Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷ. Табарзода: Инфрасохтори хизматрасонӣ дар минтақаҳо куллан фарсудаву корношояманд

Ҷ. Табарзода: Инфрасохтори хизматрасонӣ дар минтақаҳо куллан фарсудаву корношояманд

4-02-2019, 10:22
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Ҷ. Табарзода: Инфрасохтори  хизматрасонӣ дар минтақаҳо куллан фарсудаву корношояманд

30 январи соли равон дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», семинар оид ба баррасии масъалаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот» баргузор гардид.
Дар ифтитоҳ Ҷамшед Табарзода сухан карда, иброз дошт, ки Лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи тадбирҳои мебошад, ки дар доираи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз ҷониби Созмони милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2018-2028 даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» КВД «Хоҷагии манзилию комунналӣ» пиёда гардонида истодааст.
Татбиқи Лоиҳа асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон: Вахш, Леваканд, Кушониён, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун ва Восеъ амалӣ мегардад. Маблағи умумии Лоиҳа 58 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати татбиқи он 6 солро дарбар мегирад.
Гуфта шуд, ки Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, қисми якум ин: Барқарорсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ-бо маблағгузории умумӣ дар ҳаҷми 51 миллион доллар. Зимни татбиқи Лоиҳа дар гурӯҳи ноҳияҳои минатқаи Вахш 426 ва дар ноҳияи Восеъ 54 маҳали аҳолинишин, ки тақрибан 1 миллион аҳолӣ истиқомат мекунанд, бо оби ошомидании тоза таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон сохтмони иншооти беҳдошти санитарӣ (аз ҷумла ҳоҷатхонаҳо) бо пайвастани онҳо ба шабакаи обтаъминкуниву корезӣ, утоқҳои санитарӣ-гигиенӣ дар 150 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 50 муассисаҳои тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Қисмати дуюм, ин Рушди институтсионалӣ, такмилдиҳӣ ва тавонмандии сохторҳои обтаъминкунӣ мебошад, ки бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллар таъмин мегардад.
Қисмати сеюм, ин идоракунии Лоиҳа буда, маблағгузории он ҳаҷми 2 миллион доларро дарбар мегирад.
-Нисбати Лоиҳаи мазкур қайд намудан зарур аст, ки дар ноҳияҳои интихобшуда (пилотӣ) мушкилиҳои зиёд вобаста ба таъминоти оби нӯшокӣ ва хизматрасониҳои корезӣ мавҷуд мебошад. Инфрасохтори хизматрасонӣ дар ин минтақаҳо куллан фарсудаву корношоям гардидаанд, ки мутаносибан ба ҳолати некуаҳволии сокинони маҳал таъсири манфӣ расонида, ҳолати санитарӣ-гигиениро коҳиш ва таъмини амнияти саломатии аҳолиро ба таъхир мегузорад. Аз ин хотир, таъмини оби ошомидании тоза ба меъёрҳо ҷавобгӯ бо иқтидорҳои зарурӣ, ба роҳ мондани истифодабарии мақсаднок ва оқилонаи оби ошомиданӣ, афзунгардонии иқтидори молиявии корхонаҳои хизматрасон, ба роҳ мондани хизматрасонии меъёрӣ ва омӯзишу пешгирии оқибатҳои таъсиррасонии экологӣ ва иҷтимоӣ омилҳои асосии лоиҳа мебошанд, -афзуд Ҷ.Табарзода.
Фарзона Муҳитдинова - Мутахассиси бонки умумиҷаҳонӣ оид ба захираҳои обӣ зикр намуд: «Лоиҳаи мазкур ба камшавии кандашавии дастрасӣ ба хизматрасонии асосии бо обтаъминкунӣ байни аҳолии шаҳр ва деҳот, яке аз лоиҳаҳои бузурги бонки умумиҷаҳонӣ дар самти бо обтаъминкунии деҳот мебошад. Дар қатори ин ҳамчунин барои сармоягузории банақшагирифташуда ба инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳтарсозии шароити санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (аз ҷумла мактаб ва муассисаҳои тиббӣ) ба ҳисоб мераванд. Яке аз вазифаҳои муҳими лоиҳа ин истихроҷ ва ҷорикунии намунаҳои идоракунӣ дар сектор аст. Тайёрӣ ба асоснок кардани иқтисодӣ - техникӣ ва лоиҳакашии муфассал барои сармоягузории пешниҳодшуда хеле муҳим буда, барои истифодаи пурра ва самараноки захираҳои маҳдуд дар лоиҳа ба самти асосии ошкорсозии сармоягузорӣ равона шудааст».
Иттилоъ дода шуд, ки иҷрокунандагони лоиҳа КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (комуналӣ) дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон омодасозии Асосноккунии техникӣ – иқтисодии Лоиҳа аз ҷониби Фонди Мақсадноки Рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Ҳасан Азизов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: