Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Қаҳрамонии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Чор миллат"

Қаҳрамонии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Чор миллат"

22-01-2019, 09:30
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Қаҳрамонии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Чор миллат"

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон(U-23) дар мусобиқаи байналмилалии "Чор миллат" дар шаҳри Доҳаи Қатар ғолиб шуд. Дар ин мусобиқа, ки аз 15-ум то 21-уми январ дар Доҳа барпо гардид, дастаҳои мунтахаби олимпии чор кишвар – Қатар, Кувайт, Тоҷикистон ва Эрон – ширкат доштанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври севуми мусобиқа аз тими Кувайт бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Дар ин бозӣ, ки 21-уми январ дар варзишгоҳи «Гранд Ҳамад» доир гардид, голи ягонаро ҳамлагар Абдул Муҳсин Ал-Аҷмӣ дар дақиқаи 25-ум ба самар расонид. Дар бозии дигари даври севум мунтахаби Эрон тими Қатарро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.


Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври аввали мусобиқа бар тими Эрон бо ҳисоби 2:1 ва бар мунтахаби Қатар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон шашимтиёзӣ ба даст оварданд. Бо дарназардошти натиҷаи бозӣ миёни ҳарду мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Эрон дувум шуд. Дастаҳои Қатар ва Кувайт бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб намуданд.

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон, аз бозии даста дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Доҳа изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, "дастаи мо дар ин мусобиқа таҷоруби хуби байналмилалӣ касб намуд. Мо аз ҷиҳати тактикӣ баъзе чизҳоро омӯхтем, вале ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд ва бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки онҳоро бартараф намоянд. Ман фикр мекунам, ки дар даста ҳама корҳо хуб мешавад".

Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: