Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонии об аст!

Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонии об аст!

27-02-2019, 03:37
Хабарро хонданд: 569 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масоили ҷаҳонии об аст!

Дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ мушкилоти имрӯзу дирӯз нест. Ин масъала аз вақти пайдоиши инсоният аз он масъалаҳоест, ки одамон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Зеро бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мардумонаш аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар баъзе давлатҳо нархи об алҳол аз нархи сӯзишворӣ ҳам болотар меистад.

Бояд гуфт, ки бо тағйир ёфтани иқлими сайёра, яъне сол то сол гармшавии ҳаво, кам шудани захираҳои оби тозаи ошомиданӣ – об шудани прияхҳо таъмин намудани мардуми сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ ба яке аз масоили мубрами рӯз табдил меёбад.

Бинобар пешгӯии олимон дар натиҷаи гармшавии ҳаво ва кам гардидани манбаъҳои оби ошомиданӣ масъалаи таъмини аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ боз ҳам мушкилтар мегардад. Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид соли 2050 аз нарасидани оби ошомиданӣ дар дунё се миллиард нафар дар 50 давлати дунё азият хоҳанд кашид. Ин аст, ки ҳамаи он ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, тариқи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақсаднок, сарфаю сариштакорона истифода намудани об ва захираҳои он ва бо ин роҳ пайдо намудаи шароиту имконият барои дастрасии одамон ба оби тозаи ошомиданӣ пешниҳод карда мешавад, аз тарафи кулли давлатҳои дунё тарафдорӣ меёбад.

Пешниҳоди чоруми Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” 12 апрели соли 2015 дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об дар Кореяи Ҷанубӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд.

Боиси хушнудист, ки Маҷмааи Созмони Милали Мутаҳид 22 декабри соли 2016 дар бораи эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо ҷонибдории 117 давлати дунё қатънома қабул кард ва бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Пешвои миллат пазируфтани ташаббуси нави Тоҷикистонро дар масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ дар Паём яке аз рӯйдоди муҳиму хотирмони соли2018 арзёбӣ намуд.Қайд намудан бомаврид аст, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об, дар айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

“Мо омодаем, ки - омадааст дар ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳем. Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез , ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад”.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ гардонидани Даҳсолаи амал об барои рушди устувор тасмим гирифта шудааст, ки ҳар як соли ин даҳсола ба баррасии ҳамаҷониба ва ҳаллу фасли тадриҷии мушкилоти марбут ба об бахшида шавад.

Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2016- 2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав мебошад, барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар мусоидат менамояд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар соҳаи обтаъминкунии аҳолӣ 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ва дар самти кишоварзӣ 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Зарур аст, ки ба ҳалли ин масъала дар деҳот низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро 73 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, - омадааст дар Паём.

Он мушкилоте, ки дар масъалаи таъмини аҳолии деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ ва обёрии заминҳо дар боло зикр гардид, дар ноҳияи Ховалинг ҳам ҷой дорад.

Дар ноҳия 2659 гектар замини кишти обёришаванда мавҷуд аст, ки 2314 гектари он тавассути 4 истгоҳи обкаш ва 29 адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешуд. Бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки маблағгузорӣ аз марказ ба роҳ монда мешуд, 2 адад истгоҳи обкаш ва 17 чоҳҳои амудӣ бинобар нарасидани таҷҳизотҳои зарурӣ корношоям гардида, аз кор монданд.

Алҳол бо истифода аз ду истгоҳи обкаш ва 12 адад чоҳҳои амудӣ ҳамагӣ 424 гектар заминҳои кишт бо об таъмин карда мешаванду халос. Боқӣ заминҳои кишти обӣ, ки 1808 гектарро ташкил медиҳад чун замини лалмӣ истифода бурда мешаванд.

Барои ба гардиши заминҳои обӣ ворид намудани 1808 гектар заминҳои номбаршуда зарур аст, ки пойгоҳи обкашии Чуқурак ва Тутак бо 17 адад чоҳҳои амудиашон барқарор карда шавад.

Барои ба гардиши заминҳои обёришаванда ворид намудани он заминҳое, пештар обёрӣ карда мешуданд, баъзе корҳои муфид ба анҷом расонида шудааст. Соли 2018 бо қувваи худӣ 3 дастгоҳи обкашии деҳаи Дӯстӣ барқарор карда шуд. Дар ҳамин сол бо дастгирии Кумитаи идораи замин ва гиодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 чоҳи амудӣ барқарор гардид.

Дар ноҳия оид ба таъмини иҷрои бандҳои 12, 18 ва 32 –и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб барои солҳои 2014 - 2919” аз 5 декабри соли 2013 бо №564 ва супориши Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017 №8 оид ба барқарор намудани шабакаҳои иригатсионӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Ховалинг аз тарафи мутахассисони корхонаи воҳиди давлатии пажуҳишию лоиҳакашии Тоҷикгипроводхоз ва идораи давлатии обёрӣ ва беҳдошти замини ноҳияи Ховалинг лоиҳаи корӣ бо маблағи 8 миллиону 233 ҳазору 414 сомонӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ва ворид намудан ба барномаи инвеститсионӣ ва сармоягузориҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар ҳолати амалӣ шудани ин барнома 1808 гетар замини ноҳия, ки пештар чун замини обӣ аз онҳо истифода менамуданд, аз нав ба гардиши заминҳои обёришаванда ворид карда мешаванд. Ин миқдор замини обёришаванда боиси ба ҷойи кор таъмин намудани одамон ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зисту зиндагии мардум мегардад.

Паёми Пешвои миллат, ки дар он ба масъалаи обёрии заминҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст, моро ба амалӣ гардидани лоиҳаи пешниҳод карда шуда дилпур мегардонад.

Хайрулло Мирзоев, сардори идораи давлати обёрӣ ва беҳдошти замини ноҳияи Ховалинг, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №28
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: