Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ятимзода Акбар: Самаранок истифода бурдани замин вазифаи ҷонии мост

Ятимзода Акбар: Самаранок истифода бурдани замин вазифаи ҷонии мост

20-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 0
Ятимзода Акбар, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз босамар ва хуб истифода бурдани замин сухан ронда, ҳамзамон қайд кард, ки аз тарафи Кумита ба мақсади истифодаи самараноку оқилонаи қитъаҳои замин дар қаламрави ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва дигар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ченаки назоратии кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ гузаронида шуда, натиҷаи он чунин мебошад. Дар шаҳри Турсунзода майдони 227,0 гектар, ноҳияи Шаҳринав 102,72 гектар, Ҳисор 259,0 гектар, Рӯдакӣ 20,07 гектар ва шаҳри Ваҳдат 102,49 гектар нисбати дурнамо кам кишти пиёзро гузаронидаанд.

Кумита қабули ҳисобот оид ба миқдори заминҳо ва тақсими онҳо ба категорияҳо, намудҳои замину заминистифодабарандагон дар доираи ҳар як шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷамбъасти онҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми январи соли 2015 ба охир расонид, ки он ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 тасдиқ гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита санҷиши кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида натиҷаи ченакҳои назорат муайян намуд, ки вилояти Хатлон майдони 1041, 25 гектар, вилояти Суғд 8 405, 35 гектар, ВМКБ 1630,0 гектар ва ноҳияҳои тобеъи марказ дар 5106,41 гектар картошка шинондаанд, ки ин нисбат ба нақша дар ҷумҳурӣ 60,4 гектар зиёд мебошад. Истифодаи самараноки замин ин барои беҳбудӣ ва некуаҳволии халқ хоҳад буд. Бинобар ин моро зарур аст, ки нисбат ба замин хунукназарона рафтор накарда аз таҳти дил ва некбинона онро истифода барем, то мушкилҳои ҷойдоштаро ба осонӣ бартараф карда тавонем,- илова дар охир намуд раиси кумита.
©Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: