Мавқеи занони деҳот дар рушди ҷомеа5-02-2019, 09:08
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар назди шӯъбаи кор бо занони КИВ ҲХДТ аз ҳисоби аъзои фаъоли шӯрои занон гурӯҳи тадорукот ташкил карда шуд. Ҳайати тадорукот тавсияҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботию идеологӣ байни занони деҳоти шаҳру навоҳии вилоят дар мавзӯи «Мавқеи занони деҳот дар рушди ҷомеа» мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимни баромад иштирокчиён дар мавриди баргузор намудани вохӯриҳои озод бо занони деҳот, дохилшавии онҳо ба сафи ҲХДТ, шиносоии занони фаъоли ҳизбӣ аз шароиту зиндагии деҳот бо тариқи «Ташрифи ҳавлӣ ба ҳавлӣ», равшанӣ андохтан ба масъалаҳои занҳои ҳунарманд ва хонанишини деҳот, заминаҳои рушди соҳибкории занҳо, таъмини онҳо бо шуғл, мусоидат дар баррасии масъалаҳои равонию ҳуқуқии оилаи онҳо тавсияҳои худро иброз намуданд. Масъулин бо хулосаҳои мушаххаси ҳамкорӣ барои таҳияи нақшаи алоҳида дар мавзӯи «Мавқеи занони деҳот дар рушди ҷомеа» саҳми фаъоли худро зоҳир карданд._2 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.