола шавад гулписарат…»
Чун мо, бачаҳо дар ҳамаи тӯйҳои деҳа иштирок мекардем, ин хонданҳо, ки дар ҳар сӯр аз сӯйи бобои Асадулло, Маликхӯҷа, Мирзои Хушрафтор, бобои Абдулло … иҷро мешуданд, дар ёдамон ҳама нақш баста буд. Асбоби навозиш танҳо доира буд, ки Бобои Асадулло аз навохтан дида бештар бод медод ва садои худу шариконашро танзим мекард. Онҳо хонандаҳои тамоми тӯйҳои деҳаи Нилкон буданд ва ҳар бор таронаву нақшҳое, ки иҷро мекарданд такрор мешуданд. Ҷо – ҷойе дуовоза мехонданд, ки хеле дилнишин буд ва агарчи оҳангу хонишу матнҳо ҳама такрор буданд, вале ҳар бор форам ба гӯш мерасид:
Ой, чашмони сиёҳ дорию мо ҳам дорем,
Ой, ту ноз макун, ки мо намебардорем,
Гар ноз кунӣ, мо ҳанӯз хурдтаракем,
(Ой) ту дастаи гул бошӣ, мо беҳтаракем.
Пас аз хондани чанде аз ин гуна дубайтиҳо ва такрори нақароти «Акаи тӯйдор…» оҳанги хониш дигар мешуд ва боз мехонданд: «Имшаб чи хобе дидаам, болои гул афтидаам,
Болои гул афтидаам-о, шаҳ саломат бод-о…
Аз боло об меояд-е,
Бӯйи гулоб меояд.
Хонаро ҷорӯб занед-о,
Меҳмони нав меояд…»
Мақсад аз ёдоварии ҳунари овозхонии ҳамдеҳагони калонсол, ки ҳунару овозашонро солҳо пеш бо худ бурданд, ҳамон таъкид ба умри 120-солагӣ аст, ки ҳар бор такрор мешуд. Агарчи он вақт ба назари ман, ки акнун нисфи ин умрро тай кардаам, ин шумора як орзуи аз ҳад баланд ва ҳатто хаёли ширини сарояндагонаш метофт, ҳоло маълум мешавад, пайванд бо воқеиятҳост.
Донишмандон собит кардаанд, ки табиат ва сарнавишт барои ҳар инсон тақрибан 120 сол и зиндагӣ пешбинӣ мекунад. Яъне ҳар одам барои расидан ба ин син зарфияти физикӣ дорад. Ин пешгӯйӣ, ки шояд ба зеҳни таърихии инсон ва таҳқиқу мушоҳидаҳои ҷомеаи башарӣ рабт мегирад, гузашта ҳам дар зеҳни мардум будааст, ки аз он ба эҷодиёти халқ ва баъдан ба дубайтиҳои ба таронаҳои мардумӣ тадил ёфтааст.
Муҳаққиқон солҳост, ки мехоҳанд ба саволҳои вобаста ба давомнокии умр ҷавоб пайдо кунанду асрори пиршавии инсонро биёбанд. Онҳо мегӯянд, мақсад аз ин пажӯҳишҳо пешгирии раванди фарсудашавии ҷисму ҷони одамист. Хулосаи гузоришҳои илмӣ барои дарозумрӣ ҳамонест, ки қариб ҳамаи мо гӯё медонем: Парҳез (пур нахӯрдан). Пешгирии бемориҳо ва табобати ба мавқеи онҳо. Варзиш.
Албатта вобаста ба синну сол тарзу усули варзиш ва машғулият ба кори ҷисмонӣ ҳам бояд тағйир ёбад, вагарна фишори зиёд ба мушакҳо нафақат боиси коркуфта шудани ҷисм, балки сабаби аз кор баромадан мешавад. Ҳатто ҷисмҳои ба кору фаъолияти ҷисмонӣ одаткарда ҳам хаста мешаванд. Худ шоҳид будам, чанде пеш марди 75 –солае ниёзманди духтур шуд. Гуфтанд, ки тарафи рости баданаш аз кор мондааст. Чун духтури маҳалла таҳқиқ кард, маълум шуд, ки тамоми рӯз чӯб бурида, кунда кафонидааст. Ин боиси фишор ба мушакҳои даст ва инчунин халал ёфтани кори дил шуда мардро барои дарозмуддат бистарӣ кард. Мардеро, ки таҳсилоти олии кишоварзӣ дорад ва тамоми умрашро бо замин гузаронида, кори ҷисмонӣ барояш чизи нав набуд.
Японҳо роҳи дарозумриро ёфтаанд
Бино ба гузоришҳо, имрӯз дарозтарин умрро япониҳо доранд. Занҳо ҳамин ҳоло дар ин кишвар 89 сол ва умри мардҳо андаке аз ин камтар аст. Дар Русия мақсад гузоштаанд, ки то соли 2030 умри миёнаи мардуми ин кишварро ба 80,1 сол мерасонанд. Бино ба пешгӯиҳо, дар Тоҷикистон ҳам даҳсолаи наздик умри миёнаи аҳолӣ ба ҳадди аз 80 боло хоҳад расид.
Сафаралӣ Наҷмудинов –раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ахиран дар як нишаст изҳор кард,ки раванди дарозумр шудани аҳоли хоси ҳар кишвари босубот буда, боло рафтани синни нафақа як амри ногузир аст. Ба андешаи мавсуф ин тадбир аз сӯйи дигар барои машғул доштани қишри нафақахӯроне, ки қобилияти корӣ доранд ва гум нашудани дилгармӣ ба зиндагӣ ва аз ин роҳ афзоиши заминаи дарозумрӣ мусоидат мекунад.
Ин хушбиниҳо дар ҳолест, ки ба насли калонсол чи дар кишвари мо ва чи дар ҷумҳуриҳои дигари ИДМ бемориҳои хоси даврони пирӣ таҳдид мекунад. Гериатрия, ки дар даҳсолаи гузашта барои доираи ками мутахассисон ошно буд, ҳоло ба як соҳаи тиб табдил ёфта, тавсияҳои табобат ва пешгирии бемориҳои хоси даврони пиронсолиро таҳия мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ба пиронсолон таъсир гузоштааст. Атеросклероз (фаромӯшхотирӣ), номуназамии фишори хун, инфаркт, бемории қанд (диабет), бемориҳои марбут ба ғадуди зери меъда (поджелудочная железа) ва боз чандин дардҳои дигар аз дардҳоест, ки натанҳо ба сабаби вайрон шудани низоми ғизохӯрӣ, балки бинобар зиёд будани фишорҳои равонӣ рӯ мезананду хуруҷ мекунанд. «Дар ин гуна як шароит натанҳо донистани омилҳо ва механизми пайдоиши чунин бемориҳо, балки воситаҳои муолиҷаи онҳо низ амри зарурист», - мегӯянд духтурон.
Авҷи ин бемориҳо дар ҳолест, ки бино ба пешгӯии мутахассисон, дар се даҳсолаи оянда (яъне то соли 2050) ҳар сокини панҷуми Замин (тахминан 20 дарсади ҷамъияти сайёра) аз куҳансолон иборат хоҳад буд.

Дору ҳам зарар дорад
Ҳар навъ дору дар сурати бебаркаш ва бетаҳаммул истифода бурдан ба организм зиён дорад. Яке аз омилҳои эҳтимолии зарари дору ва дармони истифода шаванда ба назар нагирифтани мизоҷу ҳадди синнусолии беморон аст.
Номзади илмҳои тиб Саидбек Муинов бар ин назар аст, ки тарзи хидматрасонӣ ва табобати солмандон аз дигар гурӯҳҳои мизоҷон бояд фарқ кунад. Ӯ риояи ин шартро махсусан барои табибон – кардиологҳо муҳим мешуморад ва таъкид мекунад: «Барои бемороне, ки дарди фаромӯшхотирӣ доранд, ҳатто дастрасӣ доштан ба доруҳо ҳам хатарнок аст ва ин гуна мизоҷон бе тавсияи духтур ҳатто дар истифодаи анвои витаминҳо ҳам бояд эҳтиёт кунанд:«Мо медонем, ки дар як вақт истифодаи чанд навъи дору чи таъсире ба ҷисм мерасонад ва агар бемор, махсусан пиронсол якбора се доруро пайи ҳам бихӯрад чи ҳолате хоҳад дошт, касе гуфта наметавонад».
Дар гузоришҳо омадааст, ки яке аз омилҳои таъмини дарозумрӣ дар Япония пешгирӣ ва табобати фаромӯшхотирии куҳансолон аст. Ин беморӣ, ки «бемории Алтсгеймер» меноманд, дар ҳадди васеъ омӯхта шуда, ҷиҳати табобати он барномаи махсуси пешгирӣ таҳия шуда, дар чорчӯби он тадбирҳои зиёде, аз ҷумла тавассути каналҳои телевизионӣ амалӣ мегарданд.
Ин иқдомҳо дар ҳоле амалӣ мешаванд, ки биноба гузоришҳо, имрӯз дар Замин зиёда 380 миллион нафар мубталои фаромӯшхотирӣ буда, шумораи онҳо дар 5 соли оянда 50 дарсад зиёд мешавад.
Ба мушоҳидаи мо, пайвандони бузургсолон ва дар бисёр ҳолатҳо худи онҳо суст ва ё гум шудани хотира ва парешонии фикрро як ҳолати одӣ медонанд ва барои табобат намекӯшанд.Ин албатта ба ҳолати равонии пирон бетаъсир намемонад. Дар ҳоле ки чунин шахсон метавонанд табобат ёбанд ва то чанд муддати дигар барҷомонда ва муҳтоҷи каси дигар нашуда як узви солими оила бошанд.
Пештар гуфтем, ки япониҳо воситаҳои дарозумрӣ ва солим нигоҳ доштани ақлу ҳуши пиронро ёфтаанд. Япониҳо, аз ҷумла барои пешгирӣ аз камақлӣ дар пиронсолӣ тавсияҳое додаанд: Ҳар рӯз то як соат китоб ё чизи дигари чопӣ хондан; на камтар аз як соат сайр кардан, бо дӯстон ё хешовандон мунтазам вохӯрдан; агар имкон бошад, ҳайвоноти хонагиро нигоҳубин намудан; Дар баробари ин тавсия мешавад, ки пиронсолон ба қадри имкон сабзавот, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт бояд хӯранд, ки ин эҳтимоли гирифторӣ ба фаромӯшхотириро то 46 дарсад коҳиш медиҳад.
Ба ақидаи онҳо, рақси гурӯҳӣ ва варзиши мавзун зери мусиқии ором ҳам барои пиронсолон судовар мебошад. Эҳтимоли фоида аз ин гуна варзиш барои нигоҳ доштани хотираро ба ҳадди 76 дарсад медонанд.
Хидетоши Эндо, яке аз пажӯҳишгарони мавзӯъ чунин хулоса мекунад, ки дар баробари фаъолиятҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ғизои дуруст дар пиронсолӣ ҳам гум накардани алоқаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рафту омад ба хонаи хешовандон, инчунин мизоҷу гавҳари зотии ҳар одам низ нақш дорад.
Дар баъзе ҳолатҳо пажӯҳишгарон гӯштро барои пиронсолон зиёновар медонанд ва ҳатто ба ҷомеа тавсия мекунанд, ки барои кам хӯрдани масолеҳи гӯштӣ бикӯшанд. Аммо ин муҳаққиқи японӣ сафедаро барои пирон муҳим дониста, хӯрдани гӯштро тавсия мекунад. Япония бо риояи ин тавсияҳо дар ояндаи наздиқ мехоҳад мизони миёнаи умри шаҳрвандонашро аз 89 ба 95 сол боло бибарад.
Бино ба гуфтаи муҳаққиқон бо боло рафтани синнусол мағзи одам ҳам ҷавон мешавад. Масалан, имрӯз ҳолати мағзи одамони 58 – сола дар сатҳест, ки 10 сол пеш одамони 50-сола доштанд.
Бо таваҷҷуҳ ба корҳое, ки дар ин маврид дар Русия ва Япония анҷом шудаанд, метавон натиҷа гирифт, ки машғул будани одам ба кори фаъолонаи иҷтимоӣ, ҳамарӯза сарборӣ (нагрузка) доштани мағз, ки кобилияти ақлониро ҳифз мекунад, муоширати пайваста бо наздикону дӯстон, кори ҷисмонӣ ва дуруст хӯрок хӯрдан аз омилҳои асосии дарозумрӣ мешаванд.
Ин ҷо, ки ба поёни матлаб расидем, мехоҳам бипурсам:
- Мехоҳед 120 - сола шавед? Агар, ҳа. Аз паси мо ба навбат истед.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: